Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тошканд ба тоҷикон пул намедиҳад." Қатл ва қарори бегуноҳии Чинор Имомов


Чинор Имомов
Чинор Имомов

Қисми дувуми навиштаи рӯзноманигор Нуралӣ Давлат дар бораи Чинор Имомов. Бахши аввалро дар инҷо хонед

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик

“Бобоҷон Ғафуров дармеёбад, ки Абдулло Раҳимбоев аз пуштибонии мустақими Сталин бархӯрдор аст. Барои ҳукумати болшевикон истифодаи намояндагони миллатҳо барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ як кори маъмулӣ буд. Зиндагиномаи Абдулло Раҳимбоев низ шоҳиди ин гуфта аст,” – навиштааст Шарифи Ҳамдампур.

Ин нуктаро бояд бигӯем, ки на танҳо Сталин, балки бунёдгузори давлати Шӯравӣ, Ленин, ҳам барои таъмини манфиатҳои геополитикии Иттиҳод ҳамкории хуберо бо пантуркистони дохилӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда буд. Ин ҳамкорӣ бо яке аз роҳбарони ҳаракати пантуркистӣ Анварпошо ва ҳамсафони фирории ӯ, баъдан бо Камол Отатурк ва ҳукумати Иненю дар даврони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон идома ёфтааст.

Гуноҳи дигари Имомов гуё ин будааст, ки ... дар баъзе маврид нисбат ба Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон ва халқи узбек даъвою туҳматҳои беасос баён кардааст.

Аммо ин таърихи дигар аст, ки чорчӯби мақолаи мо имкон намедиҳад муфассал баррасӣ шавад. Танҳо ҳаминро зикр мекунем, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ маводи зиёд, аз ҷумла маводи бойгониҳо ва адабиёти илмӣ дар ин мавзуъ чоп шудаанд.

Пас аз таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва ба шаҳри Душанбе омадани ҳукумати тозатаъсис роҳбарони ҷумҳурӣ дарк карданд, ки дар тақсимоти миллӣ-маъмурии соли 1924 фиреб хӯрдаанд, аз ин рӯ, ба навиштани шикоятҳо ба Маскав шуруъ карданд.

Котиби Шуъбаи ташкилии КМ ҲК Узбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон Б.Толпиго дар мактуби пинҳонияш аз 28-уми октябри соли 1926 ба унвони КМ ВКП (б) навиштааст, Нусратулло Махсум, Добобоев, Абдулқодир Муҳиддинов ва Имомов ба шаҳри Маскав рафта, муваффақ шуданд, ки бо Молотов, Рудзутак ва Соколников мулоқот кунанд ва аз беэътиноии роҳбарияти Узбекистон нисбат ба Тоҷикистон шикоят кунанд. Аз ҷумла:

  • буҷет ва қарзҳое, ки барои ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда буданд, аз ҷониби Тошканд бурида мешаванд;
  • ёрии воқеӣ ба тоҷикон расонда намешавад, афзун бар ин, манофеи онҳо аз ҷониби ҳукумати Узбекистон сарфи назар мегардад;
  • қарордодҳо тағйир дода мешаванд, бино бар ин, 130 ҳазор рубле, ки барои баргардондани муҳоҷирони тоҷик ҷудо шуда буд, ба буҷети ҷумҳурӣ интиқол наёфт;
  • тоҷиконро узбекон ассимилятсия мекунанд ва ғ. (РГАСПИ, ф.17, номгӯи 33, парвандаи 548, саҳ. l. 6-14).

Дар номае, ки Комиссари маориф Чинор Имомов ҳамроҳи раиси Кумитаи инқилобии ҷумҳурӣ Нусратулло Махсум ба унвони раиси КМИ ИҶШС М.И.Калинин навиштаанд, зикр мешавад, ки Кумитаи инқилобии Тоҷикистон бо сабаби мавҷуд набудани маблағ ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд бо бесаводӣ мубориза барад.

