Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 соли истиқлоли Тоҷикистон: Эмомалӣ Раҳмон чӣ сохт ва чӣ бохт?


Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ҷилави қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ҷилави қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад
Аз сӣ сол истиқлоли Тоҷикистон бисту нӯҳ соли он бо раҳбарии президенти ҳозира Эмомалӣ Раҳмон гузашт. Аз ин рӯ, ҳама бурду бохти ҷумҳурӣ бо ин ё он тарз бо номи ӯ марбут дониста мешавад.

"Сулҳ, субот, шукуфоӣ"

Хуршеди 22-сола, сокини шаҳри Душанбе ва намояндаи насли ҷавоне аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таваллуд шуда, ба воя расидааст. “Тоҷикистон соли 1991 истиқлол ба даст овард. Сипас ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 президент шуд, ки тавонист дар кишвар сулҳро биорад ва барои рушди он бисёр корҳоро анҷом диҳад", - бардоштҳояшро аз таърих баён мекунад ӯ.

Дар ин муддат дар Тоҷикистон, чун бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ, системаи авторитарӣ сохта шудааст, ки расман ҷумҳурии президентӣ аст.
Марат Мамадшоев

Ҷавон намехоҳад, бар сари ҷузъиёти сиёсӣ баҳс кунад, аммо ҳама комёбиҳои кишвар, аз ҷумла истиқлоли онро ба Эмомалӣ Раҳмон марбут медонад.

Рӯзи 9-уми сентябр дар Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқлол ҷашн гирифта мешавад. Санаи таърихие, ки дар таблиғи давлатии солҳои охир мақоми хос дорад. Расонаҳои давлатӣ ин рӯзро ба пирӯзӣ бар бӯҳрони сиёсии пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, роҳандозии робитаҳои иқтисодӣ, барқарор шудани суботи сиёсӣ ва дурнамои дигари рушди минбаъда пайванд медиҳад. Расман, президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки 29 сол боз ба Тоҷикистони сисола роҳбарӣ мекунад, таҷассумгари асосии ҳамаи дастовардҳо дониста мешавад.

Дастовардҳо аз нуқтаи назари ҳукумат

Раҳбари Ҳизби демократ ва вакили порлумони Тоҷикистон, Саидҷаъфар Усмонзода, мегӯяд, дар сӣ сол Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, ба эътирофи беш аз 150 кишвари ҷаҳон ноил гардида, ҳама вазифаҳои стратегиро иҷро кардааст.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

"Мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем, ҳоло дар ҳар гӯшаи кишвар дастрасии осон ба ғизо мавҷуд аст, мо нерӯгоҳи Роғунро то як ҳадди муайян бунёд кардем. Дар солҳои охир вазифаи саноатӣ кардани кишвар гузошта шудааст, ки як каме раванди мураккаб аст, аммо аз ҳама муҳимаш, мардум дар зери чатри амният ва субот зиндагӣ мекунанд”, - таъкид кард ӯ.

Вай бовар дорад, бо вуҷуди беҳбуди зиндагии мардум, онҳо ҳанӯз ҳам ниёзҳои қонеънашуда доранд, аз ин рӯ, табиатан метавонанд норозӣ бошанду мақомотро танқид кунанд, ки ин ҳаққи онҳост.

Президент Эмомалӣ Раҳмон баҳрагири асосии сиёсии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Барои ин хидматҳояш дар соли 1997 ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва соли 2015 унвони "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" дода шуд.

Танқиди мухолифон

Аммо мунтақидони раисҷумҳури барҳол бо ишора ба иштибоҳҳои ӯ, комилан баръакси ин андеша доранд. "Ҳоло бисёриҳо мегӯянд, ба шарофати Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун як кишвар монд, аммо ин як масъалаи баҳсбарангез аст, зеро ҳазорон гектар замине, ки маълум нест барои чӣ ба Чин дода шудаааст, қисса аз иштибоҳҳои бузурги президент мекунанд", - мегӯяд рӯзноманигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов.

Дар нимаи моҳи январи соли 2011 порлумони Тоҷикистон созишномаи аломатгузории марзро ба тасвиб расонд, ки тибқи он ба Чин 1,1 ҳазор километри мураббаъ қаламрави баҳсбарангез дар минтақаи Мурғоб вогузор шуд, ки 0,77 дарсади тамоми қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Сарфи назар аз танқиди мухолифин, коршиносони ҷонибдори ҳукумат онро "пирӯзии дипломатияи тоҷик" ва фурсат барои густариши ҳамкорӣ бо Чин номиданд. Аз он давра ба баъд ҳамкорӣ бо Пекин то ҳузури воқеии низомӣ рушд кардааст.

