Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғавғо дар атрофи "даъвои Чин ба Помир" ба куҷо расид?


Помир. Акс аз бойгонӣ
Помир. Акс аз бойгонӣ

Мақолаи "Тоҷикистон бо хости худ қаламрави Чинро баргардонд ва паҳнои Помир ба соҳибаш баргашт", ки ба қалами Чу Йао Лу (初尧录 ), журналисти таърихнигор тааллуқ дошт, инак, дар расонаҳои чинӣ бознашр намешавад ва аз сомонаи Wang Yi (网易) ё “Мавҷи озод” бардошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки то замони тарҷумаи он ва бознашр дар расонаҳои тоҷикӣ ҳадди ақал дар як моҳ ду бор хабаргузориҳои гуногуни чинӣ онро бознашр менамуданд.

Рӯзи 20-уми июли имсол дар сомонаи Радиои Озодӣ тарҷума ва фишурдаи чанд мақолаи хабаргузориҳои чинӣ бо номи"Тоҷикистон дар расонаҳои Чин. Аз замини гирифташуда то конҳои пурсарват" нашр шуда буд, ки як бахши он мавҷи шарҳи хонандагон, вокунишҳо ва нигарониҳои ҷомеаи коршиносӣ ва сиёсиро дар пай дошт.

Суҳбати дипломатҳо

Сараввал дар як хабари вебсайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 23-юми июл гуфта мешавад, ки ин мавзуъ дар суҳбати фосилавии муовини якуми ВКХ Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Чин дар Душанбе Лю Бин матраҳ шудааст.

Дар ин хабар бе овардани ҷузъиёти марбут ба нашрияву муҳтавои матолиб, гуфта мешавад, ки "зимни баррасии масъалаҳои дигар... ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ ҷалб кард, ки мавзӯи марбут ба марзи давлатии ду кишварро ба гунаи ғаразнок бозтоб намудаанд."

Баъд аз суҳбати дипломатҳои ду кишвар санаи 24-уми июл расонаи чинии “Нигоҳи нав ба Тоҷикистон” хабари кӯтоҳе нашр кард ва гуфт, суҳбат дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба ба зидди пандемияи COVID-19 ҷараён гирифтааст. Яъне, ягон расонаи чинӣ вокунишҳои ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди мақолаи Чу Йао Лу нашр накарда, танҳо онро аз тамоми хабаргузориҳои чинӣ пок кардаанд.

Сипас, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, матлаби баҳсбарангез дар бораи ба ихтиёри Чин гузаштани қаламравҳое аз Тоҷикистон "фикри шахсии муаллиф аст ва ин мавқеи давлати Чин нест".

Вокуниш ва ҳадси расонаҳои ғарбӣ

Бозтоби густардаи ин мавзуъ дар расонаҳои ғарбиро асосан метавон бо қисмати хулосавии мақолаи Чу Йао Лу ба ҳам гузошт. Ӯ менависад: "Ҳоло Чин ба яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ табдил гашта истодааст ва азхудкунии минтақаҳои аздастрафтаашро бо риояи қоидаҳои бехатарӣ идома хоҳад дод: Ҳарчанд Чин хеле аз ҳудудашро аз даст дод, вале онро ҳифз хоҳад кард ва баргаштани "заминҳои аздастрафтааш"-ро истиқбол мекунад". Бо ишора ба ин пойгоҳҳои Ғарбӣ бо назари коршиносон ҳадс заданд, ки Чин даъвогари бозпас гирифтани ҳадди аққал 45 дарсади заминҳои Тоҷикистон аз ҳисоби минтақаи Помир аст.

