Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи расонаӣ ба Қаноат ва баҳси “хаттҳои сурх”


Андешаҳои бепардаи Мӯъмин Қаноат дар сӯҳбате, ки ҳафтаномаи “Миллат” таҳти унвони “Ҷанги Тоҷикистон бесилоҳ идома дорад” мунташир шуд.

Ва посухи профессор Атахон Сайфуллоев бо номи “Андешаҳои бебунёд”, ки ибтидо дар хабаргузории расмии “Ховар” ва баъд дар рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” ва ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп шуд, аз мавзӯъҳои умдаи баҳс дар маҳофили Тоҷикистон шудааст.

Бархе аз аҳли назар дар ин баҳс аз ҳаққи Мӯъмин Қаноат барои изҳори озодии андешааш пуштибонӣ мекунанд ва бархе ҳам дар канори Атахон Сайфуллоев ҷамъ шудаанд. Вале шуморе дигар аз маъракаи ҳадафмандонае, ки ба ақидаи онҳо, алайҳи Мӯъмин Қаноат роҳандозӣ шудааст, изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, интиқоди шоир аз бархе амалкардҳои мақомот, бахусус дар мавриди парастиши шахси раҳбари аввал, боиси чунин маъракае ба зидди ӯ шудааст.

Президентро "шоҳ" нагӯед

Мӯъмин Қаноат дар мусоҳибааш бо “Миллат” бо ҳамон бепардагӯие, ки хоси ӯст, мегӯяд, бо вуҷуди қатъ шудани ҷангҳои хунин, муборизаҳое, ки маншаъи ҷангӣ доранд, то ҳол дар Тоҷикистон дар зери пардаҳову ниқобҳо идома дорад ва тӯъмааш ҳам шахсиятҳои миллист, ки ҳамчунон аз байн бурда мешаванд. Ӯ мегӯяд, пайкараи низоми шӯравиро дар кишвар шикастанд, вале ба маҳзи ҷангу ҷӯш пайкараи низоми нав нотамом боқӣ монда, забони дарозе дорад, вале мағзаш ҳанӯз нест.

Мӯъмин Қаноат аз масоиле, чун хушомадгӯиву ҳатто пайғамбарсозӣ аз шахси раҳбари кишвар ва ба идораи умур роҳ наёфтани ҷавонони болаёқате, ки дар хориҷ таҳсили хуб гирифтаанд, низ сахт интиқод мекунад. Мӯъмин Қаноат мегӯяд, собиқаи таърихии мардуми тоҷик ҳам, ки ҳанӯз дар аҳди бостон шоҳиди аз худ худосозии Ҷамшед шуда буд, шахспарастиро намепазирад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунон парастиши шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро коре шоиста ва лозим намедонад “Ман ҳушдор додам, ки дар атрофи ҳукумат одамоне пайдо шудаанд, ки хушомад мегӯянду дар бисёр мавридҳо президентро “шаҳаншоҳи ҷаҳон” ё “алломаи замон”. Ман гуфтам, ки ин ҳарфҳоро нагӯед. Ӯ як одами хоксори мардумгарост, ки бубинед, фақат ба як Бадахшон 37 бор сафар кард. Ба ин хотир гуфтам, ки ин унвонҳои ҳавоиро барои тамаллуқ ва ширин кардани худ истифода набаред. Президенти Тоҷикистон гӯед, вассалом.”

"Ҷанги бесилоҳ идома дорад"

Мӯъмин Қаноат мегӯяд, сӯҳбати ӯ бо “Миллат” ҳанӯз тобистон анҷом шуда, талотуми баъдии ҳодисот дар Камаробу Рашт дурустии ҳушдори ӯ дар мавриди идомаи ҷанге бесилоҳ дар Тоҷикистонро низ собит кард: “Муборизаҳои идеологие, ки байни гурӯҳҳову қишрҳои ҷомеа ва аҳзоби гуногун мерафт, охир мо ба чашми худ дидем, ки ба ҷанги гарм ҳам мунҷар шуд он ҳама. Ман ҷанги сарди бесилоҳ гуфтам, ҳатто ҷанги босилоҳ шуд. Ҳама медонанд, ки дар Ғарму дар Камароб ҷанг шуд, ҷанги ҳақиқӣ. Ман огоҳ кардам, ки эҳтиёт шавем. Вагарна ман касе нестам, ки ба ҷанг даъват кунам. Ҳарфҳои маро нодуруст таъбир мекунанд охир.”

Сайфуллоев розӣ нест

Атахон Сайфуллоев аммо дар посухи худ Мӯъмин Қаноатро дар нодида гирифтани пешрафтҳои солҳои ахири Тоҷикистон ва интиқодҳои беасос аз давлати феълӣ айбдор мекунад. Оқои Сайфуллоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин мусоҳибаи Қаноат ҳанӯз дар Туркия хабардор шуда, посухашро ба муҷарради баргаштан худ ва бидуни кадом дастур навиштааст: “Ҳамаи нуктаҳо ва консепсияҳое, ки Мӯъмин Қаноат овардааст, иштибоҳист. Масалан, дар бораи маҳалгароӣ дар Тоҷикистон. Қаноат дуруст мегӯяд, шояд дар байни бархе доираҳову муассисаҳо бошад, вале дар байни халқ нест. Ман ин мақоларо худам навиштам, ягон кас ба ман фармоиш накардааст. Ва ман ин хел одам ҳам нестам, ки аз рӯи супориш нависам.”