Дар моҳи феврали соли 2019 рӯзномаи Washington Post бо такя ба сокинони маҳаллӣ ва аксҳои моҳвораӣ аз мавҷудияти як иншооти низомии Чин дар Помири Шарқӣ хабар дод. Нашрия баъдан навишт, ки пойгоҳи низомии махфии Чин дар тӯли се сол дар чанд километр дуртар аз марз бо Чин ҷойгир аст, аммо баъдан мақомоти ВМКБ ин маълумотро рад карданд.

Вокуниши ғайриинтизорро дар ҷомеа тамдиди мӯҳлати иҷора ва ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар соли 2012, ки амалан бепул буд, ба вуҷуд овард. Ҳарчанд Русия ваъда додааст, ки ба артиши Тоҷикистон ба маблағи 400 миллион доллар ёрии низомӣ хоҳад расонд, бо вуҷуди ин, на ҳама тасмими мақомоти Тоҷикистонро дар бораи будубоши ройгони он ҷонибдорӣ шуд.

"Стратегияи иҷронашуда"

Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ низ дар байни кишварҳои минтақа поин мемонанд. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон дар як соли охир 773 доллар буд. Мувофиқи маълумоти Сандуқи Байнулмилалии Пул, даромади миёнаи солонаи ҳар сари аҳолӣ 833 долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаи пасттарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев таъкид мекунад, ки дар бораи ноил шудани давлат ба ҳадафҳои стратегӣ сухан рондан барвақт аст. "Минтақае, ки аз нуқтаи назари ҳудудӣ калонтарин аст, воқеан дар алоҳидагӣ қарор дорад, аз роҳҳои ним аср пеш сохта шуда чизе намондааст. Дар бахши энергетика иқтидорҳои нав сохта шуд, аммо соли гузашта дар музофот маҳдудияти қатъии барқ ҷорӣ карда шуда буд. Сеяки аҳолии мо дар фақру норасоии ғизо ба сар мебаранд. Қариб ҳамаи маҳсулоти тайёр аз хориҷа харида мешаванд ва дар сурати кадом як инзивое мо метавонем бе ғизо монем", - мегӯяд Чоршанбиев.

Ба гуфтаи коршинос, роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар зерсохтҳо, маъмулан, бо кумаки беруна - қарзу грантҳо бунёд шуда буданд ва Тоҷикистон дар пеши донорҳо ҳамчун як кишвари камбизоати дорои даромади каме муаррифӣ шуд, ки ниёзманди кумакҳо мебошад.

Қарзҳо, фасод ва қудратгароӣ (авторитаризм)

Тибқи маълумоти охирин, қарзи давлатии Тоҷикистон 3,1 миллиард доллар буда, ба 36,9% ММД баробар аст. Бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон дар 12 соли охир Бонки содироту воридоти Чин мемонад (2,1 миллиард доллар). Ҳамчунин қарзҳои нисбатан калон аз Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Байнулмилалии Пул мебошанд.

Дар солҳои истиқлол, давлат асосан ба шарофати ёрии берунӣ вазифаҳои иҷтимоии худро иҷро мекард. Мувофиқи маълумоти Кумитаи мусоидат ба рушди Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), аз соли 1992 то 2017 ҳаҷми умумии кумаки расмии рушд ба ҷумҳурӣ 5 миллиарду 915 миллион долларро ташкил додааст. Ба ин маблағҳо, ба гуфтаи манбаъ, қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва дигар кӯмаки молиявӣ низ дохил мешаванд.

Аммо, тавре коршиносон зикр мекунанд, тақвият додани яккасолорӣ дар қудрат, тадриҷан муносибати мақомоти кунуниро бо донорҳои калон бадтар кард ва ҳарчӣ бештар Душанберо ба оғӯши Пекин тела дод.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

"Дар ин ҳама муддат дар Тоҷикистон, чун бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ, системаи авторитарӣ сохта шудааст, ки расман ҷумҳурии президентӣ аст. Бо вуҷуди ин, озодиҳои сиёсӣ ба ҳадди ақал расонда мешаванд. Масалан, дар кишвар ҳеч гоҳ интихоботи ҳадди ақал рақобатпазир ва озоди порлумонӣ ва президентӣ баргузор нашудааст. Танҳо дар баъзе минтақаҳо баъзан номзадҳои норозӣ тавонистанд, дар интихобот пирӯз шаванд. Инчунин рақобати воқеӣ дар иқтисод хеле кам ба назар мерасад. Табиист, ки инҳисори соҳаи сиёсиву иқтисодӣ ба рушди кишвар таъсири бениҳоят номусоид дошт. Обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мутаносибан осеб дид”, - мегӯяд шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев. Ба гуфтаи ӯ, муҳимтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон дар даври гузашта, “оромии нисбии сиёсӣ буд”.