Ба қавли онҳо, аз 132 ҳазор рубли пешбинишуда Узбекистон дар соли 1925 ҳамагӣ 32 ҳазорашро ба ҷумҳурӣ дод. Тибқи нақша бояд дар 118 кенти ҷумҳурӣ 1-мактабӣ сохта шавад. Аммо тибқи муҳосиба барои сохтмони як мактаби гилӣ ва ё аз хишти хом тахмин 6000 рубл зарур буд. Дар маҷмуъ, барои сохтани 118 мактаб 708 ҳазор рубл лозим мешуд.

Дар номаи мазкур ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҳақиқат маблағи дархостшуда бисёр калон аст ва Иттиҳоди ҷумҳуриҳо шояд ҳоло ин имконро надошта бошад, бино бар ин, Н.Махсум ва Ч.Имомов хоҳиш кардаанд, ки Узбекистон дар соли 1925 барои бунёди мактабҳо ҳадди ақал 25%-и маблағро (175.000 рубл) гузаронанд ва маблағи боқимондаро соли 1926 Тошканд дар ихтиёри ҷумҳурӣ қарор диҳад.

Боздошт ва ҳабси Имомов

Моҳи июни соли 1927 Чинор Имомов намояндаи доимии Ҷумҳурии Точикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон таъйин шуд ва дар ин вазифа то моҳи августи соли 1928 кор кард. Дар мавриди ин марҳилаи ҳаёти ӯ маълумоти кофӣ дар даст нест, лиҳозо, намедонем, то куҷо тавонист манфиатҳои Тоҷикистонро дар Тошканд таъмин кунад.

Имомов дар моҳи августи соли 1928 аз ин вазифа даст кашида, бо хоҳиши худ, барои таҳсил ба Донишгоҳ (Университет)-и коммунистии Ленинград рафт. Соли 1929 Маскав барои таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ризоят дод.

Дар анҷумани якуми Муассисони Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 1930 барпо шуд, Имомов аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва аъзои Бюрои он интихоб гардид. Ӯро моҳи январи соли 1930 бозхонд карданд.

Имомов ба шаҳри Душанбе баргашта, фаъолиятро дар вазифаи Комиссари халқии маорифи ҶШС идома дод. Сипас дар мансабҳои Комиссари халқии тандурустӣ ва Комиссари халқии адлия ифои вазифа кард. Моҳи январи соли 1935 котиби масъули Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуд. Моҳи октябри соли 1936 ӯро ба вазифаи роҳбари корҳои Шӯрои Комиссарони Халқии ҷумҳурӣ таъйин карданд ва дар ин вазифа то моҳи июли соли 1937, яъне то рӯзи ба ҳабс гирифтанаш монд.

18-уми июли соли 1937 Чинор Имомовро ғайричашмдошт ҳабс карданд. 23-юми июли соли 1937 маҷлиси фаврии Бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон чунин қарор баровард: “Чинор Имомов барои фаъолияти зиддишӯравиаш аз ҳайати Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон хориҷ ва аз сафи ҳизб ронда шуд. Ба КМИ ҶШС Тоҷикистон супориш дода шуд, ки Чинор Имомовро аз узвияти КМИ ҶШС Тоҷикистон хориҷ намояд.” (Бойгонии ҲКТ, фонди 3, номгӯи 3, парвандаи 251, варақи 5).

Муҳаққиқи тоҷик И.Мирзозода, ки парвандаи ҷиноии Чинор Имомовро хондааст, менависад, номбурдаро барои содир кардани як қатор ҷиноятҳо муттаҳам карданд, аз ҷумла, гуё Имомов узви созмони аксулинқилобию зиддишӯравии “Иттиҳоди Шарқ” буда, зери роҳбарии Абдулло Раҳимбоев фаъолият кардааст.

