Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурезогурез сар шуд." Амалиёти "Нелегал-2023" дар Русия. ВИДЕО


Идомаи таъқиби муҳоҷирон дар Русия, коллаж
Идомаи таъқиби муҳоҷирон дар Русия, коллаж

Амалиёти "Нелегал-2023" дар Русия ҷараён дорад. Матбуоти маҳаллӣ навишт, ки маъмурони Вазорати корҳои дохилии Русия то 25-уми июн ҳуҷҷати муҳоҷиронро месанҷанд. Маърака 19-уми июн сар шудааст.

Эълони расмии амалиёти зидди муҳоҷирон дар ҳолест, ки зиёда аз як моҳ боз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз таъқибу боздоштҳои, ба гуфтаашон, беасос ва бадрафтории полиси он кишвар шикоят доранд. То ин дам садҳо нафар дар киштзору сохтмон, кӯчаву хиёбон ва хобгоҳҳо ба гуноҳи вайрон кардани қоидаи будубош ва иттиҳомҳои дигар боздошт, латукӯб ва ҷаримаву ихроҷ шудаанд.

"Фарқ надорад, аз куҷоӣ, тоҷикӣ ё хитоӣ"

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо фиристодани наворҳо аз сахттар шудани тафтиш дар ду рӯзи охир хабар доданд. Дар як навор фирори гурӯҳе аз муҳоҷирон сабт шудааст. Онҳо мегӯянд, дар гармхонае дар шаҳри Подолски вилояти Маскав сабзавот мепарваранд.

"Ҳама гурезогурез дорад. Ба даруни ҷангал даромадем. Инҷо як кӯл ҳаст. Агар нашуд, аз ҳамон ҷо мегузарем. Гармхона ба гармхона кофта истодаанд," -- нақл кардааст яке аз муҳоҷирон.

Вай афзудааст, ҳамроҳи ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ва муҳоҷирон аз кишварҳои дигар субҳи 21-уми июн ба тарки ҷойи кор ва хобгоҳ маҷбур шуданд.

"Маъмурони полис саҳарӣ омаданд. Фарқ надорад, ки аз куҷоӣ, тоҷикӣ ё хитоӣ. Гурӯҳе гурехт ва гурӯҳи дигарро боздошт кардаву бурданд. Мо дар ин гармхонаҳо кор мекунем," – илова кардааст ӯ. Муаллифи видео ба далели пеш наомадани мушкил номашро нагуфт.

Ба назар мерасад, полиси Русия ин бор муҳоҷиронро дар заминҳои кишту гармхонаҳо ҷустуҷӯ ва тафтиш мекунад. Шоҳидон аз шаҳри Красноярск ҳам мегӯянд, тақрибан сад муҳоҷири тоҷику узбек ва қирғизро, ки дар гармхонаи инҷо кор мекарданд, милисаҳо бо худ бурдаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Идомаи таъқибу боздошти муҳоҷирон дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

"Наход ҳамин хел кунед"

Полис хобгоҳи гурӯҳи дигарро, ки дар лаҳзаи тафтиш дар хона набудаанд, кофтуков карда, ба иддаои муҳоҷирон, пулу телефону ашёи дигарашонро гирифтааст.

"Одам наёфтанд, "зарядник"-ҳоро гирифтанд. Ана, ҳолро бинед. Баъд мегӯянд, русҳоро чизе нагӯед. Ин ҷо телефон буд, гирифтаанд. Инро бинед, гуё дар ягон ахлоттӯда зиндагӣ дорем. Наход ҳамин хел кунед," – нақл кардааст муҳоҷире дар навор.

Дар видеои дигаре, ки муҳоҷирон аз Екатеринбург фиристоданд, пулис ба як коргоҳи пойафзол рафта, коргарони хориҷиро боздошт кардааст. Дар ин коргоҳ 25 муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла 10 зан кор мекарданд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, санади будубош ва иҷозаи кор доштанд, "вале ба ин нигоҳ накарда, пулис ҳамаро дастгир карду бурд".

Муҳоҷирон дар минтақаи Южное Бутово, канори Маскав, ҳам ин шабу рӯз ҳамин ҳолро доранд. Дар як наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, гурӯҳе аз муҳоҷирони боздоштшударо дар дохили мошини пулис мебаранд. Ба нақли мусоҳибони Радиои Озодӣ, бархеро ҷарима ва теъдодеро аз Русия ихроҷ кардаанд.

Расонаҳои Русия бо такя ба қавли мақомот гуфтаанд, муҳоҷирон дар доираи амалиёти "Нелегал-2023" тафтишу боздошт ва барои надоштани санади расмии будубош муҷозот мешаванд.

Дар умум дар бештар аз як моҳи охир садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия боздошту латукӯб ва ҷаримаву ронда шудаанд. Намояндагони баъзе аз идораҳои расмии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Русия хоста буданд, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол накунанд. Ҷониби Русия расман посух надод, аммо бар асоси шикояти муҳоҷирон боздошту тафтишҳои дастҷамъӣ бештару сахттар шуда.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG