Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар давраи ӯ як гуруҳ сарватманд шуд". Танқиди расмӣ ва ошкор аз Назарбоев


Нурсултон Назарбоев соли 2019 аз мансаби президенти Қазоқистон истеъфо дод, аммо ҳузурашро дар қудрат ҳифз кард
Нурсултон Назарбоев соли 2019 аз мансаби президенти Қазоқистон истеъфо дод, аммо ҳузурашро дар қудрат ҳифз кард
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар ҷаласаи порлумон бори дигар аз "ҳамлаи террористӣ" ба кишвараш суҳбат кард, аммо номи воқеии "душман"-ро нагуфт. Ҷаласа 11-уми январ, баъди беназмиҳои як ҳафтаи охир, барпо шуд. Тоқаев бори аввал ба таври расмӣ ва бепарда президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро танқид кард, ки ба гуфтааш, "дар аҳди ӯ як гуруҳ фавқулода сарватманд шуданд". Нуктаҳои муҳими суҳбатҳои Тоқаевро шореҳи масоили Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ Мерҳат Шарифҷон шарҳ дод.

Радиои Озодӣ: Танқиди ошкоро ва аз ин назар бемисли Тоқаев аз Назарбоев чӣ маъно дорад?

Мерҳат Шарифҷон: Бале, ин воқеан ҳам танқиди аввалини ошкорои ӯ аз Нурсултон Назарбоев буд. Ҳарчанд исмашро ба забон наовард, вале "президенти нахустин" ва "Элбасӣ" ("Пешвои миллат") ном бурд. Вай гуфт, дар давраи ҳокимияти Назарбоев дар кишвар ширкатҳои хеле муваффақу шахсиятҳои сарватманд дар сатҳи байнулмилалӣ арзи ҳастӣ карданд, ҳоло вақти он расидааст, ки моли мардум ба мардум баргардонда шавад. Ҳамчунин гуфт, "олигархҳо дар кишвар пеши роҳи рақобатро гирифтаанд". Яъне, ба таври ошкоро гуфтан мехоҳад, ки бо Назарбоев пайванд надорад, чунки то ҳол бисёриҳо ӯро "одами Назарбоев" меномиданд. Вале ба назар мерасад, ҳодисаҳои ҳафтаи гузашта дар Қазоқистон ба тақсими қудрат рабт дошт. Зоҳиран таҳаввулоти охир ба заиф шудани саломатии Назарбоев рабт дорад. Шояд вазъи саломатиаш хеле бад шудааст ва атрофиёни ӯ талош карданд, Тоқаевро аз қудрат барканор кунанд.

Радиои Озодӣ: Оё изҳороти Тоқаевро мешавад ҳамчун оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ арзёбӣ кард ва ё ин танҳо талоши тарҳрезии нави унсури қудрат ба хотири тақвияти мавқеи баъдии худи ӯст?

Мерҳат Шарифҷон
Мерҳат Шарифҷон

Мерҳат Шарифҷон: Ҳоло чизе гуфтан барвақт аст. Вале аввалин паём ба мардум нигаронида шудааст, ки дигар аҳди Назарбоев ба охир расид ва ҳама чиз дигаргуна мешавад. Ин пеш аз ҳама ба хотири он аст, ки лахчаҳои эътирозҳое, ки ҳамоно дар ҷануб, ҷанубу ғарб ва ғарб ҳифз мешаванд, хомӯш карда шаванд, мардум пурра ором шаванд. Вале ҳоло аз гуфтани ин ки ислоҳоти пурра барпо мешавад, худдорӣ мекунам, чунки гапи ин ки "20 ҳазор террорист ҳамла кардааст", гапи холӣ нест ва онҳое, ки дар артиш хидмат кардаанд, инро хуб мефаҳманд. То ҳоло ҳеч як террористро нишон надоданд. Як пианинонавози қирғизро нишон доданд, ки зери латукӯб ба худ туҳмат кард. Тоқаев ба таври ошкор Ғарбу матбуотро танқид кард, вале дар бораи мардум ва онҳое, ки кушта шуданд, як калима гуфта нашуд. "Террористҳо кушта шуданд" мегӯянд, вале намегӯянд, ки онҳо кистанд. Дар ҳоле ки кӯдакон ҳам кушта шудаанд. Ислоҳот, албатта, мешавад, вале вусъати онҳову сифаташон чӣ гуна мешавад, онро бояд дид.

Радиои Озодӣ: Тоқаев дар ҳоле ба ташкили тими нави худ мепардозад, ки ҳодисаҳои охир хеле суолбарангез буданд...

Мерҳат Шарифҷон: Мардум ҳеч гоҳ амри ӯро дар бораи "бе огоҳӣ тир кушодан" фаромӯш намекунад. Агар ҳатто ислоҳот шаваду интихоботи одилона, мардум ин амри ӯро ҳеч гоҳ намебахшад ва ин чиз сустии ӯ дониста мешавад. Агар баъзе аз омадани нерӯҳои СПАД ва ором шудани вазъ розӣ бошанд, дар минтақаҳои ғарбу ҷануб (бештар қазоқтаборҳо зиндагӣ мекунанд) барои амраш дар мавриди нобуд кардани эътирозгарон ба ӯву ҳафт пушташ лаънат мехонанд. Аз эътирозҳо суистифода шуд. Гуфтанд, ки эътирозҳо кори тарафдорони Назарбоев буд, вале аз ин эҳсосот баъдан худи Тоқаев ҳам истифода кард. Аз ин ҷиҳат ба ӯ осон намешавад. Агар мо ба масъалаи тими нав рӯ орем, боз ҳам мебинем, ки аъзои он одамони собиқ атрофи Назарбоев ҳастанд. Масалан, нахуствазири наве, ки имрӯз таъин шуд – Алихон Исмоилов – ӯ дар гузашта вазири молия буд. Худи Тоқаев одами Назарбоев буд. Ба назари ман, агар ӯ аз хориҷа раҳбарони мухолифонро ба кишвар даъват кунад, ба манфиаташ мешуд. Акежан Кажегелдин яке аз онҳо аст. Галимжан Жакиянов, ки 7 сол зиндонӣ буду ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад, аз шахсони дигар аст. Агар онҳоро ба ҳукумат ҷалб карда метавонист, беҳбуди кор мешуд.

XS
SM
MD
LG