Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зарбаи дигар" ба муҳоҷирони корӣ ва хонаводаашон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Шаҳри Душанбе
Шаҳри Душанбе

Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон дигарбора поин рафт. Як ҳафта пеш ҳазор рубл ба 132 сомонӣ иваз мешуд, ҳоло ба 126 сомонӣ. Чунин вазъ қабл аз ҳама муҳоҷирони корӣ ва наздикони онҳоро нигарон кардааст. Чаро?

Ду бародари Мансурҷон Шоназаров, сокини шаҳри Душанбе, дар Русия ҳастанд. Онҳо ҳар моҳ барои таъмини зиндагии наздикон дар Тоҷикистон рубл мефиристанд. Хабари расидани пул аъзои оиларо шод мекунад, аммо беқурбшавии рубл ба рӯҳияашон таъсир мегузорад.

“Поин шудани қурби рубл, пеш аз ҳама, аҳволи оилаҳои камбизоатро бад мекунад. Муҳоҷирон вақте пул мефиристанд, бо ин қурби паст пулашон ҳеч чиз мешавад. Боз нарху наво баланд мешавад, хулоса мушкилот зиёд,” – шиква кард ӯ.

Поинравии қурби рубл аз моҳи январи имсол ба ин тараф идома дорад. Агар моҳи январ ҳазор рубл ба 148 сомонӣ баробар буд, ҳоло 126 сомонӣ шудааст.

Саид Акбаров, сокини шаҳри Душанбе, ки дар назди яке аз бонкҳои тиҷоратӣ бо мо суҳбат мекард, гуфт, маҷбуранд бо ҳар қурбе маблағро бигиранд. Ба гуфтаи Акбаров, “ҳамин рӯз пул даркор аст, биистам, ки кай арзиши рубл 140 сомонӣ шавад? Як моҳи дигар чӣ хӯрам?”

Баҳром Шарифов, корманди пешини бонк, мавзӯи қурби арзи хориҷиро ҳамеша пайгирӣ мекунад. Ба назари ӯ, чанд сабаб, аз ҷумла таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав, маҳдуд шудани тиҷорати хориҷӣ ва бо нархи паст ба фурӯш рафтани нафти Русия боис ба суқути арзи миллии ин кишвар шудааст.

“Ҳамаи ин таъсир расондааст, ки ба буҷети Русия маблағи камтар дарояд. Ҷанг ва пардохтани ҳаққи хидмати ҷанговарон ва масрафҳои дигар хароҷоти буҷети Русияро зиёд мекунад. Аз ин нуқтаи назар барои ғанӣ кардани буҷет яке аз фишангҳо, ин паст кардани қурби рубл нисбат ба доллар, евро ва арзҳои дигар аст. Русия кам ҳам бошад, аз ҳамин меъёр истифода мебарад,” – шарҳ дод ӯ.

Баҳром Шарифов
Баҳром Шарифов

Аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина ва эълони таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав, қурби рубл якбора чунин поин нашуда буд. Коршиносони рус коҳиши даромад аз фурӯши нафт, афзоиши воридот, тарки Русия кардани ширкатҳои хориҷӣ ва эълони бастаи 11-уми таҳримҳои Аврупоро аз сабабҳои якбора паст шудани қурби рубл медонанд.

Дар Тоҷикистон ҳам назарҳо ба ояндаи рубл чандон хушбинона нест, вале ба қавли Баҳром Шарифов, “на Тоҷикистон, на Бонки миллӣ таъсир расонда наметавонанд. Ин ҷараёнҳои ҷаҳонӣ ҳастанд ва давлати Русия ҳам ба он таъсир расонда наметавонад.”

Барои муҳоҷирон ва наздикони онҳо муҳим нест, ки чаро қурби рубл поин шуд. Аксари онҳо танҳо мехоҳанд қурби асъори русӣ баландтар бошад, то маблағи мегирифтаашон бо сомонӣ бештар бошаду ба харҷи рӯзгорашон бирасад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро беқурбшавии рубли русӣ тоҷиконро нигарон кардааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG