Як корманди қисми низомии вобаста ба Идораи зиндонҳои Тоҷикистонро ба ҳафт сол ҳабс маҳкум карданд.
Бар асоси ҳукми Додгоҳи ҳарбӣ, ки моҳи майи имсол эълон ва танҳо 28-уми июл тавассути сомонаи Додситонии кул расонаӣ шуд, Абдусаттор Мирзоев ба ҷонибдорӣ аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва "тамос бо Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯров" гунаҳкор шудааст.
Пайвандони Мирзоев ва вакили мудофеаш ҳанӯз дар бораи ҳукми додгоҳ изҳори назар накарданд. Дақиқ нест, худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфтааст. Талошҳои мо барои ёфтани пайвандонаш то ин дам натиҷа надод.
Додситонии кул чӣ гуфт?
Як манбаъ дар Додситонии ҳарбии Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба ӯ “бар асоси шикояти ҳамкоронаш ва маводи интернетӣ парванда кушода”, дар миёнаҳои моҳи апрел ба додгоҳи ҳарбӣ фиристода буданд.
Додситонии кул 28-уми июл дар хабарномае гуфт, Абдусаттор Мирзоев тақрибан як сол "шабона ва пас аз рафтани коргарон" тавассути Интернету телефон бо Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯров дар тамос буда, "аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намудааст".
Дар хабарнома гуфта мешавад, дар ин суҳбатҳо дар бораи "инқилоб" ва "тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ" таъкид шуда, Мирзоев вазифадор гардидааст, "дар ҳолати дар муассисаҳои ислоҳӣ cap задани ошӯби маҳбусон... воситаҳои алоқа ва қувваи барқро... хомӯш кунад."
Тасдиқи ин ҳарфҳо феълан аз манобеи дигар ғайриимкон аст.
Абдусаттор Мирзоев "сардори анбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои муҳофизативу муҳандисии қисми ҳарбии 6593", вобаста ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, будааст.
"Ҳамкорӣ надоштем, намешиносем"
Дар ҳоле ки Додситонии кул дар хабарномааш Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯровро аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ номидааст, раҳбарияти ин ҳизб дар хориҷа мегӯяд, аввалӣ мудири сомонаи “Ислоҳ” асту ба онҳо рабт надорад ва дувумӣ узви “Гурӯҳи 24” аст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам ҲНИТ ва ҳам “Гурӯҳи 24”-ро мамнуъ донистааст, ҳарчанд раҳбаронаш дар хориҷа қарорро бепоя ва бештар сиёсӣ меҳисобанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ”, рӯзи 29-уми июл гуфт, то ҳол бо нафаре бо номи Абдусаттор Мирзоев ҳамсуҳбат набуд ва ҳеч иртибот надошт. Вай афзуд, “ин номро дар сомонаи Додситонии кул ва расонаҳои дигар дидааст”.
Ҳусейн Ашӯров рабт доштани худро бо ҲНИТ рад кард ва гуфт, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” аст, аммо Абдусаттор Мирзоевро намешиносад.
Вакили мудофеи Мирзоев дастрас нест ва дақиқ нест, ин масъули қисми ҳарбии зиндонҳо таҳти чӣ шароите бозпурсӣ ва то куҷо иттиҳомро эътироф кардааст. Ҳамсуҳбати мо дар Додситонии ҳарбӣ гуфт, Абдусаттор Мирзоев бо вакили мудофеи давлатӣ таъмин карда шуда буд.
Бархӯрди духела барои суҳбат бо мухолифин?
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар Аврупо ба сар мебарад, гуфт, бархӯрди мақомот ба қонунгузориҳо ба таври дугона сурат мегирад.
“Вақте онлайн суҳбат мекунам, кормандони идораҳои давлатӣ аз ноҳияҳо бо ному насаби расмӣ бо ман суолу ҷавоб мекунанд. Аз онҳо мепурсам, ки барои суҳбат бо ман таъқиб намешавед? Онҳо рад мекунанд. Мақомот ба ин афрод кордор нестанд. Аммо як шахсеро, ки рӯшан нест, дақиқан чӣ гуфтааст ва кай гуфтааст, барои 7 сол ба зиндон меандозанд", -- афзуд ӯ.
Аз оғози имсол чандин нафарро бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва мудири сомонаи “Ислоҳ” дастгир ва баъзе аз онҳоро ба зиндон маҳкум кардаанд. Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол танҳо дар Кӯлоб панҷ нафар бо гуноҳи ҳамкорӣ бо ҲНИТ аз панҷ то ҳашт сол ҳабс шуданд.
Ду ҳафта пеш раиси Додгоҳи минтақаи Кӯлоб гуфт, Маҳмадсодиқ Саидов, имомхатиби 28-солаи масҷиди маҳаллаи “Нонвойи поён” бо гуноҳи ба Муҳаммадиқболи Садриддин фиристодани мавъизаҳои Кумитаи дин ба 5 сол зиндон маҳкум гардид.
Муҳаммадиқболи Садриддини 43-сола дар Аврупо ба сар мебарад. Вай пештар масъули сомонаи "Васатият" буд, чаҳор соли охир мудири сомонаи "Ислоҳ" аст ва бештар дар бораи камбудҳои мансабдорони тоҷику аъзои хонаводаашон ва мушкили сокинон матлаб нашр мекунад.
Мақомот дар оғоз ӯро ба қаллобӣ муттаҳам карда буданд. Додситонии кул 28-уми июл дар хабарномааш навишт, ӯ бо гуноҳи ифротгароӣ дар кофтукоб аст. Чизе, ки Муҳаммадиқболи Садриддин тасмими сиёсӣ ва ҳосили танқидҳояш аз мансабдорон медонад.