Таблиғи арзишҳои миллӣ ва қаҳрамонсозӣ аз шахсиятҳои таърихии ҳар миллат дар сиёсати идеологии кишварҳо нақши меҳварӣ дорад. Дар сиёсатҳои идеологии мақомоти Тоҷикистон низ таблиғи арзишҳои ба истилоҳ тоҷикӣ ва қаҳрамонҳои миллӣ ҳарчӣ бештар ба мушоҳида мерасанд. Як намунаи ин таҷлили назар ба солҳои гузашта хеле пуршукӯҳтари иди Наврӯзи имсола буд, ки нуқтаи авҷаш карнавал ё корвони наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд шуд.
Таблиғи арзишҳои миллӣ ҳамин тавр, дар риштаҳои дигари сиёсатҳои идеологии Душанбе – сар карда аз ташвиқи либоси миллӣ ба ҷои либосҳои “бегона”-е, чун сатру ҳиҷобу бурқаи исломӣ то гузоштани ҳайкалҳои Исмоили Сомонӣ дар маркази тақрибан ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ва ҳайкалҳои Боғи Парчам дар маркази пойтахт ба як гунаи рӯшан ба чашм мерасанд. Дар рӯзҳои Наврӯз дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон боз аз як ҳайкали асосгузори давлати Сомониён дар маркази ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд пардабардорӣ шуд.
Умеди Ҷайҳонӣ, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз таблиғи шахсиятҳои таърихии мардуми тоҷик аз сӯи ҳукумати кунунӣ истиқбол кард, вале гуфт, мутаассифона, таблиғи арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон бештар ба зоҳирпарастӣ мемонад.
Умеди Ҷайҳонӣ мегӯяд: “Муҷассамаҳои ҳазрати Исмоили Сомониро инҷову унҷо гузошта, бисёр таъзиму тақдис карда истодаанд. Аз соли 1991, ки нахустин ҳайкали Сомониро дар маркази Душанбе гузоштанд, мо фикр кардем, ки ҳукумат ҳамон сиёсати хирадмандонаву дар воқеъ миллатсози Сомониёнро пеш бигирад. Чунки мо ҳарчӣ дорем дар ин 1100 соли гузашта ҳамааш меваҳои боғи онҳост, ки хӯрда истодаем. Вале дар ин 24 сол дидем, ки ин ҳама танҳо як зоҳирпарастист. Яъне давлат аз сиёсатҳои онҳо пайравӣ намекунад, балки танҳо ҳайкалашонро мегузораду чанд гулчанбаре пешашон мемонад ва дигар ҳеҷ.”
Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамин тавр, таҷлили пуршукӯҳи Наврӯзро дар шароите, ки солшумории расмии Тоҷикистон аз Наврӯз оғоз намегирад, исрофи беҳуда меномад.
Аммо Аҷам Калонов, пажӯҳишгари тоҷики муқими Олмон мегӯяд, унвони қаҳрамони миллӣ мафҳуми нисбӣ буда ва мелоку мушахассоти он равшан нест. Аз нигоҳи ӯ, қаҳрамон касест, ки ҳузураш ва вуҷудаш барои як миллат ҳаётист: "Қаҳрамони як миллат касест, ки онро так-таки миллат вуҷудашро муҳтарам донанд ва аз маҳбубияти табиии мардум бархурдор бошад. Дигар ин, ки қаҳрамонро мардум интихоб мекунанд ва ин унвонест, ки дар қалбу синаҳои фард фарди ин миллат насб мешавад. Барои мисол, агар аз ҳамаи ин чорчӯбаҳо ва унвонгузориҳои расмӣ бигзарем, дар шароити кунуни қаҳрамони асосии миллат, ки вучудашон зарурӣ аст, фард-фарди муҳоҷири ин сарзамин аст, ки бо ранҷу машақат бори сангини ин миллатро бар дӯш гирифтанд. Агар шахсиятҳоро ҳам ба назар бигирем, миллати мо, ки дорои як меъроси ғании фарҳангиву илмии инсонсозу донишмеҳвар ҳаст, бисёр нафарони зиёдеро дорад, ки бешак, мешавад қаҳрамонашон унвон кард. Аммо аксари шахсиятҳое, ки мо аз онҳо қаҳрамон ёд мекунем, касоне ҳастанд, ки танҳо барои шаклгирии давлати миллӣ ва ваҳдату якпорчагии ин сарзамин кӯшидаанд. Яъне ба ибораи дигар барои истиқлоли давлат ва миллат мубориза карданд. Аммо мо имрӯз ба қаҳрамонҳое ниёз дорем, ки барои истиқлоли андеша ва озодии фард фарди ин миллат талош ва заҳмат кунанд.»