Вобаста ба ин коршиноси амрикоӣ Пол Гобл, дар Eurasia Daily Monitor ба ҳадафҳои стратегии Чин дар Осиёи Марказӣ ишора кардааст, ки имрӯз ёриҳои зиёд мекунад. Вай менависад: "Бо дарназардошти қудрати афзояндаи Хитой, Пекин, бидуни шубҳа, ба шеваи боз ҳам фаъолтар дар умури Осиёи Марказӣ иштирок хоҳад кард. Вале ишора ба даъвои қаламрав карданаш, мисли дар мақолаи Чо Яо Лу, метавонад пайомадҳои ногувор ба бор биорад. Ба ин масоил ба он ҳадафҳое, ки Хитой дар асл нисбат ба Помир дунбол мекунад ва дар айни замон қудратҳои дигари хориҷиро барои дахолат ташвиқ мекунад."

Помир дар маъхазҳои таърихӣ

Ҷавобҳо ба мақолаи Чу Яо Лу ва баҳсҳо асосан сари он масъала буд, ки дар матлаби худ ин таърихнигори чинӣ қаламрави даъвоии кишвари худро на "Мурғоб", балки "Помир" ном бурдааст. Дар бахши аввали мақолаи ӯ, ки мо дар блоги пешина зикр накарда будем, низ дар мавриди минтақаи Помир аз маъхазҳои таърихӣ ва мифологии чинӣ мисолҳо овардааст: "Помир бори аввал дар китоби таърихӣ ва мифологии "Шонгҳойсин" (таърихи нашр солҳои охири то милод ва аввали милодӣ) нашр шудааст. Дар қадим ин мавзеъ бо номи "Кӯҳи Буҷой", яъне фатҳнашаванда шинохта шудааст. Аз даврони сулолаи Хонҳо (206-220 то милод) низ навиштаҳое дар мавриди ин кӯҳ мавҷуд аст, вале боз бо дигар ном. Азбаски дар кӯҳҳо пиёзҳои ёбоӣ бисёр меруидааст, онро "силсилакӯҳи пиёздор" ҳам мегуфтаанд. Дар даврони сулолаи Танчао (618-907) ин паҳнкӯҳ номи "Помир"-ро гирифт."

Фактҳои овардаи таърихнигори чиниро Мирҳусейн Нарзиев, раиси ҷиноҳи сабтиномнашудаи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон рӯзи 8-уми август бо нашри як изҳорот пурра беасос ва бар хилофи Оинномаи Созмони Милал номидааст. Ӯ барои тавзеҳи гуфтаҳояш аз маъхазҳои таърихӣ мисолҳо овардааст:

“Сарзамини Помири Шарқӣ дар асрҳои VI-IV пеш аз милод дар ҳайати Империяи Куруши Кабир – падари кулли мардуми эронизабони дунё ва дар асрҳои III-II-и то милод вобаста ба шоҳигарии Юнони-Бохтарӣ фаъолият намуда, дар асрҳои I-III ба ҳайати подшоҳии Кушониён шомил буд. Ҳамзамон дар асрҳои II-VIII-и милодӣ Помири шарқӣ ва Сарикул ба империяи Қирпанд (аз калимаҳои эронии қир – кӯҳ ва панд – роҳ, яъне давлати фарогири шоҳроҳи абрешим) дохил мешуд, ки он дар ибтидо сарзаминҳои аз ғарб то Хоразм, аз шимол то шаҳри Кошғар, аз ҷануб то шаҳри Кашмир ва аз шарқ то Кагиликаи Шинҷони Чини имрӯзаро дар бар гирифта, баъдан пурра қаламраи давлатҳои миёни Чину Римро фаро гирифтааст. Шакли давлатдориаш - шоҳӣ, забони сокинонаш - эрони шарқӣ, осор - хаттӣ суғдӣ буда, маркази идоравии сиёсиаш Сарикули Тоҷқурғон ва бо Хитой дар муносибати хуби дипломатӣ, робитаи ҳасанаи тиҷоратӣ ва муносибати ҳамзистии осоишта қарор доштааст”.

