Баъзе аз намояндагони мухолифини тоҷик дар нишасти Варшава аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқи одамон дар кишвар маҷбур бикунанд. Онҳо “қатъи ёрӣ” ва “ҷорӣ кардани таҳрим”-ро намуна оварданд. Вокуниши мақомот маълум нест, чун намояндагонаш имсол ба нишаст нарафтанд, вале дар баёнияҳои пешина ҳамагуна нақзи ҳуқуқи сокинонро рад кардаанд.
Пешниҳоди ҳомии ҳуқуқ
Дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава рӯзи 29-уми сентябр фаъолону ҳомиёни ҳуқуқ аз афзоиши фишор ба мардуми Бадахшон ва таҳқиқ нашудани саркӯби эътирозгарон дар моҳи майи имсол изҳори нигаронӣ карданд. Мақомоти Тоҷикистон амалиёти моҳи майро дар ВМКБ “мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноӣ” номидаанд.
Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи башар, дар ҷаласаи САҲА иддао кард, ки моҳи май дар Бадахшон “тақрибан 68 нафар кушта, 200 кас боздошт шудаанд”. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти беш аз дусад нафарро тасдиқ кард, вале танҳо дар бораи кушта шудани 16 нафар гузориш дод. Кандуков ва суҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо мардуми маҳаллӣ ошкор кард, ки камаш 34 нафар ҷон бохтаанд.
“Тақрибан 13 фаъоли помирӣ имсол дар Русия дуздида шуданд. Ин маъракаест, ки мунтазам зидди помириҳо анҷом мешавад. Бинобар ин, фикр мекунам, бояд дар ин бора чун ҷиноят алайҳи башарият суҳбат кунем ва бояд хатари ҷой доштани куштори ҷамъиро ҳам таҳқиқ кунем,” – гуфт Свердлов дар шарҳи суҳбатҳояш рӯзи 29-уми сентябр.
Фаъолону намояндагони мухолифини тоҷик дар идома ба он таъкид карданд, ки мардум дар Бадахшон аз бисёр имкониятҳо барои зиндагии хуб маҳруманду ҳукумат ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад.
Стив Свердлов ва баъзе иштирокдорони дигари ҷаласа таҳияву роҳандозии рӯйхат ва ё қонуни Магнитскийро пешниҳод карданд.
“Мо бояд мисли рӯйхати Магнитский як феҳрасти Улфатхонимро таҳия кунем. Дар руйхати Магнитский шахсоне дохил карда шудаанд, ки ҷиноятҳои ҷиддии вобаста ба ҳуқуқи байнулмилалиро содир мекунанд. Аксарияти онҳо таҳрим мешаванд ё суратҳисобашон баста мегардаду ба онҳо виза ё раводид намедиҳанд. Фикр мекунам, вазъ дар Тоҷикистон то ҳадде ҷиддӣ аст, ки бояд сари ин масъала фикр кунем,” – илова кард Свердлов.
“Масъала ҳаст, вале ислоҳе нест”
Намояндагони созмонҳои мухолифини тоҷик ба он таъкид карданд, ки вазъи бади ҳуқуқи башар, аз ҷумла бархӯрди мақомот бо аҳолии Бадахшон, чанд сол боз дар чунин ҷаласаҳо матраҳ мешавад, вале ислоҳеро намебинанд.
Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24", гуфт: "Аз соли 2016 дар ин нишасти байнулмилалӣ дар Варшава иштирок мекунем. Мо дар бораи мушкил ва бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар кишвари мо суҳбат мекунем. Суоли ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳайатҳо ва намояндагони ҷомеаҳои гуногун ин аст, ки кай алайҳи ин гуна ҳукумат ҷиддан ва воқеан амал мекунем?”
Намояндагони дигари мухолифин ҷомеаи ҷаҳониро ба бархӯрди дугона бо вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон танқид карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони тоҷик дар Аврупо, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, аз вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳодисаҳои Бадахшон норозигӣ кард.
Ӯ гуфт, "агар ин ҳодиса дар ҳар кишвари дигаре рух медод, бархурд бо он комилан дигар мебуд." Дар мавриди Тоҷикистон, ба гуфтаи Кабирӣ, созмонҳо зоҳиран аз эҳтиёт кор мегиранд: "Фикр мекунанд, бо ҳукумати Тоҷикистон зарурати ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва набояд ҳамкорони тоҷик ба хашм оварда шаванд. Онҳо масъалаи Бадахшонро матраҳ намекунанд. Шояд ҳам матраҳ кунанд, вале ба расонаҳо роҳ намеёбад."
Чаро ҳайати расмии Тоҷикистон нест?
Ҳайати расмии Тоҷикистон имсол дар ҷаласаи Варшава ширкат надорад ва пурра ба ихтиёри мухолифон гузоштани майдони баҳсро бархе танқид кардаву суол гузоштаанд, ки ин амали мақомот ба чӣ маънӣ буда метавонад. Мақомот дар Душанбе масъаларо шарҳ надоданд. Ташаббускорони ҷаласа ҳам дар ин бора посухи дақиқ нагуфтаанд.
Теа Ҷалиашвилӣ, иҷрокунандаи раиси дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, иштироки намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласа озод аст.
Ӯ афзудааст, созмон танҳо шароит фароҳам овард, ки намояндагони кишварҳо ҷамъ омада, аз вазъи ҳуқуқи башар ва кору барномаҳои худ дар ин самт гап зананд.
Таъқиби наздикон
Арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯзи 26-уми сентябр дар Варшава – пойтахти Лаҳистон (Полша) – шуруъ шуда, то 7-уми октябр идома мекунад. Дар рӯзи чоруми ҷаласа, ки онро Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ODIHR) ва ҳукумати Полша ташкил кардаанд, фаъолону мухолифони тоҷик мавзӯи маҳбусони сиёсӣ ва таъқибу шиканҷаи занону модарони онҳоро матраҳ карданд.
Гулбарг Сайфова, паноҳандаи тоҷик дар Аврупо, аз сарнавишти Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб ва Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, ду узви зиндонии ҲНИТ, ёд овард, ки “борҳо мавриди фишору шиканҷаи мақомот қарор гирифтанд”.
Сайфова ҳамзамон аз он нигаронӣ кард, ки занону модарони маҳбусони сиёсӣ «мамнуъулхуруҷ» шудаанд ва ҳукумат ба онҳо иҷоза намедиҳад, аз кишвар берун раванд. Дар ин маврид аз ҳамсари Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти зиндониҳо, мисол овард, ки "хеле мариз буд, вале мақомот нагузоштанд, ба хориҷа ба назди шавҳараш биравад."
Сайфова илова кард, ки наздикони хабарнигор Анора Саркорова дар Душанбе низ барои бозтоби ҳодисаҳои Бадахшон мавриди фишор қарор гирифтанд.
Ин зани паноҳандаи тоҷик суҳбаташро дар ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башар бо ин хулоса кард, ки дар Тоҷикистон "зан-модар будан осон нест ва барои ҳар фаъолияту амали наздикон онҳо ҷавобгар хоҳанд шуд." Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта хабарҳоро дар бораи фишори наздикони боздоштшудаҳо беасос хондаанд.
Гуфтугӯ