Ба гуфтаи ҳукумати Мексика, шумораи муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Узбекистон аз соли 2021 то соли 2022 ду баробар афзудааст.
Уланбек Асаналиев, хабарнигори Радиои Озодӣ роҳу сабабҳои муҳоҷирати онҳоро таҳқиқ кард. "Онҳо гоҳе ба ҷинояткорону қочоқбарон рӯ меоранд," – мегӯяд ӯ.
Ба қавли Уланбек, бисёре аз паноҳҷӯён шаҳрвандии Русияро доранд ва аз бими фиристода шудан ба ҷанги Украина аз он кишвар гурехтаанд.
"Бештар аз 1 миллион қирғизистонӣ дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд, ба мисли мардуми Узбекистону Тоҷикистон. Баъд аз оғози ҷанги Украина, вазъ дигар шуд," – гуфт Уланбек Асаналиев.
Бисёре аз ин муҳоҷирон ба шаҳрҳои марзии Тихуана ва Рейноса меоянд. Карлос Ортиз, шаҳрдори Рейноса, гуфт, "бисёре аз одамон аз Украина, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо аз марзи инҷо мегузаранд. Муҳоҷирати онҳо ҳамчунон меафзояд."
Бисёриҳо пеш аз омадан ба сарҳад, дар шаҳрҳои Мехико ва Канкун ҷой мегиранд. Аксарияти муҳоҷирон аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба урдугоҳҳои паноҳҷӯён намеомадаанд.
Энрике Лусеро, намояндаи Идораи муҳоҷирати Тихуана, мегӯяд, "паноҳҷӯён аз Осиё, Русия ва Қазоқистон дар меҳмонхонаҳо меистанд."
Пули бисёриҳо ҳам то инҷо омадан тамом мешавад. Фаёз аз Тоҷикистон, ки умедвор аст дар Амрико паноҳанда мешавад, гуфт, ба Мексика дар муддати чаҳор моҳ расид. "Тамоми пулам барои меҳмонхона сарф шуд. Пул барои хӯрдан надорам, умуман пул надорам," – гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Як ҷавон аз Қирғизистон низ умед дорад, ба назди хешовандонаш дар Амрико мерасад: “Ба Филаделфия меравам, дӯстонам, бародарам онҷо ҳастанд.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