Тақсими Помир

Дар идома Мирҳусейн Нарзиев менависад: "То оғози асри XVIII, яъне дар тӯли беш аз 1000 сол Кошғар (Бухорои хурд-Туркистони Шарқӣ) ҳамчун давлати мустақиле, ки аҳолиашро тоҷикон, уйғурҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, дунганҳо ва халқиятҳои дигар ташкил мекарданд, фаъолият намуда, солҳои 30-60-и асри XIX масоҳати Помири Шарқӣ ба хайати хонигарии Қуқанд ва соли 1876 баъди аз ҷониби Русия аз байн бурдани хонигарии Қуқанд, ҳудуди он тибқи меъёрҳои байналмилалӣ мебоист пурра ба Россия ҳамроҳ шуда, баъди пошхӯрии СССР ба ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ворид мешуд”.

Дар мавриди тақсими Помир дар асри 19 Камолуддин Абдуллоев низ ҳамчун ҷавобия ба ин мақолаи таърихнигори чинӣҷанҷол бар сари заминҳои помирро бо санадҳои таърихӣ овардааст: “Соли 1892 чиниҳо дар Тошқурғон (Сарикӯл) диж сохтанд. Он замон дар баландкӯҳҳои Помири шарқӣ, гуруҳҳои қирғизтабор, ки расман мардуми тобеи Чин ба ҳисоб мерафтанд, сарҳадҳоро озодона гузашта, бо подаҳои худ аз ҷое ба ҷои дигар мерафтанд. Ҳамзамон, дар солҳои 1891-94 казакҳои рус бо сарварии атаман М.Е. Ионов Помирро зуд ишғол карда, афғонҳоро, ки англисҳо дастгириашон мекарданд, берун карданд... Баъдан, кишвари коммунистии Чин ба созишномаҳои сарҳадие, ки бо Русияи подшоҳӣ имзо карда буд, изҳори эътироз кардааст. Ба ҳар ҳол, соли 1894, пас аз мубодилаи тавзеҳу ёддоштҳои дипломатӣ, чиниҳо ва русҳо Помирро дар тӯли қаторкӯҳи Сарикӯл тақсим карданд. Ва ин сарҳад то ба имрӯз нигоҳ дошта шудааст”.

Имзои шартномаи баҳсбарангез

Вале зоҳиран аз он тақсимбандӣ Чиниҳо то ҳол розӣ набуданд ва пайи бозпас гирифтани он шудаанд. Чу Йао Лу дар мақолааш навиштааст: "Дар оғози Тоҷикистони навин, ки дар шароити сахти иқтисодӣ қарор дошт, Чин хеле кумакҳои "софдилона" намуд. Ҳамин ёриҳо боис шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ташаббуси баргардонидани "заминҳои аздастрафта"-ро намуд. Билохира соли 2010 ин гуфтугӯ байни ду кишвар ниҳоӣ шуд ва Чин дубора 1158 километри мураббаъ ҳудуди аздастрафтаи худро соҳиб гардид. Соли 2011 ин минтақаи Помир ба ватани аслии худ, ки 128 сол аз он ҷудо гардида буд, расман пайваст шуд".

Муаллиф ба таври рӯшан менависад, ки Тоҷикистон ба Чин 1158 километри квадратияшро дод, дар ҳоле ки дар хабарҳои расмӣ борҳо хондаем, ки ин замин 1100 километри квадратӣ аст, ки дар натиҷаи "ғалабаи дипломатӣ" (ибораи вазири собиқи умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ) ба Чин дода шуд. Матбуоти Чин дар баррасии ин масъала танҳо ба маъхазҳои таърихии Чин такя мекунад ва аз маъхазҳои таърихии дигар ё мухолифати таърихнигорони маъруф, дар мисоли академик Раҳим Масов, ки далелҳои муқобилро ба нашр расонда буд ёдовар намешавад. Тасмими мақомоти тоҷик барои ба Чин додани бахше аз қаламравҳо мавриди интиқоди зиёд дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG