Коршиносон ишора мекунанд, ки Чин бо анҷом додани ин кор иродаи сиёсияшро ба намоиш гузошта, дар баробари Русия довталаби шарикии низомӣ бо Тоҷикистон аст ё мехоҳад ҷойи онро бигирад? Ин дар ҳолест, ки Пекин дар ин бора изҳороти ошкоре нашр намекунад.
Савумин тамрини низомӣ аз соли 2015 ба ин сӯ
Дар бораи баргузор шудани тамрини муштараки Тоҷикистону Чин дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба Радиои Озодӣ 10 июл, сухангӯйи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимзода иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, тамрин дар поёни моҳи июл дар ҳудуди гарнизони низомии ноҳияи Ишкошим дар марз бо Афғонистон баргузор мешавад, ки дар он Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, Неруҳои зидди ҳавоӣ ва неруҳои пиёдагарди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳамчунин ротаи вижаи зиддитеррористии Артиши озодибахши Чин ширкат хоҳанд кард. Аз силоҳҳои оташфишон аз авиатсия, артилерия ва техникаи зиреҳпуш истифода хоҳад шуд.
Тавре «Азия-плюс» таъкид мекунад, низомиёни ду кишвар ҳамоҳанг кардани иқдомот дар сурати сар задани таҳдиди террористӣ аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Чинро озмоиш хоҳанд намуд. Ба гуфтаи Нозимзода, сар аз имсол тасмим гирифта шудааст, ки чунин тамринҳо ҳар сол гузаронида шаванд.
Дар ҳамин ҳол чунин омодагиҳо дар ҳудуди ВМКБ соли 2016 гузаронида шуд, ки дар он 10 ҳазор хидматчии низомӣ ширкат кард ва дар соли 2015 ин тамринҳо бо иштироки 250 размандаи “ОМОН”-и Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин доир шуданд. Он замон неруҳои вижаи ду кишвар ҳамлаи террористони шартии аз ҷониби Афғонистон гузаштаро хунсо карданд, ки тамринро намояндаҳои СҲШ, аз ҷумла вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев назорат мекарданд. Дар идома, ба назар мерасад, ки тамринҳо дигар бидуни кишвари сеюм баргузор хоҳанд шуд.
Марҳила ба марҳила ба дифоъ
Ҳамкориҳои низомии Чину Тоҷикистон дар панҷ соли охир ба таври қобили мулоҳиза таҳрик ёфт. “Пештар ин ҷо танҳо Русия яккатоз буд, Чин ҳамкориҳои худро танҳо дар бахши иқтисод маҳдуд карда буд. Вале ҳоло ба мушоҳида мешавад, ки вазъ ба таври назаррас тағйир ёфтааст, ки сарфи назар аз вуҷуди пойгоҳи низомии Русия дар кишвар дар ин гуна тамринҳо низомиёни рус ширкат намекунанд”,- таъкид мекунад сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов.
Ба гуфтаи ӯ, ин тамринҳо расман коркарди маҳоратҳои муштараки рафъи ҳуҷум ва ҳамлаҳо дар марз ном бурда мешаванд, вале омили эъломнашудааш он аст, ки Чин нуфуз ва нақши худро дар таъмини амният дар Осиёи Марказӣ шиддат бахшад. Ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ, коршиноси низомӣ аз Тоҷикистон, ки равобити танготанге бо Афғонистон дорад, (хоҳиш кард аз ӯ ном набарем) мегӯяд, ки дар пасманзари шиддат ёфтани гуруҳҳои тундгаро дар қаламрави Афғонистон, ки дар қиёс бо “Толибон” ҳадафҳое дар Осиёи Марказӣ доранд, Русия талош мекунад то аз “Толибон” барои мухолифат ба ин гуруҳҳо ҳимоят кунад.
Чин ба гуфтаи ӯ, ҳеч гуна идеологияи исломиеро дар наздикии марзҳои худ қабул надорад, аз ин рӯ талош дорад бо таври ошкоро неруи низомиашро ба намоиш бигузорад ва ҳамзамон ташкилоти муносиберо барои рафъи ҳамлаҳои эҳтимолӣ омода кунад.
«Стратегия барои бартарӣ»
Доираҳои коршиносӣ ва нозирин мегӯянд, ки миёни Маскав ва Пекин тафовуқи эъломнашудае дар бораи тақсими ҳавзаҳои нуфуз вуҷуд дошт, ки бино бар он таъмини амнияти минтақа ҳаққи Кремлин буд, вале Чин тадриҷан бо афзоиши тавоноии молиявӣ ба нақзи он оғоз намуд. Ин андеша баён шуд, ки эҳтимолан, Пекин нигарон аст, ки ба таври комил ташаккул ёфтани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар он Русия дар бахши амният бартарӣ дорад, ба берун кардани Чин аз минтақа оварда мерасонад ва маҳз дарки ҳамин Пекинро таҳрик додааст, ки бо истифода аз имконоти молӣ пештозӣ кунад.
Дар ҳар сурат, алоқамандии Чин ба масоили амният аз соли 2012 оғоз шудан гирифт, сарфи назар аз он ки созишнома дар ин бахш дар доираи “Панҷгонаи Шонгҳой” ҳанӯз соли 1996 ба имзо расидаааст. Димитрий Попов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии Русия дар мақолаи таҳлилии худ таъкид мекунад, ки масъалаҳои асосӣ дар ин равобит марбут ба фаъолияти Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ аз дидгоҳои мушкилоти Афғонистон: мушкилоти гардиши маводи мухаддир ва бино ба бархе маълумот, фаъолияти ҷамъиятҳои уйғур дар қаламрави Тоҷикистон, буд.
