Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон, ки асарҳои зиёди таърихӣ навиштаасту барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аст, 15-уми сентябр 75-сола мешавад. Давоми беш аз 50 соли фаъолияти эҷодияш вай даҳҳо асарҳои таърихӣ навиштааст, ба мисли «Куруш ва Томирис», «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен», «Рухшона», «Метис» ва «Фариштаҳои бадманиш». Дар зодрӯзаш Бароти Абдураҳмон меҳмони Радиои Озодӣ шуд.
Радиои Озодӣ: Чаро таърихнигорӣ дар адабиёт торафт мушкилтар мешавад?
Бароти Абдураҳмон: Таърихнигорӣ кори бисёр мушкил аст. Ман дар бораи Исмоили Сомонӣ қариб ҳафт сол шуд менависам, бо таърихнигорон суҳбат кардам, ҷустуҷӯ кардам, аммо ҳанӯз ҳам намедонам номи ҳамсари И.Сомонӣ чӣ буд. Медонам чор писар дошт, номи онҳоро ҳам медонам, вале дар бораи ҳамсараш чизе намедонам. Таърихнигорӣ факт овардан аст. Ин душвор аст, масалан шахсияти ҳазор соли пешро кушодан, онҳоро зинда кардан. Банда дар навиштани асари “Куруши Кабир” ин душвориро паси сар кардам.
Радиои Озодӣ: Таҳрифи таърих зиёд рӯй медиҳад ва ҳадаф ҳарчӣ буда метавонад: манфиати пулию корӣ, тамаллуқ ва ғайра. Шумо ҳамингуна ҳолатро дар адабиёти тоҷик мушоҳида кардаед?
Бароти Абдураҳмон: Таҳрифи таърих аз замонҳои қадим вуҷуд дорад. Таҳрифи таърих дар адабиёт бисёр аст. Бубинед, ки ҳамин шоирони дарборӣ таърихан аз аҳди Рудакӣ сар карда то Ҳоқонӣ бисёр буданд. Онҳо аспи одиро ба рахши Рустам баробар мекарданд. Ин махсусан дар аҳди давлатдории Салчуқиён, Ғазнавиён ва Қарахониён авҷ гирифт. Акнун мо дар давраи давлатсозиву давлатдорӣ қарор дорем. Дар таърихи истиқлолияту озодии мо се хатти меҳварӣ аст, ки бунёдгузории давлати моро ҳидоят мекунанд. Якум дар давраи Исмоили Сомонӣ, кӣ ман роман навишта истодаам. Дуюм солҳои бистуми асри гузашта, ки он давра ҳам давраи давлатсозӣ буд. Давлатмардоне, ки дар сари қудрат буданд асолати худро фаромӯш карда буданд. Давраи сеюм, замони истиқлолият солҳои 1992. Бубинед он солҳо чӣ фоҷиаи бузурге руй дод. Эмомалӣ Раҳмон вақте ба сари қудрат омад, аввалин дастурҳое, ки дошт барои сулҳу субот талош варзид. Муҳоҷирони фироркардаро ба ватан бозгардонда овард. Ҳамин корро Шириншо Шотемур мехост кунад аммо натавонист.
Радиои Озодӣ: Агар давраи имрӯзаро бо як марҳилаи замонии пешина муқоиса кунем, шумо кадом асру қарнро метавонед бо вазъияти имрӯза шабеҳ ё монанд кунед?
Бароти Абдураҳмон: Давраи давлатсозии Исмоили Сомонӣ ба давраи имрӯзаи мо хеле монандиҳо дорад. Дар солҳои бистум, ки давраи давлатсозӣ буд ҳама саропо туркгаро шуда буданд. Ҳатто забони давлатӣ бо фармони Файзулло Хоҷаев забони туркӣ шуд, баъдан соли 1924 забони узбекӣ забонӣ давлатӣ шуд. Аз забони тоҷикӣ ному нишон набуд, мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд надошт. Замоне, ки мо ба давлатсозӣ расидем айнан ҳамин мушкилро доштем. Мо ба ҷанг гаравидем, якдигаркушӣ кардем. Бисёр душвор буд аз ин фоҷеа баромадан, вале тавонистем дар муддати 5-6 сол сулҳ бастем, ватанро обод кардем. Чашм пӯшидан даркор нест, инро эътироф кардан даркор, баъзе норасоиҳое, ки ҳаст ин дар ҳамаҷо ҳаст. Дар дунё 190 кишвар ҳаст, ки миёни онҳо Тоҷикистон ҳам ҳаст. Пойтахт, парчам ва рамзи миллӣ дорад. Сарқонун ва пули миллӣ дорад, моро дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд, аз ин бояд ифтихор кунем.
