Ин хабар баъд аз ҳамоиши эътирозии 29-уми сентябр, ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, расид. Дар ҷараёни он шиорҳои зидди ӯ садо дода, ба мошини нишастааш тухм ҳаво доданд.
Мақомот дар Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи боздоштҳо шарҳ надодаанд.
Фарҳод Одинаев, фаъоли як гуруҳи мухолифон, рӯзи 30-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони амниятии шаҳри Ҳисор бародарзодаашро бо худ бурдаанд ва "то ҳол аз ӯ дарак нест".
"Ба хона рафта, аввал хостаанд, ки модари пиронсоламро баранд. Сипас бародаразодаамро бурдаанд. Ба модарам гуфтаанд, чаро ором намешинад, ба мошини ҷаноби олӣ бо тухм задаанд," – нақл кард Одинаев.
Ба ин монанд "Гуруҳи 24, як созмони мухолифи ҳукумат, аз боздошти пайвандони баъзе аз аъзои гуруҳ дар Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба изҳороти созмон аз 30-юми сентябр "падари пиронсол ва шаш намояндаи дигари хонаводаи Дилшод Шарифов аз ҷониби мақомот бурда шудаанд". Мақомот дар ин бора шарҳе надодаанд. “Гуруҳи 24” гуфтааст, дертар ду хоҳари Дилшод Шарифов озод шуда, аз аъзои дигари хонавода хабаре нест.
Дар изҳороти “Гуруҳи 24” ҳамчунин омадааст, мақомот аъзои хонаводаи Исмоил Маҳмадов ва Ҷамшед Шарифов, ду узви дигари созмонро, ки дар намоиши эътирозӣ дар Олмон ширкат доштанд, “бо худ бурдаанд”.
Беҳрӯз Тағойзода, мудири бахши иттилоот ва таблиғоти “Гурӯҳи 24”, мегӯяд, мақомоти қудратӣ шаби 29-уми сентябр падарашро бо худ бурдаанд ва намедонанд, ӯ чӣ ҳол дорад. Тағоймурод Холиқови 60-сола дар мактаби ҷамоати Роҳати ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгор будааст.
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи «Гурӯҳи 24», ба Радиои Озодӣ гуфт, чор узви хонаводаи фаъоли гурӯҳ Муҳаммадҷон Абдуллоев низ ба идораи пулиси шаҳри Кӯлоб бурда шудаанд. "Мақомот ба пайвандонашон ягон хабар намедиҳанд," -- гуфт ӯ.
Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, яке аз намояндагони мухолифи ҳукумат ҳам мегӯяд, субҳи шанбе падару модар, хоҳар ва кӯдаконашро ба идораи пулис бурдаанд ва бо гузашти чанд соат аз онҳо хабаре нест.
Радиои Озодӣ феълан наметавонад ин хабарҳоро мустақилона тасдиқ кунад.
Намояндагони мухолифи ҳукумат солҳои гузашта низ аз фишор ба хонаводаҳояшон шикоят карда буданд. Мақомот мустақим ба ин шикоятҳо вокуниш намекунанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон борҳо талаб кардаанд, ки хонаводаҳои мухолифинро "ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидон" истифода набарад.
Гуфтугӯ