Атахон Сайфуллоев мегӯяд, баҳси ӯ бо Қаноат баҳсе усулист ва дар асл ӯ кадом ғаразе ба шоир надорад ва ба шеъри ӯ эҳтироми тамом қоил буда, ҳатто як банди китоби “Аркони сухан”-ашро ба ашъори Қаноат ихтисос додааст.

Аммо Мӯъмин Қаноат мегӯяд, посухи Сайфуллоев ношӣ аз ғаразҳои хусусиест, ки бармегардад ба радд шудани китоби ӯ аз феҳрасти муддаиёни ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз ҷониби кумитаи давлатие, ки раёсаташро ӯ - Мӯъмин Қаноат – бар ӯҳда дошт. Ин кумита ҷоизаи Рӯдакиро он дафъа барои рисолаи “Ҷаҳони андешаҳои Абдулрауфи Фитрат” ба академик Соҳиб Табаров супурд.

Аммо забони Айнӣ…

Мӯъмин Қаноат мегӯяд, дар ғайри ин, набояд як пардохти хеле кӯтоҳ ва сарсарии ӯ ба забони Айнӣ дар мусоҳиба бо “Миллат” боиси чунин бардоште мешуд, ки гӯё ӯ нақши Айниро комилан инкор мекунад. Мӯъмин Қаноат гуфт, дар ҳар жанр забони Айнӣ фарқ мекунад, ки дар чанд ҷумла хулоса карданаш берун аз имкон аст, вале мутаассифона, то ҳол пажӯҳиши ҷиддие дар мавриди забони Айнӣ анҷом нашудааст: “Забони Айнӣ як навъ забон нест. Дар китобҳои дарсиашон, чун “Таҳзиб-ус-сибён” забони Айнӣ соддаву оддии бисёр фаҳмост, мисли “Чаҳоркитоб”, ё “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдӣ. Забони шеъраш шоирона аст. Забони насри Айнӣ аз ду навъ иборат аст: забоне ки худи муаллиф ҳамчун ровӣ нақл мекунад, дигар асту забони персонажҳо – дигар. Забони худи Айнӣ дар наср ба забони Миёнкӯл наздик аст, яъне ба забони байни Самарқанду Бухоро. Вале забони персонажҳояш забони гӯишу лаҳҷаҳои гуногун аст. Аммо дар рисолаҳои илмие, ки доранд, забони Айнӣ ба забони тазкираҳои қадима монанд аст. Дар луғатнигорӣ низ забони устод Айнӣ фарқ мекунад. Гуногунсоҳа аст. Устод Айнӣ танҳо марде аз миллати мо буд, ки андешаи энсиклопедӣ дошт.”

Ин дар ҳолест, ки профессор Сайфуллоев дар посухи худ бештар андешаҳои Мӯъмин Қаноат дар бораи забони Садриддин Айниро ба боди интиқод мекашад. Ба бовари оқои Сайфуллоев, пеш аз ҳама инкор кардани нақши Айнӣ аз сӯи Мӯъмин Қаноат ӯро водор кард, ки чунин посухи тунд бинависад: “Ман 100 дарсад мухолиф ҳастам ба ин андешаҳо. Масалан, ӯ мегӯяд, ки Айнӣ шоир нест. Айнӣ шоир ҳаст! Айнӣ нависандаи забардаст ва поягузори адабиёти реалистӣ дар Тоҷикистон аст! Айнӣ бо шева нанавиштааст. Бо кадом лаҳҷа менавишт? Ҳоло шумо аз Прага ва ман аз Хуҷанд бо кадом забон сӯҳбат дорем? Бо ҳамон забоне, ки Айнӣ менавишт. Магар ин шева аст? Ман розӣ шуда наметавонам бо Мӯъмин Қаноат.”

Садриддин Айнӣ дар баробари Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратуллоҳ Махсум ва Шириншо Шотемур дар шумори 6 танест, ки ба баландтарин унвони кишвар – Қаҳрамони Тоҷикистон – мушарраф шудаанд.

Ба эътиқоди Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегии вобаста ба Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, хидмате ки Айнӣ дар Тоҷикистонсозӣ, яъне дар таъсиси ин ҷумҳурӣ анҷом додааст, як қаҳрамонист, ки мо аз ӯ ифтихор кунем, то танқид.