Мо дар ҳукмномаи собиқ котиби дуюми КМ ҲК ҶМШС Тоҷикистон Бутабой Додобоев, ки дар авҷи репрессияи солҳои 1937 дар Тошканд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буд, роҷеъ ба созмони “Иттиҳоди Шарқ” маълумот ёфтем. Додобоев ҳангоми тафтишот изҳор доштааст, ки ӯро дар замони фаъолияташ дар Тоҷикистон соли 1930 ба ин ташкилот Нусратулло Махсум, А.Ҳоҷибоев, А.Муҳиддинов, собиқ намояндаи ҶШС Тоҷикистон дар Маскав Абдуҷабборов ва ғ. ҷалб карданд.

Ба қавли Додобоев, мақсади ташкилоти мазкур ҷудо сохтани ҶШС Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва барқарор кардани давлати миллӣ - буржуазӣ дар ҷумҳурӣ зери протекторати Англия буд. Аз ин рӯ, “Иттиҳоди Шарқ” бо разведкаи Англия ва унсурҳои марказҳои аксулинқилобии муҳоҷироне, ки дар Афғонистон паноҳ бурда буданд, равобит барқарор кардааст. Ба қавли ӯ, ин равобит аз ҷониби Гул Махсум, Ортиқбоев ва Азимов дар амал татбиқ мешуд.

Аз гуфтаҳои собиқ котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон бармеояд, ки ӯ то замони торумор шудани созмони “Иттиҳоди Шарқ” дар соли 1934 узви он будааст. Тафтишот гуё муайян карда, ки мақсади “Иттиҳоди Шарқ” ташкили ошӯби мусаллаҳона ва сарнагун кардани ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси ҷумҳурии буржуазӣ будааст.

Абдуқодир Муҳиддинов ва ҳукумати Бухоро
Абдуқодир Муҳиддинов ва ҳукумати Бухоро

Имомовро ҳамчунин ба он муттаҳам карданд, ки гуё ҳамроҳи “душманони халқ”, роҳбарони собиқи Тоҷикистон – Абдулло Раҳимбоев, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдулқодир Муҳиддинов ва ғ. дар бораи иншооти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, сарбанди обанбори Чубек (дар ноҳияи имрӯзаи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ. – Н.Д.), колхозҳо, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ғ. маълумот ҷамъ оварда, онҳоро ба дасти ҷосуси Англия – намояндаи Афғонистон дар назди Комиссариати халқии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ Саид Абдуллохон – додааст.

Гуноҳи дигари Имомов гуё ин буда, ки дар қатори роҳбарони дигари ҷумҳурӣ, ки “душмани халқ” эълон шуда буданд, ба унвони роҳбарияти Кумитаи Марказии ВКП (б) бобати ташкил додани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Иттифоқии Тоҷикистон номаҳову дархостҳо навишта, дар баъзе маврид нисбат ба Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон ва халқи узбек даъвою туҳматҳои беасос баён кардааст.

Ҷолиб ин аст, ки пешниҳодҳое, ки дар номаҳои роҳбарони собиқи Тоҷикистон ироа гардида буданд, аз ҷониби КМ ВКП (б) маъқул дониста шуда, ҶШС Тоҷикистон ташкил шуда буд, аммо солҳои 1937-38 ҳамаи касонеро, ки зери ин номаҳо имзо карда буданд, ба ҳабс гирифта, паронданд, аз ҷумла, Имомовро.

Муҳаққиқи тоҷик, профессор Мурод Муродӣ мегӯяд, Имомовро “барои он ки гурезаҳои Бухоро, Самарқанд ва Фарғона (яъне, тоҷикзабонҳо)-ро дар Душанбе ва умуман дар Тоҷикистон роҳ додааст” муттаҳам карда, дар маҳбас азобу шиканҷаи зиёд дода, сипас ба марг маҳкум карданд (М.Муродӣ. “Публитсистикаи тоҷик”. Душанбе, соли 2021, саҳ. 145).

