Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон. Пайомадаш чӣ хоҳад буд?


Нерӯҳои Арманистон дар ҳоли рафтан ба Қазоқистон
Нерӯҳои Арманистон дар ҳоли рафтан ба Қазоқистон

Брюс Паннир

Эътирозҳо дар Қазоқистон тақрибан як ҳафта пеш ба далели боло рафтани нархи гази моеъ дар шаҳри нафтии Жанаозен оғоз ёфт. Баъдан одамон ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои дигари Қазоқистон баромада, аз сиёсати ҳукумати худкома ибрози норозигӣ карданд.

Миқёси эътирозҳо боиси нигаронии президент Қосимҷомарт Тоқаев шуд. Вай дарҳол дар бораи поин овардани нарх фармон дод, кумисюни вижа ташкил кард ва ҳукуматро ба истеъфо фиристод, аммо эътирозҳо бас нашуданд. Сипас Тоқаев тасмим гирифт, рафторашро дигар кунад. Вай эътирозгаронро "гурӯҳҳои террористӣ" номид, ки "дар хориҷ тамрини ҷиддӣ дидаанд" ва "ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон амали таҷовузкорона аст".

Нерӯҳои Русия
Нерӯҳои Русия

Чаро СПАД "не" нагуфт?

Тоқаев ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД), созмони низомии иборат аз шаш кишвари пасошӯравӣ (Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон), ки бо ташаббуси Маскав таъсис ёфтааст, муроҷиат кард. СПАД қаблан ҳеч гоҳ нерӯҳояшро барои ширкат дар даргириҳо нафиристода буд. Ин дафъа ба дархости раиси ҷумҳури Қазоқистон "не" нагуфт.

Рӯзи 6-уми январ аллакай нерӯҳои Русия вориди Қазоқистон шуданд. Дертар Тоҷикистону Қирғизистон ҳам нерӯҳои худро фиристоданд.

СПАД дар инқилобҳои Қирғизистон; ҷанги Арманистону Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ ва муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрели соли 2021 иштирок накард. Бар асоси моддаи 7-и Оинномаи СПАД, ин созмон ҳақ дорад, “дар сурати таҳдид ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрӣ” ба қаламрави яке аз кишварҳои узв нерӯ фиристад.

Марзи миёни Русия ва Қазоқистон 7000 километрро ташкил медиҳад ва изҳороти Тоқаев дар бораи "гурӯҳҳои байнулмилалии террористӣ" далели кофӣ арзёбӣ шудааст. Эҳтимол ин ба Тоқаев барои ҳифзи қудрат ёрӣ кунад, аммо ворид шудани нерӯҳои хориҷӣ ба Қазоқистон, ба гумон аст, аз тарафи аҳолӣ пуштибонӣ ёбад.

Вокунишҳо аз берун

Сафири собиқи Амрико дар Қазоқистон Вилям Кортни дар Твиттер навишт: "Мардуми Қазоқистон мефаҳманд, ки шӯриш алайҳи зулму фасод буд, на таҷовузи гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷа."

Вай ҳамзамон ба ин бовар аст, ки "мардуми Қазоқистон дахолати низомии Русияро бад қабул хоҳанд кард, зеро соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли кишвари худро қадр мекунанд. Мудохилаи низомӣ метавонад, муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсояро, ки тайи 30 соли охир инкишоф ёфтааст, халалдор кунад."

Наргис Қасенова аз Маркази Дэвис (Маркази таҳқиқоти Русия ва АвруОсиё) дар Донишгоҳи Ҳарвард, менависад, дархости кумак аз СПАД "қарори даҳшатбор" аст, ки "имкони ҳифзи қонунӣ будани Тоқаевро аз байн мебарад."

Норозигӣ дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон, ки узви СПАД аст, масъалаи фиристодани нерӯҳои посдори сулҳ баҳсҳои зиёде барангехт. Масалан, вакили порлумон Исҳоқ Масалиев, гуфт: “Ҳамон тавр, ки маънои узв будан дар СПАД-ро мефаҳмам, низомиёнро танҳо дар сурати таҳдиди берунӣ ба ин ё он узви созмон ҷалб кардан мумкин аст.”

Сиёсатшинос Аида Алимбоева бар ин назар аст, ки “ибтикори Тоқаев барои раҳбарони худкома дар Осиёи Марказӣ намунае хоҳад шуд”. Дар назди бинои порлумони Қирғизистон низ тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд, ки ба Қазоқистон сарбоз нафиристанд. Бо вуҷуди ин, порлумон рӯзи 7-уми январ ба фиристодани нерӯҳо розӣ шуд.

Эътироз дар Қирғизистон
Эътироз дар Қирғизистон

Раҳбари ҳизби “Ислоҳот”, Клара Сооронқулова, гуфт, вакилон наметавонанд, чунин тасмим бигиранд, зеро президент Содир Жапаров аз Қосимҷомарт Тоқаев пуштибонӣ мекунад. “Тоқаев мегӯяд, инҳо террористанд. Не. Агар инҳо террорист бошанд, пас, чаро низомиён ба тарафи онҳо гузаштанд?" – суол гузошт Сооронқулова.

"Оромӣ" дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба зидди фиристодани нерӯҳои кишвар ба Қазоқистон мухолифат накарданд. Порлумон дар ҷаласае оромона ин тасмимро пазируфт ва манобеи расмӣ гуфтанд, ки нерӯҳо барои муҳофизати мактабҳо, бемористонҳо ва иншооти иҷтимоӣ сафарбар карда мешаванд.

Танҳо баъзе аз рӯзноманигорон ва мухолифони ҳукумат дар хориҷа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ норозигии худро аз фиристодани нерӯҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон баён доштанд.

Мақомоти Русия ва Қазоқистон ҳам мегӯянд, нерӯҳои СПАД иншооти стратегиро посбонӣ мекунанд, аммо дар “амалиёти зиддитеррористӣ” ширкат намекунанд. Дар ҳамин ҳол, бисёриҳо дар Қазоқистон ворид шудани нерӯҳои хориҷиро даст кашидан аз соҳибихтиёрӣ ва далели сустии Тоқаев медонанд, зеро дар оянда Кремл метавонад, хостҳои худро ба ӯ “дикта” кунад.

XS
SM
MD
LG