Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳар ду тахмин беасос нест". Стефания Кулаева дар бораи муҳоҷирбадбинӣ дар Русия


Стефания Кулаева
Стефания Кулаева

Стефания Кулаева, коршиноси маркази "Мемориал"

Дар баҳор ва аввали тобистони соли 2023, дар пасманзари гузоришҳои нигаронкунанда аз ҷанги Украина, хабарҳо дар бораи таъқиби муҳоҷирони корӣ дар Русия бештар ба нашр расид.

Бахусус, дар бораи таъқиби тоҷикистониён зиёд гуфта мешавад.

Дар кишваре, ки одамон дар натиҷаи ҷанги ваҳшиёнаи давлати худ ҳалок ва сокинонаш бо баландтарин суръат қашшоқ мешаванд, бори дигар “гунаҳкор”-ро ҷустуҷӯ доранд.

Аввал дар ин бора баъзе аз миллатгароёни рус дар каналҳои худ дар Телеграм (албатта, маълумотро бо як рӯҳияи зиддитоҷикӣ пешниҳод мекарданд) менавиштанд, вале дар моҳҳои май ва июн мушкили мазкур ба расонаҳои касбӣ роҳ ёфт ва ҳатто дар мулоқоти дипломатҳои Тоҷикистону Русия аз ҳуқуқи муҳоҷирон гуфтанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров, ки ибтидои моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, масъалаи риояи “ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии муҳоҷирони тоҷикро дар Русия” матраҳ кард.

Ҳамчунин Душанбеи расмӣ тариқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқаш ба ҷониби Русия муроҷиати махсус фиристода, санҷиши муносибатҳои ғайриқонуниро бо шаҳрвандони Тоҷикистон дархост кард.

Коршиносон гуфтанд, Маскав бо рейдҳо ба зидди муҳоҷирон, боздошт ва ихроҷи дастҷамъии тоҷикистониён (дар гузашта низ сурат гирифтааст) ба Душанбе фишор меорад.

Таъқиби муҳоҷирон гуногун шарҳ дода шуданд.

Бархеҳо гуфтанд, Русия Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дохил карданист ва бархеи дигар онро ба ҷанги Украина рабт дода, гуфтанд, Маскав мехоҳад, муҳоҷирони тоҷикро маҷбурӣ ба майдони даргирӣ барад.

Ҳар ду тахмин ҳам беасос нестанд.

Маълум аст, ки Русия аз шомилшавии Тоҷикистон ба ин иттиҳод матфиатдор аст ва Лавров низ дар ин бора ба расонаҳо гуфт. Ҷалб шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи артиши Русия низ возеҳу равшан аст.

Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шуданд, сарфи назар аз ҳушдорҳои Душанбе (монанди пойтахтҳои дигари Осиёи Марказӣ) дар бораи ҷиноят ва зархаридӣ будани иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ.

Хабарҳое ҳам нашр шуданд, ки гуё муҳоҷирони кории маҳкум ба ихроҷ аз Русияро дар Санкт-Петербург аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ мустақим ба қисмҳои низомӣ бурда, иҷборан барои фиристодан ба ҷанги зидди Украина омода мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ тасдиқ мекунанд, ки дар ҷараёни рейдҳои пулиси Русия назар ба зодаҳои кишварҳои дигар бо шаҳрвандони Тоҷикистон дағалонатар муносибат шуда, латукӯб ҳам мешаванд.

Фаъолони Паймони миллии Тоҷикистон мегӯянд, “пулиси рус бо ҳамватанони онҳо тавре муносибат мекунад, ки фашистони гитлерӣ бо яҳудиён ва асирони низомӣ мекарданд”.

Аммо назарҳои дигар низ ҳастанд.

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик мегӯяд, дар Русия танҳо муҳоҷирони кории тоҷик таъқиб намешаванд. Ба ӯ гуё муҳоҷирони кории узбек ва қирғиз ҳам, ки аз хушунати пулиси рус ранҷ мекашанд, пайваста шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи Чупик, дар инҷо фарқ ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон мавзӯи муҳоҷиронро дар гуфтугӯҳо бо ҳамтоёни руси худ матраҳ мекунанд, аммо Узбекистон умуман вокуниш намекунад ва ҳукумати Қирғизистон, баръакс муҳоҷирони худро дар эҷоди мушкил муттаҳам менамояд.

Ба истилоҳ, норозигии сокинони Русия, ки дар муроҷиатҳои гуногун ба унвонии президент, шаҳрдор, мансабдорони дигар ва сиёсатмадорон баён мешаванд, дар бештари маврид зидди шаҳрвандони Тоҷикиситон равона шудаанд.

Хулосаи ин ҳамлаҳо, ки аслан хусусияти нажодпарастона доранд, як нақшаи умумӣ бар зидди муҳоҷирон аст. Талаби ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мешавад ва вакилони Думаи давлатии Русия низ дар бораи он мегӯянд. Бахсус Сергей Миронов дар ин бора фаъол аст.

Зоҳиран Чупик ҳақ аст, ки мегӯяд, барои мақомоти Русия мубориза зидди муҳоҷирон дар давраи пешазинтихобӣ лозим аст, чун бояд нишон диҳанд, ки касеро мағлуб месозанд.

Зарурати ба вуҷуд овардани ғурури миллӣ аз ҳисоби мардуми ҷумҳуриҳои фақир, ки дар Русия табъиз ва истисмор мешаванд, шояд на танҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва амниятӣ таҷриба мешавад.

Афзоиши ҳамлаҳои нажодпарастона дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар бораи як навъ "ҷиноятҳои қавмӣ" мегӯянд, зиёд шудани теъдоди видеоҳои задухӯрдҳои гуногуни номаълум, нигарониҳои доимӣ дар бораи “озору азияти духтарони мо” аз тақозои густардаи ҷомеа дар робита ба муҳоҷирбадбинӣ дарак медиҳад.

Дар кишваре, ки одамон дар натиҷаи ҷанги ваҳшиёнаи давлати худ ҳалок ва сокинонаш бо баландтарин суръат қашшоқ мешаванд, бори дигар “гунаҳкор”-ро ҷустуҷӯ доранд. Онҳое, ки пуштибон надоранд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG