Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пекин ва Душанбе пойгоҳи ҳарбии Чинро дар Тоҷикистон рад карда, вале дар бораи иншооти нав дар Ишкошим нагуфтанд


Нерӯҳои Тоҷикистон ва Чин ҳангоми посбонӣ. Наздикии Қошғар, шимолу ғарби Шинҷон. 18-уми майи соли 2019
Нерӯҳои Тоҷикистон ва Чин ҳангоми посбонӣ. Наздикии Қошғар, шимолу ғарби Шинҷон. 18-уми майи соли 2019

Душанбе ва Пекин будани пойгоҳи ҳарбии Чинро дар қаламрави Тоҷикистон рад карданд, вале дар бораи сохтмони иншооти нав дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон маълумот надоданд.

Рӯзи 27-уми октябри имсол дар порлумони Тоҷикистон ин хабар садо дод, ки Чин дар водии Вахони ноҳияи Ишкошим барои нерӯҳои тоҷик бо харҷи даҳ миллион доллар пойгоҳ месозад.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 29-уми октябр дар нишасти матбуотӣ хомӯширо дар ин маврид авло донист. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 30-юми октябр танҳо гуфт, Чин харҷи лавозимоти зарурӣ ва тамринҳои муштараки нерӯҳои ду кишварро мепардозад.

"Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар заминаи инфрасохтори мавҷудаи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ВМКБ гузаронидани машқҳои тактикии муштарак пешбинӣ шудааст", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Изҳороти Тоҷикистону Чин пас аз он нашру паҳн шуд, ки хабари сохтмони пойгоҳи нав барои нерӯҳои тоҷик бо пули Чин дар Бадахшон баҳсҳоеро дар бораи ҳузури низомии он кишвар дар Осиёи Марказӣ барангехт.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 30-юми октябр гуфт: "Маълумот дар бораи он ки гуё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест. Масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст."

Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилое, ки 27-уми октябр дар порлумони Тоҷикистон садо дод ва онро баъзе аз вакилон дар суҳбатҳои алоҳида пурра карданд, бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Чин дар вилояти Бадахшон иншооти нав бунёд мешавад.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 27-уми октябр дар порлумон гуфт, бинои нав барои дастаи зудамали Вазорати корҳои дохилӣ, ки зертобеи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил аст, пешбинӣ шудааст.

Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, ба Радиои Озодӣ гуфт, пойгоҳ бо дархости Тоҷикистон ва аз сӯйи ҳукумати Чин сохта мешавад, аммо афзуд, дар иншооти нав ҳузури низомиёни чинӣ пешбинӣ нашудааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, Ван Вэнбин, ба суолҳо дар бораи ин ки оё Чин қасд дорад, дар шарқи Тоҷикистон барои Вазорати корҳои дохилии кишвар пойгоҳи вижа созад, посух надод. Вале гуфт, "ба таври рӯшан гуфта метавонам, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи низомӣ надорад."

Ин дар ҳолест, ки соли 2019 рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" навишта буд, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, як посгоҳи наздимарзӣ дорад. Як таҳқиқоти Радиои Озодӣ ҳам изи пойи низомиёни Пекинро мушоҳида ва маълум кард.

Бино бар санадҳое, ки ба дасти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, ҳоло дар пойгоҳ кормандони чинӣ фаъолият доранд, вале худи иншоот феълан дар ихтиёри Душанбе аст. Илова ба ин, бар асоси санадҳо, дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифои Чин Вэй Фэнҳэ моҳи июли имсол масъалаи пурра ва ройгон ба ихтиёри Чин додани ин пойгоҳ дар Шаймаки ноҳияи Мурғоб суҳбат шудааст. Натиҷаҳои ин гуфтушунид расонаӣ нагаштаанд.

Дар гузашта Чин борҳо дар бахши амниятӣ ва дифоии Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Ин кишвар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 посгоҳи марзӣ ва як маркази омӯзишӣ сохта, моҳи ноябри 2019 дар Душанбе Маркази мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ эҷод намуд. Аз он пештар “Хонаи афсарон”-ро сохт.

XS
SM
MD
LG