МУСОҲИБАИ ВИДЕОИРО ДАР ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:
Радиои Озодӣ: Ҳастанд асар, порчаҳое дар навиштаҳои шумо, ки ба назаратон дуруст набуд ва шояд аз он хиҷолат мекашед ва баръакс, аз кадом асаратон бештар хушатон меояд?
Бароти Абдураҳмон: Ман вобаста ба талаботи замону дархости давр асар меофарам. Бубинед вақте солҳои 1992-93 мо ба истиқлол расидем, мардум бештар талош доштанд, ки осори моддиро ба даст биёранд. Масалан, мағозаҳо, корхонаҳо ва биноҳоро хусусӣ карданд ва дар он вақт асолати милливу фарҳангӣ яктараф монд. Ҳамон вақт баҳсҳо дар бораи давлати ориёиҳо шуруъ шуд ва Эрон меросбари воқеии Ориёиҳо ном бурда мешуд. Ҳамон Ориёиҳо дар инҷо ба камол расида буданд, он вақт ниёз пайдо шуд, ки мо садо баланд кунем. Ман ҳам романи “Куруши Кабир”-ро ба он хотир навиштам, ки мо ҳам вориси Куруши Кабир ҳастем. Бо ҳамин роман мо худро меросбари Куруши Кабир дар таърих муаррифӣ кардем. Ман сарфароз ҳастам, ки ин асар бо хатти форсӣ чоп шуд, ман бо ин асар сазовори ҷоизаи ба номи А. Рудакӣ гардидам ва ҳаргиз пушаймон нестам. Дар баробари ин ман даҳҳо асарҳои таърихӣ навиштам, ба монанди «Куруш ва Томирис» ё «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен». Ман пушаймон нестам, нависандагӣ ишқ, меҳр, ҳавас ва ормон аст. Барои ҳамин ман аз нависандагӣ чизе талаб надорам, на сарват на чизи дигар. Ба хотири талаботи маънавии худам ва миллат эҷод мекунам.
Радиои Озодӣ: Романҳои Шумо "Куруши кабир", «Куруш ва Томирис», «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен», «Рухшона» ва ғайра дар бораи давраҳои қадим ҳикоят мекуунанд. Оё фурӯ рафтан ба умқи таърих ба маънои фирор аз замонаи худ нест?
Бароти Абдураҳмон: Не. Ман асарҳои замонавӣ бисёр навиштаам. “Шабҳои маҳтобӣ”, ки панҷ ҳикояро дар бар мегирад ҳамааш мавзуҳои замонавӣ ҳастанд. Романи дигари ман бо номи “Давлати сарам модар” ин замонавӣ аст дар бораи симои нафароне, ки аз деҳа ба шаҳр меоянд ва ба мушкилиҳо дучор мешаванд, мушкили хона, кор, зиндагӣ ва талошҳо барои мавқеу мақом. Романи “Дунёи сабзи ишқ” аст, ки ман барои ин ҷоизаи давлатии ба номи С. Айнӣ дар соҳаи насрро сазовор шудам. Ман асарҳои замонавӣ бисёр дорам. Охирон асари ман “Нимароҳи аъроф” аст, ки дар бораи ин ман қариб 15 сол кор кардам. Ин китоб таърихи истиқлоли мо аст. Дар ин китоб симои аксари давлатмадорон таҷассум ёфтааст. Аз олами ҷиноят сар карда то олами амнияту милиса, зиёиву шоиру нависанда.
Радиои Озодӣ: Шумо асарҳои таърихӣ менависед, бисёриҳо ба ин назар ҳастанд, ки то ҳол адабиёти тоҷик натавонист, сабақи он давраро бетарафона ба ҷомеа расонад. Шумо дар ин бора чизе навиштед?
Бароти Абдураҳмон: Дар таҳияи китоби “Нимароҳи аъроф” аз тамоми китобҳое, ки дар робита ба ҷанги шаҳрвандӣ иншо шуда буданд инҷо истифода кардам. Дар ин китоб аз 60 адабиёт истифода кардам. Масалан аз китоби “Табаддулот”-и С. Кенҷаев, “Роҳи беҳбуд”-и Абдулов, “Хуни қалам” аз Бозор Собир. Ҳамаи китобҳое, ки он давра чоп шуда буданд, ман истифода кардам. Муқоиса кардам, баркашидам ва фикру андешаи худамро дар ин китоб овардам. Муборизаҳои давлатсозӣ, талошҳои мансабхоҳӣ ва ифротгароии динӣ, ҳамааш дар ҳамин китоб ҳаст.
Радиои Озодӣ: Ба назаратон ҳоло як нависанда метавонад бидуни тарс ва осону роҳат дар бораи мушкили ҷомеа асар нависад?