"Ҳиҷрат"-и мардум

Рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов таъкид мекунад, ки бад шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ ба ҳиҷрати қобили мулоҳизаи аҳолӣ мусоидат мекунад. “Садҳо соҳибкор тиҷорати худро ба берун кашиданд, то худро ҳифз кунанд. Шумораи зиёди истеъдодҳои ҷавон кишварро тарк мекунанд ва дар ин самт ҳеч амалкарди муваффақе анҷом нашудааст. Ҳама корҳое, ки ҳоло анҷом дода мешаванд, ба шарофати мардуми сабур аст, ки мехоҳанд коре бикунанд, аммо онҳо низ ба фасоду фишори сохторҳои тафтишкунанда дучор мешаванд", - шарҳ медиҳад Мирсаидов.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик
Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик

Тибқи иттилооти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар панҷ соли охир беш аз 200 ҳазор шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро гирифтаанд.

Гузашта аз ин, иқтисоди кишвар ба таври возеҳ аз маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон вобаста ва осебпазир аст. Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, дар соли 2020, аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода шудааст. Ин нисбат ба соли 2019-ум 759 миллион доллар камтар аст.

Раддабандиҳое, ки беҳтар намешаванд

Тоҷикистон дар охири соли 2020 дар феҳристи шохиси демократия, ки ҳамасола аз ҷониби The Economist Intelligence Unit тартиб дода мешавад, дар мақоми 160-ум қарор дорад.

Дар гузориши охирини Freedom House, Тоҷикистон аз лиҳози озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар қатори "бадтарини бадтарин" кишварҳо қарор гирифтааст. Дар гурӯҳи 12 давлати бадтарин нақзкунандагони ҳуқуқи инсон Тоҷикистон дар баробари Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Сурия, Арабистони Саудӣ, Чин, Либия ва Сомалӣ қарор гирифт.
Ҷумҳурӣ дар шохиси солонаи озодии матбуот, ки аз ҷониби созмони “Хабарнигорони бидуни марз” тартиб дода шудааст, дар байни 180 кишвар дар ҷойи 161 қарор дорад.

Дар мубориза бо фасод дар соли 2020 Тоҷикистон бо Мозамбик, Нигерия, Мадагаскар, Камерун ва Эрон дар як сатр қарор гирифта, аз 100 ҷойи имконпазир дар ҷойи 149 бо 25 имтиёз қарор гирифтааст.

Дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон барои хешутаборбозии ошкоро дар қудрат танқид карда мешавад, ки аъзои хонаводаи президент ҳукумати қонунбарор ва иҷроияро таҳти назорат доранд ва худи президент ваколати таъини судяҳоро дорад, ки дар асл ба ӯ имкони назорати ҳокимияти додгоҳиро низ фароҳам меорад.

Дар Душанбе одатан чунин арзёбиро нодида мегиранд ва ё муғризона меноманд.

Ҳосили 30-сола

Дар миёни ҳамсуҳбатҳои Радиои Озодӣ, мухолифу мувофиқ, дар умум, бар ин ақидаанд, ки президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу субот дар ҷумҳурӣ саҳм гузоштааст. Ҳамзамон мунтақидонаш таъкид мекунанд, ки субот тавассути бартараф кардани рақибони сиёсӣ ва монополияи захираҳои сиёсиву иқтисодӣ ба даст омадааст. Дар натиҷа, ба гуфтаи мухолифон, режими авторитарӣ аз дастгирии молии бештари ниҳодҳои ғарбӣ маҳрум шуда, бештар ба қарзҳои молии Чин вобаста шудааст.

Ҷолиб набудани фазои сармоягузории кишвар дар пасманзари афзоиши шумораи аҳолӣ ба муҳоҷирати густардаи мардум ва вобастагиҳои ба маблағҳои интиқолӣ аз Русия, мунҷар шуд. Ин омилҳо дар якҷоягӣ, мегӯянд мунтақидони ҳукуматдорони Тоҷикистон, на танҳо кишварро ба омилҳои берунӣ вобаста карданд, балки ба симои миллати тоҷик ва рӯҳияи миллии он зарари ҷиддӣ расониданд, ки дар ибтидои солҳои 2000-ум дар сатҳи баланди бесобиқа қарор дошт.

Ҷонибдорони Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқи инҳисории ӯро барои мудирияти кишвар эътироф мекунанд ва ӯро ягона шахсияти қодир ба нигоҳ доштани субот ва сохти дунявии давлат дар Тоҷикистон медонанд. Чизе, ки мухолифон намепазиранд.

XS
SM
MD
LG