ВИДЕОИ РУСТАМИ ҶОНӢ АЗ ҲАЙКАЛҲОИ БОҒИ ПАРЧАМ:
Дар шабакаи Фейсбук дар посух ба як пурсиши Радиои Озодӣ, ки оё мардуми тоҷик қаҳрамонҳои шоистаи таблиғ дорад?, Хилватшоҳи Маҳмуд Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳонуддин Раббонӣ, Сабур Давлат Аҳмадшоҳи Масъуд, Атабек Абдулов – Тоҳири Абдуҷаббор ва Халифабобо Ҳомидов, Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад – Тоҳири Абдуҷаббор ва Аслиддин Соҳибназаров ва Аслиддин Амирхон – фармондеҳи “босмачӣ”-ҳо, ба мисли Давлатмандбий ва Фузайл Махсумро ном бурдаанд. Сиддиқи Муборакиён мӯътақид аст, ки “яке аз чунин қаҳрамонҳо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.”
Умеди Ҷайҳонӣ Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Нусратуллоҳ Махсум ва дигар шахсиятҳоеро, ки дар ибтидои асри гузашта дар бунёди Тоҷикистон ба ҳайси давлат саҳм гузоштаанд, шоистаи таблиғ мешуморад: “Мо қаҳрамон зиёд дорем. Қаҳрамон онҳоеянд, ки як тика замини моро дар соли 1924 ситонданду кишвар сохтанд. Қаҳрамон касоне ҳастанд, ки ин як тика кӯҳпораро гулистон карданд. Аз Исмоили Сомонӣ бигир, аз Зардуш бигир, аз куруш бигир то Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамаи инҳо қаҳрамонанд. Ин аҳамият надорад, ки онҳо зодаи хоки имрӯзии Тоҷикистон бошанд ё берун аз он.”
Аҷам Калонов менӯяд, лар марҳилаи аввали шаклгирии давлат-миллат, чунин як сиёсат, яъне қаҳрамонсозӣ ба хотири ваҳдату якпорчагӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва сохтани як миллати воҳид зарур буд: "Ин коре буд, ки қисман анҷом шуд. Намунаи беҳтаринаш ҳамон ҷашнвораҳо ба хотири эҳёи меъроси давлатдории Сомониён ва шахсияти Исмоили Сомонӣ буданд. Мо то он ҷо ки тавонистем, шахсиятҳои таърихии (чи фарҳанги ва чи сиёсии) худро таблиғ кардем ва бо онҳо ифтихор ҳам кардем."
Аммо дар марҳилаҳои баъд, ба ақидаи ин таҳлилгар, барои он, ки ин қаҳрамонҳо, қаҳрамонҳои воқеъи дар дилу дидаи мардум боқӣ мемонданд, Тоҷикистон бояд думболи барномаҳои дигари миллӣ, аз қабили рушди иқтисоди миллӣ, ташкили як давлати воқеан мардумӣ ва демократӣ, решакан кардани фасод ва ғайра мерафт, то ки ифтихороти миллии мардум хушку холӣ вонамуд намешуд. Ӯ мӯътақид аст, ки дар марҳалаи кунунӣ, ба ҷойи баргаштан ба таърих ва ифтихор кардан аз мероси гузашта, ва қаҳрамонсозӣ, беҳтар аст, ки рӯҳияи ватандӯстии мардумро бар мабнои як лоиҳаи ояндасоз ва амалӣ шакл бидиҳанд: "Бо меъроси гузашта ифтихор кардан бас аст. Бигузор акнун коре бикунем, ки ояндаҳо ҳам ба мо ифтихор бикунанд."