Бароти Абдураҳмон: Ман масалан китоби “Нимароҳи аъроф”-ро навиштам. Дар инҷо тасвири давраи муборизаҳои дутарафаву сетарафа, барои расидан ба қудрат аст, ки чоп шуд. Дар инҷо рақибон ҳастанд. Сиёсатмадороне, ки ба ҳамдигар рақиб ҳастанд. Муборизаи давраҳои истиқлолхоҳиву давлатсозӣ дар инҷо таҷассум шудааст. Симои Аслиддини Соҳибназар, Сафаралӣ Кенҷаев, Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов аст. Ман ҳеҷ мушкилӣ надидам ва китобро чоп кардам.
Радиои Озодӣ: Шумо ба шуҳрат ва таблиғ чӣ назар доред? Зоҳиран зиёд дар пайи таблиғи худ ва осори худ нестед, чаро?
Бароти Абдураҳмон: Шуҳрат кушанда аст. Агар одам тавонад аз шуҳрат гурезад беҳтар аст. Шуҳрат ин ҳамон пойдевори сунъии қоғазӣ аст. Пойдеворе, ки болои он мебароӣ ва як вақт худат намефаҳмӣ ки меафтӣ. Барои ҳамин дар болои замин гаштан беҳтар аст чун замин устувор аст.
Радиои Озодӣ: Дардҳои замона Шуморо нигарон намекунанд?
Бароти Абдураҳмон: Ман инсони хушбин (оптимист) ҳастам. Шояд дар масъалаи техналогияҳои навин ман каме қафо монда бошам. Аммо мо давлати сармоядорӣ ҳастем инро эътироф кардан даркор, чунки моликияти давлатӣ хеле кам мондааст. Бубинед қариб 78 дарсади буҷаи кишвар аз ҳисоби моликияти хусусӣ аст. Ин нишонаи давлати сармоядорӣ аст. 22 дарсади дигар аз ҳисоби давлат, яъне давлат ба оҳистагӣ мавқеи худро аз даст дода истодааст. Дар мо масалан бозори китоб нест, бозори кино нест, ҳарчанд замона тақозо мекунад, ки ин чизҳо бояд бошад. Инҷо омилҳои объективӣ ва субъективӣ ҳаст, ки ин чизҳо нестанд. Вале агар дар байни нашриётҳо рақобати солим бошад, мубориза мебаранд барои чоп кардани асари ман, ба ман ҳаққи қалам медиҳанд, ҳол он ки мо ҳаққи қаламро намебинем. Яъне бозори матову коло рушд дорад, лекин ҳанӯз бозори фарҳанги театру кино, чопи китобу ВАО не. Барои мисол ВАО ҳам дар кишвар рақобати сахту шадид надоранд.
Радиои Озодӣ: Чунин андешае вуҷуд дорад, ки мардуми тоҷик бештар ба илмҳои гуманитарӣ шавқ доранду ба илмҳои дақиқ не. Шояд мушкил дар мактаб аст, ки ишқро ба химияву физика ё математика дуруст дода наметавонанд, шояд бояд барномаҳои таълим дигар шавад?
Бароти Абдураҳмон: Ҳукумат дар бораи рушд додани илмҳои дақиқ қарор қабул кард. Талошҳо барои бештар кардани мактабҳои ҷудогонае мисли Ҳотам-ПВ ҳаст. Замона тақозо дорад, ки мо набояд танҳо дипломи мактаби олӣ бигирем, мо бояд мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохилу ҷаҳон омода кунем. Бубинед, ки хонандагони мо дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Лондон ҷои аввалу медали тило мегиранд. Яъне ҳаст, вале оммавӣ нашудааст. Барои ҳамин бояд яке аз талошҳое ки барои пешрафти давлат муҳим аст, густариши илмҳои дақиқ мебошад. Мо ақалан ҳамон техникаву технологияҳое, ки аз берун меорем истифода бурда тавонем ин алакай барои мо дар оянда замина мешавад.
Радиои Озодӣ: Охирин китобе, ки хондед, кадом аст. Ба ҷавонон хондани кадом китобҳоро тавсия медиҳед?
Бароти Абдураҳмон: Китобро тавсия намедиҳанд, завқ ҳархел аст. Барои мисол ман тавсия медодам асарҳои Ҷек Лондон, Чингиз Айтматов, Ф. Муҳаммадиев, Ҷ. Икромӣ. Ҷалол Икромӣ дар асари сегонаи худ «Духтари оташ», «Тахти вожгун» ва «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» таърихи Бухороро бисёр зебо навиштааст. Омӯхтани асарҳои гузаштагон аз С. Айнӣ сар карда то С. Улуғзода барои ҷавонони мо бисёр муҳим аст.
Гуфтугӯ