Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маскав намемонад, ки Тоқаев биравад." Паёми эътирозҳои Қазоқистон ба кишварҳои худкома. ВИДЕО


Алмаато, 5-уми январи 2022
Алмаато, 5-уми январи 2022

Бисёре аз раҳбарони ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ эътироз ва хушунатҳои охирро дар Қазоқистон бо нигаронӣ пайгирӣ мекунанд.

Муроҷиати президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) барои ёрии низомӣ саҳифаи наверо дар мубориза барои қудрат боз кард. Субҳи 6-уми январ гуруҳи аввалини низомиёни рус барои ёрӣ ба саркӯби эътирозу муқовиматҳои мусаллаҳонаи бесобиқа дар фурудгоҳи пойтахти пешини Қазоқистон, шаҳри Алмаато, поин омаданд. Мақомот гуфтанд, онҳо бахше аз нерӯҳои посдори сулҳи СПАД, як созмони низомии зери назари Русия, ҳастанд.

Тоқаев дар шарҳи далели даъваташ аз нирӯҳои СПАД гуфт, ба Қазоқистон “террористони байнулмилалӣ” ҳамла кардаанд, ки дар хориҷа тамрин гирифта, “истеҳкоми давлат”-ро ба ҳам мезананд. Ӯ рӯзи 11-уми январ гуфт, ки рисолати нерӯҳои посдори сулҳ ба итмом расид ва баъди ду рӯз онҳо ба тарк кардани кишвар шуруъ хоҳанд кард.

Вале фиристодани нерӯҳои Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Қазоқистон дар чаҳорчӯби СПАД ҳамчун саҳифаи тозае дар буҳрони башиддат тағйирёбандаи ин кишвари Осиёи Марказӣ арзёбӣ шуд. Буҳроне, ки на танҳо низоми худкомаи Қазоқистонро такон дод, балки автократияҳои дигар – аз Тоҷикистон сар карда то Беларусу Русияро ба шиддат нигарон кард.

Александр Габуев
Александр Габуев

Александр Габуев, таҳлилгари маркази Карнеги дар Маскав, мегӯяд, Русия ин навбат ҳам нишон дод, ки “муттафиқонашро дастгирӣ мекунад” ва “дар сурати комёбӣ, нақши Русия ба ҳайси кафили амният дар минтақа боло меравад”.

Дар Қазоқистон эътирозҳои сулҳомез 2-юми январ бо сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ шуруъ шуд ва дертар тамоми кишварро фаро гирифт. Мояи асосии норозигии мардум президент Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти нахустини кишвар Нурсултон Назарбоев шуданд.

Назарбоев давоми 30 сол президенти Қазоқистон буд ва ҳатто баъди истеъфояш дар соли 2019 дар қудрат нақши асосиро ҳифз кард.

Норизоият аз нархи маҳсулот, номуайянии вазъи иқтисодӣ, фасоди сартосарӣ ва низоми худкома боиси беназмиҳо шуд. Дар натиҷа, дар давоми чанд рӯз ҳазорҳо мардуми ношинос идораҳои давлатӣ, студияҳои телевизион, фурудгоҳҳову фурӯшгоҳҳоро забту ғорат карданд.

Мақомоти Қазоқистон дар баробари сафарбар кардани артиши миллӣ, бо баҳонаи “амалиёти зиддитеррористӣ” ба СПАД муроҷиат карданд, то мавҷи эътирозҳоро хомӯш бикунанд. “Ин амали Қазоқистон барои бисёре аз раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ намунаи ибрат мешавад,” -- мегӯянд таҳлилгарон.

Ин ҳолат пеш аз ҳама ба худи Русия дахл дорад, чун, ба қавли коршиносон, бо ёдоварӣ аз эътирозҳои зидди нирӯҳои рӯ ба Русия дар Украина (2014) ва эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Беларус (2020), Путин бе мулоҳизаи зиёд розӣ шуд, ба мақомоти Қазоқистон ёрии бесобиқаи низомӣ расонад.

Габуев мегӯяд, “Маскав намемонад, ки Тоқаев биравад. Баръакс, он ҷо нишон медиҳанд, ки бо ҳама роҳҳо омода ҳастанд, режимро наҷот диҳанд.”

Нерӯҳо дар майдони марказии Алмаато, 6-уми январи 2022
Нерӯҳо дар майдони марказии Алмаато, 6-уми январи 2022

Вокуниш дар кишварҳои ҳамсоя

Қарори ба Қазоқистон фиристодани нирӯҳои СПАД-ро аввал нахуствазири Арманистон Никол Пашинян эълон кард. Вай ҳоло раҳбарии ин созмонро ба уҳда дорад. Пашинян гуфт, нирӯҳо то замони ҷорӣ шудани тартибу интизом “муҳлати маҳдуде” дар он ҷо мемонанд ва асосан ба назорати амнияти муассисаҳои стратегӣ машғул мешаванд.

Ин аввалин маврид дар таърихи СПАД аз замони таъсисёбии он буд, ки эътилофи низомӣ барои кумак ба як узваш нирӯ фиристод. Дар гузашта ин созмон, ки ба узвияташ Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил ҳастанд, аз ширкат дар ихтилофҳои низомӣ дар Қирғизистон (2010) ва ё низои Арманистону Озарбойҷон (2020) розӣ нашуда буд.

Наворро дар инҷо бинед:

Кӣ аз бӯҳрони ахири Қазоқистон бурд мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00

Габуев мегӯяд, бо ин ки дар низои Қазоқистон ҳеч нишонаи ҳамла аз берун вуҷуд надорад, раҳбарияти ин кишвар маҳз дар бораи таҳдиди террористӣ хабар дод. Ин баҳонаи расмӣ барои мудохила кардани нирӯҳои СПАД зарур буд. Ба қавли Габуев, “ин чиз ба нақши вижаи Қазоқистон дар сиёсати хориҷии Русия ишора мекунад”.