Қаҳрамонсозӣ ва таблиғи арзишҳои миллӣ дар ташаккули эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварии мардум, бахусус насли наврас фавқулодда муҳим ном бурда мешавад. Вале ба бовари нозирони умур, талошҳои Душанбе дар ин арса дар солҳои охир маъноҳои дигари сиёсӣ низ гирифтааст. Онҳо мегӯянд, чунин ба назар мерасад, ки Душанбе таблиғи арзишҳои миллиро як навъ алтернатива дар муқобили афзоиши мизони мазҳабишавии ҷомиа истифода мебарад.
Дар ин робита аз ҷумла ба масъалаи пӯшишҳои исломӣ ишора мешавад. Мақомоти тоҷик – шурӯъ аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон – дар солҳои охир занони тоҷикро ба пӯшидани либосу рӯсарии миллӣ ташвиқ мекунанд ва мегӯянд, занону духтарони тоҷик набояд ба либосҳои “бегона”, ба мисли ҳиҷобу бурқаъ дода шаванд.
Чунин муқобилгузории арзишҳои миллӣ бо арзишҳои мазҳабиро бисёриҳо ғалат ва ҳатто хатарнок мешуморанд.
Хилватшоҳи Маҳмуд мутмаин аст, ки “ҳеҷ миллате бе дину фарҳанг ҳеҷ вақт иддаои комил буданро карда наметавонад.” Ба ақидаи ӯ, дар сиёсатҳои идеологии ҳукумат арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ бояд якдигарро такмил кунанд, на муқобили ҳам қарор бигиранд. Сабур Давлат мегӯяд, “тоҷикият ҳаргиз ҷои мазҳабро намегирад ва бо чунин бархӯрд ҳам тоҷикият осеби ҷиддӣ мебинад ва ҳам мазҳаб.”
Ба ақидаи Умеди Ҷайҳонӣ, талоши аз тоҷикият сохтани алтернатива дар муқобили мазҳаб паёмадҳои нохубе дорад: “Аз тоҷик агар исломияташро бигиранд, чӣ мемонад? Ин хеле хатарнок аст, ки шолудаи фарҳангии моро, ки бунёдаш бар Ислом аст, теша ба решааш бизананд. Масъалаи ҳизби наҳзати исломӣ баҳси дигар аст, чунки он як масъалаи сиёсист. Вале аз мардум имонашрову эътиқодашро гирифта намешавад.”
Дар ҳамин ҳол, Нарзулло Дӯстов, як корбари Фейсбук мӯътақид аст, ки имрӯз дар ҳар хонадони тоҷик дастикам 2 ило 3 қаҳрамон ҳаст: “Хидмати муҳоҷирон аз қаҳрамон ҳеҷ камӣ надорад.
Агар ҳамин муҳоҷирон набошанд, ин кишвар на қаҳрамон ба дунё меорад, на профессор, на олиму на пешво!!! Бояд ба ҳар яки ин муҳоҷирон унвони қаҳрамон дода шавад.“
Дар соли 2014 дар Интернет ҳатто як маъракаи ҷамъоварии имзоҳо роҳандозӣ шуда буд, ки ташаббускоронаш аз ҳукумати Тоҷикистон мехостанд бо дарназардошти саҳми муҳоҷирон дар рушди иқтисоди кишвар дар маркази Душанбе ҳайкали Муҳоҷири тоҷикро гузоранд.