“Гурӯҳи 24”, фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, бо нашри чанд навор гуфт, ҳодиса 29-уми сентябр ва пеш аз дидори Раҳмон бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс сурат гирифт.
Бино ба аксҳое, ки аз лаҳзаи дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс ба матбуот роҳ ёфт, шишаи мошини президенти Тоҷикистон покиза ба назар намерасад. Як расонаи олмонӣ ҳам тахмин задааст, ки ба шишаи мошин бо маводи монанд ба тухм задаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Дар наворе, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон шоми 29-уми сентябр нашр кард, танҳо қисми пеши мошин ва лаҳзаи дастфишориву аксгирии якҷояи Раҳмон ва Шолтсро нишон додаанд. Лаҳзаи аз мошин фаромадани ӯ дар навор нест.
Созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” мегӯяд, “бо вуҷуди сатҳи баланди бехатарӣ”, чанде аз пайравонаш “бо ҷайбҳои пур аз тухм ба мошини Раҳмонов ҳамла бурданд”.
Ба иттилои созмон яке аз аъзояш “аз ҷониби пулиси Олмон барои чанд дақиқа дастгир шуду раҳоӣ ёфт! Ва дигар ҳама хубу саломатанд."
Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони Қирғизистону Қазоқистону Узбекистон ва раиси Маҷлиси Туркманистон рӯзи 29-уми сентябр бо президент ва садри аъзами Олмон дидору гуфтугӯ карданд.
Дар остонаи сафар ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон гуфта буданд, ки намоиши эътирозӣ баргузор мекунанд. Онҳо аз ҳукумати Олмон хостанд, ки бо раҳбарони минтақа ҳамкорӣ накунанд ва дар айни замон аз президенти Тоҷикистон ва ҳамтоёни дигараш озодии маҳбусони сиёсӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарро хостанд.
Гуфтугӯ