Хабари ирсоли нирӯҳои СПАД чанд соат баъди он нашр шуд, ки Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, дар вокуниш ба буҳрони Қазоқистон гуфт, давлатҳои хориҷӣ набояд ба корҳои дохилии Қазоқистон мудохила кунанд.

Тоқаев инчунин бо раҳбари Беларус Александр Лукашенко суҳбат кард, ки соли 2020 бо шеваи бисёр бераҳмона намоишҳои мардумиро дар кишвараш саркӯб кард ва аз он замон акнун қудрати ӯ аз дастгирии сиёсиву иқтисодии Русия сахт вобаста шудааст.

Нерӯҳои Беларус дар Алмаато
Нерӯҳои Беларус дар Алмаато

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар изҳороте ҳукумати Қазоқистонро пуштибонӣ карда, изҳори умед намуд, ки “қазоқистониҳо тавони мустақилона ҳал кардани мушкилоти сарзадаро доранд”.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев
Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев

Рӯзи 6-уми январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, Душанбе "аз талошҳои раҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда", умедвор аст, вазъ бо гуфтугӯ ва муколама ҳал мешавад. Айни замон, президенти Тоҷикистон омодагии кишварашро барои ширкат дар ҳайати нерӯҳои сулҳофари Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ баён намуд.

Чин, як шарики дигари муҳими Қазоқистон, аз вазъ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, нақши Қазоқистон дар тарҳи “Як камарбанд - як роҳ” ва ҷалби миллиардҳо доллар сармоя хеле муҳим мебошад. Рӯзи 6-уми январ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин гуфт, ҳодисаҳои Қазоқистон кори дохилии ин кишвар аст ва дар Пекин ба ҳарчи зуд муътадил шудани он умед мебанданд.

Собиқ сардабири нашрияи давлатии Global Times Ҳу Сидзин дар Твиттер навишт, ки беназмиҳои Қазоқистон ба “инқилоби ранга” монанд аст ва аз ин рӯ буҳрони ин кишварро бо эътирозҳои мардумӣ дар Гурҷистон дар соли 2003 ва Украина дар соли 2005 монанд кард. Он замон эътирозҳои мардумӣ боиси аз қудрат маҳрум шудани раҳбарони рӯ ба Кремлини он кишварҳо шуда буд.

Вай инчунин тахмин кард, ки Русия ва Чин дар ҳамоҳангӣ талош хоҳанд кард, ки бо “мудохилаи беруна” муқовимат кунанд. Айни чунин андешаро пеш аз ин Тоқаев ҳам баён карда, гуфта буд, ки “Русияву Чин намегузоранд, ки (Амрико) ва Ғарб Қазоқистонро дучори беназмиҳои дарозмуддат кунанд.”

Аҳди нав

Таҳаввулоти Қазоқистон ба вазъи гӯшаҳои дигари минтақа бетаъсир намемонад. Дар оғоз Тоқаев талош кард, ба талаби эътирозгарон гузашт кунад ва бо қарорҳои худ нархи сӯзишвориро таҳти назорат бигирад, ҳукуматро ба истеъфо фиристад. Вале иқдомҳои бо норизоиятҳои мардум аз вазъи сиёсиву самтгириҳои иқтисодии кишвар дар даҳсолаҳои гузашта таъсири андаке дошт.

Дар давоми 30 соли режими Назарбоев дӯстону наздикон, аъзои оилаву хешовандони дигари ӯ ва инчунин ҳизби ҳокими “Нур Отан” назорати пурраро аз болои вазъи сиёсиву матбуоти кишвар ба даст оварданд. Дар гузашта ҳам дар посух ба баъзе эътирозҳои ҷудогонаи мардумӣ сабукиҳои муайяне ҷорӣ карда буданд.

Соли 2019 Назарбоев аз мақоми президентӣ канор рафт, вале дар нақши “пешвои миллат” қудрати азими расмиву ғайрирасмиро ҳифз кард.

Он замон ӯ Тоқаевро вориси худ интихоб кард ва яке аз аввалин корҳое, ки Тоқаев кард, номи пойтахт - шаҳри Остонаро ба Нурсултон иваз намуд. Лука Анчески, профессор ва муҳаққиқи масоили АвруОсиё дар донишгоҳи Глазго, мегӯяд, “Қазоқистон нишон дод, ки бидуни тағйир додани режим ҳам раҳбарро иваз кардан имкон дорад.”

Эрика Марат
Эрика Марат

Майдони сиёсии Қазоқистон аз ҳама гуна раҳбарони оппозитсионӣ пок карда шуд ва ин кор самтгириҳои ҳама гуна эътирозҳои баъдӣ ва ҳам имкони муттаҳидшавӣ барои анҷоми ҳама гуна ислоҳотро зери суол бурд.

Эрика Марат, як омӯзгори донишгоҳи умури дифои Амрико, мегӯяд, “эътирозҳои Қазоқистон раҳбари мушаххасе надоранд, оппозитсияи муттаҳида вуҷуд надорад ва ин маънои онро дорад, ки режим метавонад дубора барқарор шавад”. Тамоми ин вазъият мавриди назорати кишварҳои ҳамсоя хоҳад буд.

Вале, ба гуфтаи Эрика Марат, “СПАД ҳеч гуна мушкилоти дохилӣ дар кишварро ҳал намекунад, вазъияти сиёсӣ ё иқтисодиро беҳтар намекунад”. Аз ин рӯ, ба бовари ӯ, “низоми худкома қавитар мешавад ва ин чиз боиси тавсеаёбии ҳаракатҳои эътирозӣ дар оянда хоҳад шуд.”

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG