Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон дар мавриди EAЭC таҷрибаи ду кишварро меомӯзад"


Парчами кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Парчами кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Тоҷикистон дар мавриди шомил шудан ё нашудан ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи Қирғизистон ва Арманистонро меомӯзад.

Тоҷикистон дар мавриди шомил шудан ё нашудан ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи Қирғизистон ва Арманистонро меомӯзад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, рӯзи 15-уми август ба хабарнигор гуфт: “Нишондиҳандаҳои иқтисодии ду кишвар ба Тоҷикистон бисёр монанданд. Ҳама гуна тасмим барои ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастани Тоҷикистон бодиққат ва дар мадди аввал, бо назардошти манфиатҳои иқтисодии кишвари мо қабул карда шавад.”

Ҳарфҳои вазири корҳои хориҷӣ дар ҳоле садо доданд, ки баъзе аз кишварҳои узв, ба мисли Қирғизистон мегӯянд, дар фикри тарки созмон ҳастанд, чун ба сабаби пеш омадани мушкилоти иқтисодию сиёсӣ бо Қазоқистони ҳамсоя, қоидаҳои созмон дуруст иҷро намешавад.

Русия аз соли 2014, замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Тарафдорони пайвастани Тоҷикистон ба ЕАЭС дар дохили кишвар кам нест.

Бахусус муҳоҷирон бовар доранд, ки дар сурати узвияти Тоҷикистон дар созмон вазъи онҳо дар Русия беҳтар мешавад. Мухолифони пайвастани Тоҷикистон бовар доранд, ки шомилшавӣ ба ин созмони зери назари Русия, даромади буҷети Тоҷикистонро аз ҳисоби боҷи гумрукӣ бамаротиб кам мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG