Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирор ба ҷангал... Идомаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


Санҷиши муҳоҷирон дар Русия
Санҷиши муҳоҷирон дар Русия

Панҷ рӯз боз дар Русия амалиёти "Нелегал-2023" идома дорад. Дар ин муддат даҳҳо муҳоҷирро боздошту ихроҷ кардаанд. Шикояту муроҷиатҳои муҳоҷирон ҳам ба ҳомиёни ҳуқуқ зиёд шуда.

Додситонии Новосибирск аз тафтиши 165 муҳоҷир дар ҳудуди бозори "Хилокский" хабар дод. 35 нафарро барои қонуншиканӣ боздошт ва 9 нафарро рондаанд.

Пулиси шаҳри Рязан гуфтааст, дар ҷараёни амалиёти "Нелегал-2023" 66 муҳоҷиреро дастгир карданд, ки "дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекарданд". Муҳоҷиронро мақомоти интизомии шаҳр аз ҷангал пайдову боздошт кардаанд.

"Мегӯянд, аз сохтмону корхона бурдаанд"

Ҳомиёни ҳуқуқ аз "депортатсия" шудани даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия дар чанд рӯзи охир хабар медиҳанд. Онҳо бо нашру пахши муроҷиатҳои видеоӣ ба муҳоҷирон таъкид мекунанд, ки "санадҳояшон пурра, қонунӣ ва дуруст" бошад.

Як сабаби асосии ихроҷ шудани аксар муҳоҷирони тоҷик аз Русия сабтиноми қалбакӣ будааст. “Дар се рӯзи охир, дурӯғ намегӯям, 40-50 ҳамватани моро бо қарори Додгоҳ ронданд. Занг мезананду мегӯянд, моро аз сохтмону корхона бурда истодаанд,” – гуфт ҳуқуқдони тоҷик Шӯҳрат Қудратов.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Милисаҳо рӯз намедиҳанд, дар ҷангал хобем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Собир Норов, коршиноси масоили муҳоҷират ва корманди пешини Вазорати корҳои дохилии Русия, дар Инстаграм ба суолу муроҷиатҳои муҳоҷирон посух ва машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Мегӯяд, ин шабу рӯз муроҷиатҳо афзудааст.

“Кӯшиш кунед ба нуқтаҳое, ки муҳоҷирони зиёд ҷамъ мешаванд, наравед. Мисли «Садовод» ё дигар бозорҳову метро. Агар патентро дар Маскав гирифтем, пас, танҳо дар онҷо ҳаққи кор доред, вагарна ихроҷ мекунанд," – гуфт ӯ.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят доранд, ки бо вуҷуди дурусту қонунӣ будани санадҳояшон боздошт мешаванд.

Фирор ба ҷангал

“Шаҳри Пушкин, вилояти Маскав. Муҳоҷирон аз маъмурони ФМС ва ОМОН ба ҷангал гурехтаанд. Ҳатто хӯрок овардаанд, то шаб биистанд. Тамоми санадҳояшон сад дарсад аст. Ягон проблема нест. 30-40 нафар. Аллакай рӯзи сеюм рӯз аст, ки рӯзамон намедиҳанд ва дар даруни ҷангал хобем," – гуфтааст яке аз муҳоҷирон дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристод.

Дар пайи сахттар шудани санҷиши муҳоҷирон, изҳороту даъватҳои сиёсатмадорони Русия ҳам бештар садо медиҳанд. Вакили Думаи давлатӣ Дмитрий Гусев пешниҳод кардааст, ки барои қабули муҳоҷирон квота ҷорӣ шавад.

"Масалан, ба мо дар се соли оянда барои кор дар сохтмони ягон роҳи оҳан коргар даркор. Бисёр хуб, ана, бачаҳо ба Шумо имкони кору зиндагӣ дар Русия барои ҳамин муддат. Аввал бояд забони русиро омӯзед. Баъд аз ин ба онҳо раҳмати калон гуфта, хайрухуш кунем," – афзудааст ӯ.

Дақиқ нест, ки дар доираи амалиёти "Нелегал-2023" чӣ теъдод аз муҳоҷирони корӣ боздошту ихроҷ шуданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин бора вокунише накардааст.

Амалиёти зидди муҳоҷирони ғайриқонуниро мақомоти Русия расман аз 19-уми июн эълон карданд, аммо санҷишу боздошт ва фишору рондани дастҷамъии муҳоҷирон тақрибан ду моҳ боз идома дорад. Дар ин муддат бисёриҳо мепурсанд, ки чаро Русия якбора муҳоҷирони тоҷикро "чап" гирифт ва бо вуҷуди тахминҳои зиёд посухи ягона ва дақиқе нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG