Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баъзеро ба комиссариат бурданд, бархеро ба боздоштгоҳ" ВИДЕО


Боздошти як шаҳрванди хориҷӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ
Боздошти як шаҳрванди хориҷӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Дар анбори сабзавоти Софияи Санкт-Петербург ба даҳҳо зодаи Тоҷикистон барои рафтан ба артиши Русия даъватнома додаанд.

Ин гурӯҳ соҳиби ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам шиносномаи Русия ҳастанд. "Онҳое, ки шаҳрвандии Русияро надоштанд, ба боздоштгоҳ бурда шуданд," – хабар дод яке аз муҳоҷирон ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 16-уми август.

Бино ба наворе, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, як нафарро бо зӯр ба дастонаш завлона мезананд. Пулиси шаҳри Санкт-Петербург тасдиқ кардааст, ки ҳангоми тафтиши анбори сабзавот нисбат ба як муҳоҷир ба иттиҳоми надоштани санад парвандаи ҷиноӣ кушод.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, ҳангоми тафтиш 400 муҳоҷир дастгир шуда, сад нафари онҳоро барои рафтан ба артиш дар комиссариати ҳарбӣ номнавис карданд. 55 кас, ба гуфтаи онҳо, қоидаҳои иқоматро вайрон намудаанд.

Видеоро инҷо бинед:

"Баъзеро ба комиссариат бурданд, бархеро ба боздоштгоҳ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Масъулони намояндагии расмии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург рӯзи 16-уми август гуфтанд, ки қазияро пайгирӣ доранд. Ба қавли Ҳомидҷон Назарӣ, консули Тоҷикистон, "рӯзи ҷумъа дар яке аз ҷойҳои калону васеъ шаҳрвандонро ҷамъ карда, ҳамроҳашон маслиҳат мекунем."

"Якум, қонуну қоидаҳоро вайрон накунанд. Дуюм, фарҳангу миллати моро фаромӯш накунанд. Сеюм, агар рафтори ғайриқонунии сохторҳоро диданд, ба мо маълумот диҳанд. Дар асоси он бо кишвари иқомат ҳамкорӣ мекунем, то ин гуна шахсҳо дигар ба кори ғайриқонунӣ даст назананд," – изофа кард ӯ.

Муҳоҷирони корӣ дар анбори сабзавоти Софияи Санкт-Петербург мегӯянд, дар як ҳафтаи охир беш аз сад ҳамроҳи онҳоро барои ихроҷ аз Русия ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ бурданд.

Боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар чанд моҳи охир афзоиш ёфтааст. Муҳоҷирон ва фаъолон ин маъракаро як навъ фишор мепиндоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG