Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: "Гуруҳи 24" ва ҲНИТ чӣ ихтилоф доранд? ВИДЕО


Гапи Озод

Баҳсу мунозираҳои намояндагони "Гуруҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, вале фаъолияташон мамнуъ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ихтилофоти амиқи назарро байни онҳо ҳувайдо кардааст.

Яке мегӯяд, тарафдори низоми либерал-демократӣ дар ҷомеа аст, ки ба ҳаққи ҳар узви ҷомеа эҳтиром мегузорад. Дигаре ҷонибдори демократия аст, ки раъйи аксариятро муҳим мешуморад.

Оё ин мухолифатҳо воқеӣ ҳастанд ва ё ду тараф, ки андешаҳои наздик доранд, вонамуд месозанд, ки бо ҳамдигар нестанд? Суҳбати "Гапи Озод" ин дафъа дар ҳамин бора аст ва меҳмонони барнома – Бобоҷон Қаюмов аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломӣ ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор аз тарафи "Гурӯҳи 24".

  • Оинномаатонро дидем. "Гуруҳи 24" тарафдори низоми дунявист, ҲНИТ ҷонибдори арзишҳои исломӣ. Не?
  • Мухолифони Шумо мегӯянд, шиорҳои демократӣ як фиреби назар аст ва агар Ҳизби наҳзати исломиву "Гуруҳи 24" ба қудрат бирасанд, режими исломиро дар Тоҷикистон ҷорӣ хоҳанд кард. Чӣ мегӯед?
  • Баъзе аз таҳлилгарон бовар доранд, ҳарду созмон тайи 7-8 сол боз дар хориҷа фаъолияти рӯшане надоранд. Дар дохили кишвар номи ду созмон як василаи муттаҳам кардан ва ба зиндон андохтани баъзе аз шаҳрвандон, аз ҷумла хабарнигорон, шудааст. Назаратон чист?
  • Чанд сол пеш гуруҳе аз намояндагони мухолифин дар хориҷа "Паймони миллӣ" таъсис доданд. "Гуруҳи 24" напайваст, рад кард. Чаро?

Бобоҷон Қаюмов: "Байни ду созмон ҳеч ихтилофи усулиро намебинам. "Гуруҳи 24" ҳам ба арзишҳои исломӣ эҳтиром қоил аст. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам борҳо эълон карда, ки тарафдори як низоми демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Бисёре аз созмону гуруҳҳо як ҳадафро дунбол мекунанд, аммо метавонанд, барномаву роҳҳои гуногунро пеш бигиранд."

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: "Чӣ хеле зикр шуд, ихтилофи назар миёни ду созмон ҳаст. "Гурӯҳи 24" ояндаи кишварро чӣ хел мебинад? Бояд давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дар рӯйи коғаз набошад. Сарқонун бояд иваз шавад ва бо раъйи мардум қабул гардад. Дар он озодии инсон дар ҷойи аввал бошад. Ихтилофи назар дар ҳар гуруҳе ҳаст, вале онҳо метавонанд бо ҳам биёянд, бинишинанду суҳбат кунанд ва барои ба ҳадаф расидан якҷо шаванд."

Бобоҷон Қаюмов: "То замоне ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар расман фаъолият дошт, журналистҳоро ба ҳамкорӣ ба "Салафия", "Ҳизбуттаҳрир" ё "Ҷамоати таблиғ" ва дигару дигар айбдор мекарданд. Ҳоло агар Ҳизби наҳзат ва "Гуруҳи 24" ҳам набуд, маълум нест, боз ба чӣ муттаҳам мекарданд. Ин баҳона аст барои ҳукумат ва ҳамеша истифода хоҳад кард."

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: "Ҳаракати сиёсии "Гуруҳи 24" аз рӯзе, ки рӯйи саҳна омад, ба мардум чиро омӯзонд? Аввал диктатор гуфтанро. Ин калима дар Тоҷикистон истифода намешуд. Худкома гуфтану баёни сухани ҳақро омӯзонд. Барои ҳукумат фарқ надорад, ин гап аз тарафи "Гуруҳи 24" мебарояд, шаҳрвандони одӣ, рӯзноманигор, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ё ҳизби дигаре. Ҳукумат ба зидди ҳақиқат ва ростгӯӣ мубориза мекунад."

Бобоҷон Қаюмов: "Инҷо мавриди воҳима нест. "Гуруҳи 24" интихоб намуд, ки вориди "Паймони миллӣ" нашавад. Имрӯз фаъолият дорад, дар инҷо ҳеч бархурде ҳам ҷой надоштааст."

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор: "Дар ҳақиқат, баъзеҳо тасаввур мекунанд, ки мушкили ҷиддӣ вуҷуд дорад, ин тавр нест. Албатта, "Гуруҳи 24" зери чатри кадом ҳизб ва кадом гуруҳ ва барномаи касе намеравад. Барномаи худашро дорад. Мо омодаи ҳамкорӣ бо тамоми қишри ҷомеа ҳастем, чӣ Ҳизби наҳзат бошад, чӣ созмоне дар дохили кишвар, вале зери таъсири онҳо нахоҳем рафт."

Видео ва баҳси комилро дар инҷо бинед:

Гапи Озод: "Гуруҳи 24" ва Ҳизби наҳзат чӣ ихтилоф доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:00 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG