Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳ месозад. ВИДЕО


Пойгоҳи махфии Чин дар Тоҷикистон - Loop video

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Чин дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пойгоҳ месозад, вале аз он нерӯҳои тоҷик истифода хоҳанд кард. Ин иншоот дар пасманзари ба дасти “Толибон” гузаштани Афғонистон ва бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Чин бунёд мешавад. Вилояти Бадахшон дар сарҳад бо Афғонистон ва Чин ҷойгир аст.

Чин тақрибан 100 миллион сомонӣ харҷ мекунад

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 27-уми октябр дар порлумон гуфт, бинои навро дар водии Вахони ноҳияи Ишкошими Бадахшон месозанд.

“Тибқи созишнома, барои бунёди пойгоҳи дастаи зудамали Вазорати корҳои дохилӣ дар дараи Вахон кумаки бебозгашт пешбинӣ шудааст. Насби таҷҳизоти махсус дар назар аст. Тоҷикистон уҳдадор аст, Чинро барои овардани таҷҳизот аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод намояд”, -- афзуд ӯ.

Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, гуфт, пойгоҳ марбут ба нерӯҳои Вазорати умури дохилии кишвар хоҳад буд. Ба қавли ӯ, тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ озоданд.

"Маблағи сохтмон 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ, пешбинӣ шудааст", -- афзуд вакили тоҷик.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чин дар Бадахшон пойгоҳ месозад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

"Баъзе аз масъалаҳое аст, ки шарҳ дода намешавад"

Азимзода дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, бунёди пойгоҳ бо дархости Тоҷикистон ва аз сӯйи ҳукумати Чин сурат мегирад. Вале ба ин суол, ки оё ҳузури ҳарбиёни Чин низ дар он пешбинӣ шудааст ё не, чунин посух дод: "Не, дар ин ҷо хонаводаҳои низомиёни тоҷик ба сар мебаранд".

Вакили порлумон аз шарҳи бештари мавзуъ худдорӣ кард ва гуфт, "баъзе масъалаҳое аст", ки шарҳ дода наметавонад. "Ҳоло ҳуҷҷатгузорӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷараён дорад", -- иттилоъ дод ӯ.

Ин дар ҳолест, ки соли 2019 рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" навишта буд, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд.

Дар гузориши мукаммали рӯзнома омадааст, "посгоҳи хоксорона дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст". Хабарнигори "Вашингтон Пост" навишта буд, ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гурӯҳе аз нерӯҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори Мурғоб харид мекарданд.

Таҳлилгар: Чин манфиати худро ба назар гирифтааст

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон далели бунёди пойгоҳро бо пули Чин дар Бадахшон шарҳ намедиҳанд, таҳлилгар Абдумалик Қодиров “ба афзоиши хатарҳои ахири амниятӣ дар марз бо Афғонистон” пайванд дод.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Чин бо сохтмони пойгоҳ дар Вахони Бадахшон, пеш аз ҳама, манфиатҳои худро ба назар гирифтааст.”

“Вахон минтақае аст, ки ҳамеша барои Чин хатарзо аст. Ҷудоихоҳони уйғур метавонанд, аз ин минтақа ба Чин ворид шаванд ва вазъиятро дар он кишвар муташанниҷ кунанд. Чин мехоҳад, дар сурати зарурӣ аз ин пойгоҳи мақомоти қудратии Тоҷикистон истифода кунад. Барои ҳимояи марзаш аз гуруҳҳои террористие, ки дар Афғонистон ҳастанд”, -- шарҳ дод ӯ.

Дар гузашта Чин борҳо дар бахши амниятӣ ва дифоии Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Ин кишвар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 посгоҳи марзӣ ва як маркази омӯзишӣ сохта, моҳи ноябри 2019 дар Душанбе Маркази мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ эҷод намуд. Аз он пештар “Хонаи афсарон”-ро сохт.

XS
SM
MD
LG