Коллегияи ҳарбии сайёри Суди Олии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 20-уми октябри соли 1938 ҳукм баровард, ки Чинор Имомов ҳамчун “душмани халқ” паронда шавад ва молу мулкаш мусодира гардад. Ӯ ҳанӯз ба синни 40 нарасида буд.

Дар мавриди санаи қатли Имомов дар миёни муҳаққиқон назари ягона нест. Масалан, дар Энсиклопедияи Советии Тоҷик (Душанбе, 1980. – Ҷ. 2. – С. 568) зикр шудааст, ки Имомов соли 1939 аз олам чашм пӯшид. Дар манбаи дигар омадааст, ки Имомов 14-уми октябри соли 1939 дар Сахалин паронда шуд

Аммо дар маълумотномаи КДБ ИҶШС, ки ҳоло дар бойгонии ФСБ Русия нигоҳ дошта мешавад, зикр шудааст, ки Имомов 20-уми октябри соли 1938 аз ҳаёт маҳрум гардид. Ба назари мо, маълумотномаи мазкур дақиқтар аст.

Поён

Пас аз чанд рӯз Евгения Михайловна завҷаи Чинор Имомовро низ ба ин гирдоб кашида, ҳабс карданд. Ӯ дар маҳбас ҳамроҳи оилаи Шотемур Александра Киселева якҷо нигоҳ дошта мешуд. Ба фарзандони Имомов - Вадим ва Александр ному насаби дигар дода, онҳоро ҳамчун фарзандони “душмани халқ” ба Хонаи кӯдакон супориданд.

Баъд аз он ки модарашон Евгения Михайловна моҳи ноябри соли 1938 аз ҳабс озод шуд, онҳо ба ҳам пайвастанд, аммо дигар қариб ҳама аз онҳо рӯй гардонда буданд.

Аммо сарнавишти завҷаи Шотемур бо дигар рақам тоб хӯрд. Чунон ки фарзанди Шотемур солҳо баъд зимни як мусоҳиба гуфтааст, модарашро соли 1938 озод карданд, аммо баъди расидан ба Сталинобод ӯро дубора ба ҳабс гирифта, ба Сибир, ба маҳбаси оилаҳои “душмани халқ” бадарға карданд. Соли 1944 Александра Киселева озод шуд, аммо фарзандонашро ба ӯ надоданд.

Зани Чинор Имомов баъд аз баромадан ба озодӣ ба тарбияи фарзандонаш Саша ва Вадим машғул шудааст. Александр ва Вадим пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 1 дар шаҳри Сталинобод ихтиёрӣ ба ҷанги зидди фашизм рафтанд. Саша бо ордени ҷангии “Байрақи сурх” сарфароз гардид, аммо соли 1944 кушта шуд. Вадим ба Душанбе баргашта, солҳои дароз дар яке аз муассисаҳои сохтмонии пойтахт ба ҳайси муҳандиси бинокор кор кард.

Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шӯравӣ 15-уми декабри соли 1956 парвандаи Имомовро бозбинӣ карда, қарор баровард, ки “ҳукми Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 20-уми октябри соли 1938 дар ҳаққи Имомов Чинор Искандарович бекор ва парвандаи ӯ бино бар набудани нишонаҳои ҷиноят қатъ карда шавад.”

Чинор Имомов баъд аз вафот дар ҳизб низ “сафед” карда шуд. Бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар маҷлиси худ аз 13-уми июни соли 1957 аризаи шаҳрванд Е.М.Имомоваро дар бораи аз ҷиҳати ҳизбӣ сафед кардани шавҳараш Чинор Имомов баррасӣ карда, қарор баровард, ки қарори Бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз 19-уми июли соли 1937 “Дар бораи аз сафи ҳизб хориҷ кардани Имомов Чинор Искандарович бекор карда шавад”.

Аммо ин вақт аз эъдомаш қариб 20 сол гузашта буд. Ин сафедкуниҳо барои Чинор Имомове, ки ҳатто қабраш маълум нест, дигар фоидае надошт.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG