Профессор Иброҳим Усмонов аз мақомоти кишвар хост, ки як каф хоки мазори Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум – раҳбарони Тоҷикистони Шӯравиро – ба таври расмӣ аз Русия ба кишвар оварда ва дар Душанбе бигӯронад. Ин мушовири собиқи президенти Тоҷикистон рӯзи 17 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта аз қабристони "Донское" дар маркази Маскав дидан карда, гӯри дастҷамъиро, ки дар он номи Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум ҳам навишта шудааст, зиёрат намудааст.
Сӯҳбати Иброҳим Усмонов дар инҷост:
Ба қавли Иброҳим Усмонов, дар рӯи як санги калон дар болои ин гӯристон “Незатребованные могилы” (“Қабрҳои бесоҳиб”) ҳам ишора шудааст ва инҳо афроде ҳастанд, ки дар даврони таъқиботи сталинӣ ба қатл расида ва ҷасадҳояшон дар ҳамин қабристон гӯр карда шудааст. Иброҳим Усмонов пешниҳод дорад, мақомоти Тоҷикистон ба хотири эҳтиром ба арбобони сиёсии худ, ки дар ташкили ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ саҳми бузург доштаанд, хоки қабри онҳоро ба Тоҷикистон оварда, ба таври расмӣ дар қабристони Душанбе гӯронад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ин пешниҳод ҳимоят кард, вале гуфт, чунин дархост бояд ба таври расмӣ сурат гирад. "Ҳанӯз аз ҳеҷ ҷониб ба ҳукумати кишвар пешниҳоде сурат нагирифтааст, вале агар аз ҷониби наздиконаш чунин масъала дар миён гузошта шавад, ҳукумат дастгирӣ хоҳад кард”, - афзуд ӯ.
Раҳмонзода гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар бораи маҳалли дафни қаҳрамонҳои миллӣ хабар дорад. "Агар наберагони онҳо чунин пешниҳоде кунанд, ҷониби ҳукумат ҳимоят хоҳад кард, чуноне дар вилояти Суғд як каф хоки оромгоҳи Камоли Хуҷандиро аз Табрез овардем ва мақбараву хонаи Камолро бунёд кардем. Шириншо Шотемуру Нусратулло Махсум ҳам фарзандони ҳамин кишваранд",- афзуд ӯ.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар иртибот ба масъалаи ба Тоҷикистон овардани як каф хоки оромгоҳи ин ду арбоби сиёсӣ гуфт, ин масъала машварати масъулон ва созмонҳои эҷодиву ҷамъиятии кишварро тақозо мекунад. Ба қавли ӯ, авлоди Шириншо Шотемур дар Маскав зиндагӣ мекунанд ва шояд барои онҳо дар пойтахти Русия будани гӯри бобокалонашон ба хотири зиёрату нигоҳубини макони охираташ беҳтар аст.
Иброҳим Усмонов мегӯяд, "андозаи гӯри дастҷамъӣ якуним ба дуним метр аст. Дар ду санги алоҳида "Нусратулло Махсум – асосгузори Тоҷикистони Шӯравӣ" ва "Шириншо Шотемур – асосгузори Тоҷикистони Шӯравӣ" навишта шудааст."
Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум дар замони таъқиботи солҳои 1930-юм ба унвони "душмани халқ" муттаҳам ва ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Вале баъди касби истиқлоли Тоҷикистон, мақомот Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсумро қаҳрамони миллӣ эълон карда, аксашонро дар рӯи пули миллӣ ҳам ҷой доданд. Дар китобҳои таърих корномаи ин қаҳрамонҳои миллӣ барои донишҷӯёну мактабиён дарс дода мешавад.
Қурбони Аламшо, як муҳаққиқи корномаи Шириншо Шотемур мегӯяд, ба Тоҷикистон интиқол додани як каф хоки қабри ӯ ва Нусратулло Махсум эътибори миллиро меафзояд. Вай бо изҳори таассуф гуфт, ҳоло муҷассамаи Шириншо дар як гӯшаи Бадахшон ва Нусратулло Махсум дар як маконе дар ноҳияи Рашт гузошта шудааст. Қурбони Аламшо мегӯяд, дар маркази пойтахт бояд гулгаште бо муҷассамаҳои қаҳрамонҳо ва чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистон бунёд шавад, то наслҳои имрӯз ва баъдӣ дар бораи қаҳрамонҳои миллӣ иттилои бештар дошта бошанд. Даъватҳои гузаштаи Қурбони Аламшо барои ба Тоҷикистон овардани қабри ӯ пуштибонӣ наёфтааст.
Нақши Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсумро дар таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1929 хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Бо талошҳои Шотемур, ки ба номи раҳбари давлат Иосиф Сталин номае дар бораи вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии тоҷикон дар ҳудуди Узбакистон навишта буд, Тоҷикистон аз мақоми як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбакистон ҷудо ва як ҷумҳурии алоҳидаи Шӯравӣ шуд.
Нақши ӯро дар шурӯи чопи рӯзномаи “Овози тоҷик”, як нашрияи махсус ба забони тоҷикӣ муҳим арзёбӣ мекунанд. Шотемур муаллифи матни аввалини Конститутсияи Тоҷикистон ҳам буд, ки соли 1937 қабул шуд. Вале ҳамин талошҳои онҳо барои пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ дар ҷумҳурии ҷавони Шӯравӣ барои онҳо сарнавиштсоз шуд ва бар асоси як тӯҳмат 21 октябри соли 1937 коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии СССР Шотемурро ба ҳукми қатл маҳкум кард. Ҷасади ӯро, ба қавли муаррихон, ба ҳудуди роҳибхонаи “Донское” оварда, оташ заданд ва хокашро дар як гӯри дастаҷамъӣ рехтанд.
Нусратулло Махсум дар ноябри соли 1937 дар Маскав ҳамчунин бо иттиҳоми сиёсати “зиддишӯравӣ” ва “омодагӣ ба ҷиноятҳои зиддиинқилобӣ”, ғолибан барои таҳаммул нишон додан дар баробари ҳаракатҳои босмачигарӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуд.
Дар гузашта Тоҷикистон ба муносибати 1100-солагии давлатдории Сомониён аз Бухоро як каф хок аз оромгоҳи Исмоил Сомониро оварда, дар пояи муҷассамаи муассиси давлати аввалини тоҷикон дар Душанбе гузошта шуд. Баъдан аз Табрез ба муносибати бузургдошти Камоли Хуҷандӣ пораи хоки шоири бузурги тоҷик ҳам оварда шудааст. Дар соли 1996 Тоҷикистон устухонҳои Анвар-пошшоро, аз мавзеи Чагани ноҳияи Ховалинг ба Туркия тақдим кард.