Шеърҳои “Ленин”-дор

Мавзӯъи дигари баҳси Атахон Сайфуллоев бо Мӯъмин Қаноат шеъри даврони шӯравии ӯст ва профессор Сайфуллоев бо овардани мисраҳои саршор аз тавсифи Ленину Инқилоби Октябр ва аскарони сурх аз ашъори Қаноат мегӯяд, ки шоирро ба ленинпарастӣ муттаҳам карданӣ нест, вале: “Чаро аз калимаи “шӯравӣ” ҳазар мекунад, дар сурате, ки худаш фарзанди ҳамон шароит аст? Чаро бо ифтихор мегӯяд, ки ман дар достони “Тоҷикистон – исми ман” калимаи “шӯравӣ”-ро истифода набурдам ва бо тамасхур сӯҳбат мекунад дар бораи гузашта, дар сурате, ки тамоми ин достон иборат аз тавсифи Шӯравист.”

Мӯъмин Қаноат аммо мегӯяд, ҳарчӣ дар он давру замона гуфта буд, самимона ва бовар карда гуфтааст, вале вақте воқеъиятҳои таърихиро шинохт, он ҳама мисраҳои ба истилоҳ “лениндор”-ро аз дафтари шеъраш пок кард: “Ман дар ҷавонӣ аз куҷо медонистам, ки дар сиёсати Шӯравӣ чӣ иштибоҳҳое шудааст? Ман намедонистам ин ҳамаро, мо, ки бачаҳои “детдом” будем, муҳаббату самимият доштем он давра. Ман воқеъиятҳои баъд фаҳмидам, баъди ошноӣ бо Евтушенкову Вознесенский, Аҳмадуллина ва Чингиз Айматов. Баъд фаҳмидам, ки дар дунё чӣ гузаштааст ва диду шинохтам тағйир ёфт. Ва чунин ашъорро ман аз эҷодиётам хориҷ кардам, дигар чоп нашуд.”

“Хатти сурх” барои Қаноат

Аммо баҳси Мӯъмин Қаноат бо Атахон Сайфуллоев, бахусус шеваи бозтоби он дар матбуоти расмӣ, ки посухи профессор Сайфуллоев ибтидо дар сомонаи хабаргузории расмии “Ховар” ва ба дунбол дар нашрияҳои давлативу наздик ба давлат нашр шуд, ба ёди маҳофил шеваҳои қаблан низ таҷрубашудаи маъракасозӣ алайҳи дигар соҳибназарону сиёсатмадорони мунтақиди давлатро зинда кард.

Мақомот дар гузашта маъракаҳоеро бо айни шева алайҳи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Раҳматуллоҳ Зоиров, Бозори Собир, Муҳиддин Кабирӣ ё Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода низ ба роҳ андохта буд, ки айни роҳро мепаймуд: ибтидо дар “Ховар” ва ба дунбол дар “Ҷумҳурият” ё ягон расонаи дигари наздик ба давлат.

Таҳлилгари тоҷик Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода мегӯяд, мақомот дар Тоҷикистон тоби шунидани назари муғойир бо хатти машши расмиро надоранд, бахусус агар ин назар ба шахси раиси ин ҷумҳурӣ дахл кунад: “Доираҳои муайяне дар ҳукумати Тоҷикистон тавони бардошти ақидаи мухолифро надоранд. Вақте як шахсияти саршинос пиромуни мушкилоти рӯз, бархӯрдҳои номуносиб ё тасмимҳои мушкилзои мақомот алайҳи ӯ ба таври фармоишӣ мақолаҳои дигаре пайдо мешаванд.

Аз пайи Улуғзодаву Лоиқу Бозор

Ба бовари ҳаводорони шоир ҳам, иллати аслии ҳадаф қарор гирифтани Мӯъмин Қаноат на назараш ба забони Айнӣ ё кадом масоили дигари фарҳангиву иҷтимоист, балкӣ дуруст ҳарфҳое, ки ӯ дар гуфтугӯяш бо “Миллат” алайҳи парастиши шахсият ба забон овардааст.

Аммо худи Мӯъмин Қаноат ин баҳси бархостаро на аломат ё натиҷаи фишори расмӣ, балкӣ бештар кори дасти гурӯҳҳои манфиатҷӯе мешиносад, ки бо инҳирофи дидгоҳҳои ӯ мехоҳанд вайро дар чашми мақомот сиёҳ ва худро бо ин роҳу ин шева баръакс ба ин мақомот наздиктар кунанд: “Ин як амри одат аст. Онҳо аз ҷавонӣ одат кардаанд, ки бо чунин роҳ мешавад рафт. Улуғзодаро бо ҳамин роҳ бадном карданд, Ҷумъа Одинаро ҳам бо ҳамин роҳ сиёҳ карданд, Лоиқу Бозору инҳоро дар ҳамон ҷавониашон, ки бо ҳамин роҳ бадном карданд, аз ҳамон аввал то ба ҳозир кори дасти як-ду кас буд ин ҳама. Гумон карданд, ки имрӯз ҳам мумкин аст чунин шева. Вале охир дар асри 21 намешавад чунин рафтор кард. “

Мӯъмин Қаноат 78 сол дошта, тайи солҳои 1978-1991 раҳбари Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон буд. Ӯ бо достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” аз шоирони саршиноси асри бисти Тоҷикистон шинохта шудааст.
XS
SM
MD
LG