Ҳаракати исломии Туркистон сар аз соли 2006 дар ҳудуди Тоҷикистон мамнӯъ аст, вале дар Афғонистон, хусусан дар қисматҳои шимолии ин кишвар, ки бо Тоҷикистион ва Чин ҳаммарз мебошанд, хеле фаъол мебошад. Миёни аъзои фаъоли ин ҳаракат, бино ба маълумоти таъйидношуда уйғурҳои маҳаллии зодагони Ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйғур ва норозиён аз сиёсати расмии Пекин ва ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон кам нестанд.
Пуштибонии Чин дар бахши дифоъ бо маблағгузорӣ шуруъ шуд. Аз ҷумла соли 2016 дар Душанбе бо пуштибонии молии Чин бо $19 млн Кохи афсарон сохта шуд. Ҳамчунин барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, ки 1344 км тӯл доранд, бурсия ихтисос дода шуд. Бар асоси он дар ин марзҳо бунёди се дафтари фармондеҳӣ, чаҳор дидбонгоҳи марзӣ, чаҳор посгоҳ ва як маркази таълимӣ дар назар гирифта шуд. Ба ҷуз аз ин, моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе бо пуштибонии молии Чин Маркази мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ боз гардид.
"Ин истисно нест, ки Тоҷикистон исрор ба тамриноти низомӣ дорад"
Миёни коршиноси тоҷик онҳое ҳам ҳастанд, ки фикр мекунанд, бозии Душанбе миёни Маскав ва Пекин пайомадҳои ҷиддие дорад. “Тоҷикистон ба унвони як кишвари хурд бояд аз танаввуи равобити низомӣ бо абарқудратҳо ҷилавгирӣ кунад. Мо дар наздикии Афғонистон ва дар пайвандгоҳои манофеи ИМА, Чин ва Русия қарор дорем, ки таваккал кардан метавонем, ки ба туби футбол миёни бозингарони аслӣ табдил шавем”, - бовар дорад сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода.
Ба гуфтаи вай, Пекин дар сиёсати берунияш ҳадди аксар сиёсати сулҳдӯстона нишон медиҳад ва дар ин ҳолат истисно нест, ки ин тамринҳо бо дархости Тоҷикистон сурат гирифта бошанд, ки мехоҳад, ба бозингарони дигар нишон бидиҳад, ки омода ба танавуъи равобити низомӣ аст.
Моҳи августи соли 2016 бо назардошти норомиҳо дар Афғонистон Чин, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар сатҳи вазоратҳои дифоъ аз эҷоди як эътилофи зиддитеррористии чаҳор кишвар хабар доданд, ки дар мавриди табодули маълумоти истихборотӣ ва баргузории тамриноти муштарак ба созиш расида буд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ, рӯзномаи Washington Post ба нақл аз сокинони маҳаллӣ ва аксҳои моҳвораӣ навишт, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар чандкилометрии марзи Чин се сол аст, ки пойгоҳи низомии махфии Чин вуҷуд дорад. Дар асри XIX дар ин ноҳия посгоҳи пештози казакии императории Русия мавҷуд буд, вале сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо рӯзноманигори амрикоӣ таъйид кардаанд, ки ҳоло дар ноҳия чандин ҳазор низомии чинӣ ҷойгир шудаанд. Аммо раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттилоъро рад кард ва гуфта буд, ки ин як посгоҳи марзӣ аст, ки дар қаламрави Чин қарор дорад.
Дар Маскав чӣ назар доранд?
Дар чунин вазъ мавқеи Маскав метавонад ҷолиб бошад, ки одатан ба мудохилаҳо дар ҳавзаҳои нуфузаш, ки тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирад, бисёр бо асабоният бархурд мекунад. Роҳбари шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин мегӯяд, ки баргузории чунин размоиш бо Чин комилан мавриди интизор буд, зеро Чин ба ҳамин роҳ сармояҳои худро дар минтақа ҳимоят мекунад.
"Як камарбанд – як масир" - як тарҳи дарозмуддат аст, ки сарфи назар аз ин ки Чинро кӣ раҳбарӣ хоҳад кард, давом мекунад. Аз ин ҷо, ки Осиёи Марказӣ бахши калидии иҷрои ин ташаббус аст, табъан Чин манфиатдор аст, ки ин бахш таҳт ҳимоя бошад",- мегӯяд Грозин. Ин коршинос таъкид мекунад, ки Маскав нигаронии хосеро дар ин маврид надорад, зеро ҳар иқдоми низомию сиёсие, ки Пекин дар минтақа мекунад бо он ҳамоҳанг менамояд.
Аммо ин ҳафта расонаҳо аз боздошт шудани як ҷосуси Чин дар Қазоқистон хабар доданд, ки нишон медиҳад, барномаҳои Пекин дар минтақа дарозмуддатанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ - иттиҳоди низомию сиёсии тақрибан таҳти фармони Маскав аст, ки ба аъзои худ замонати ҳимояро бар асосҳои дастаҷамъӣ медиҳад. Ёриҳои низомӣ аз суи Маскав ба Тоҷикистон шомили омӯзши кадрҳои низомӣ, ташкили омодагиҳои муштараки ҷангӣ ва монёврҳои низомӣ мебошад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз кишвараш пойгоҳи низомии 201-ум қарор дорад ки шумораи хидматчиёни низомияш ҳудуди 7,5 ҳазор нафар мебошанд. Дар ҳамин ҳол дар бахши расонидани ёриҳои техникӣ ва низомӣ ба Тоҷикистон ИМА ҳам фаъол аст. Дар доираи барномаи мубориза бо маводи мухаддир Фармондеҳии марказии ИМА аз соли 2006 ба ин су ба Тоҷикистон барои қувват додани ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддир бештар аз 155 млн доллар додааст.