Муҳоҷирон – василаи фишор?
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, 15-уми август дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои бисёрсамта”-и Тоҷикистон бо Русия, фишор овардан аз сӯи Маскав "ҷой дошта наметавонад”.
Назарҳо дар бораи онки Русия аз муҳоҷирон ҳамчун василаи фишор болои Душанбе истифода мекунад, солҳои гузашта низ садо дода буд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси пешини Маҷлиси намояндагон, соли 2019 аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки онҳо "дар баъзе аз давлатҳо ҳамчун фишанг" истифода мешаванд.
Дар гузашта як намунаи ошкоро дида шудааст, ки Русия бо талаби озод кардани ду халабони дастгиршудааш барои қочоқ ва убури ғайриқонунии марз даҳҳо ҳазор муҳоҷирро ронд.
Видеоро дар инҷо бинед:
“Амалкардро зери шубҳа намебарем”
Сироҷиддин Муҳриддин дар мавриди санҷиши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия гуфт, "дурустии амалкарди мақомоти он кишвар (Русия)-ро мавриди шубҳа қарор намедиҳад.”
Вазири корҳои хориҷӣ аз суҳбаташ бо Сергей Лавров ёд кард, ки моҳи июни имсол ва дар авҷи боздоштҳои саросарии муҳоҷирон анҷом шуда буд. “Ба Сергей Лавров ин мавқеъро гуфта будем, ки ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират бояд ҷониби Русия ҳуқуқу озодиҳои бунёдии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин кишвар ҳатман риоя намояд. Мо дар ҳама сатҳҳо ин мавқеъро бо ҳамтоёни худ дар Русия таъкид менамоем,” - афзуд вазир.
Бар иловаи ин суҳбат, вазири корҳои дохилӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон моҳи май ба ҳамтоёни русашон нома фиристода, аз латукӯби донишҷӯёни тоҷик ва боздоштҳои саросарии муҳоҷирон ибрози нигаронӣ карданд. Дар бораи посух ба ин номаҳо расман чизе гуфта нашуд.
Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба сурати умум чизеро тағйир надод. Ҳарчанд, ба қавли Муҳаммадҷон Собиров, ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Русия, баъд аз вокуниши сафорати Тоҷикистон дар чанд маврид муҳоҷирони тоҷикро аз идораҳои пулис ҷавоб додаанд.
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик афзуд, аз миёни сафорати кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолтар буданд. Собиров бовар дорад, ки “агар сафорати тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёдтар вокуниш карда, нота фиристанд, ин рейдҳо камтар мешуд.”
Ба сабаби набудани ҷойи кори муносиб дар дохили кишвар солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кору даромад ба Русия мераванд. Аз озору латукӯб ва поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон тақрибан ҳар моҳ шикоят мерасад.
Гуфтугӯ