Ҳарчанд Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон кори худро дар самти таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ босмар арзёбӣ мекунад, вале бархе огоҳон бар ин назаранд, ки ин ниҳод дар фаъолияти худ муваффақ нашудааст.
Барно Саидвализода, раҳбари Хадамоти иҷро рӯзи 17-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи соли равон беш аз 23 ҳазор арзу муроҷиати шахсони воқеиву ҳуқуқиро дастрас намудаанд, ки онҳо аз ҷумла, ба масъалаи таъмини иҷрои санадҳои додгоҳӣ нигаронида шудаанд. Ӯ гуфт, барои барқаро намудани маблағи зарари расонидашуда ва ҷарима беш аз 8 миллион сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнидаанд, вале дар бораи ҳаҷми маблағи ба манфиати сокинон рӯёнидашуда иттилоъ надод.
Дороии раҳбари "Манзили дастрас" ҳисоб нашудааст
Тавсифи Саидвализода аз кори хадамот дар ҳолест, ки бархе сокинон мегӯянд, бо вуҷуди он ки барои рӯёнидани зарар ва ё бозпасгардонии маблағашон қарори додгоҳро дар даст доранд, вале иҷроиши он таъмин намегардад. Даҳҳо тан аз муштариёни ҷабрдидаи ширкати “Манзили дастрас” аз афроде ҳастанд, ки борҳо шикоят намудаанд, ки додгоҳ барои бозпасгардонии маблағҳояшон аз сӯи ин ширкати зертобеи ҳукумати Душанбе қарор содир намудааст, вале қарори додгоҳ иҷро намегардад.
Барно Саидвализода, раҳбари Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, аз нигаронии муштариёни “Манзили дастрас” огоҳӣ доранд, вале ҳанӯз арзиши дороиҳои раҳбари ин ширкатро ҳисоб накардаанд.
Саидвализода, гуфт, санадҳои додгоҳии раиси “Манзили дастрас” ва дигар ҳамроҳонаш дар баррасии иҷрочиён қарор дорад, вале арзиши воқеии амволи онҳо муайян нашудааст. Вай афзӯд, дар ин самт кор бурда истодаанд ва ин масъала вақтро
талаб мекунад. Ба қавли Барно Саидвализода, тибқи ҳукми додгоҳ ҳаҷми зарари расонида ба муштариён аз ҳисоби Наимов беш аз 18 миллион ва аз ҳисоби яке аз ҳамроҳонаш бо номи Рустам Раҷабов 12,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Чунин маблағ ба гуфтаи вай, бо фуруши дороиҳои маҳкумшудаҳо бояд ба нафъи ҷабрдидаҳо ситонида шавад: “То ҳол Хадамоти иҷро касе аз ҷабрдидагонро ба манзил таъмин накардааст”.
Ҳисоб нашудани арзиши дороиҳои ин ширкат дар ҳолест, ки аз эълони қарори додгоҳ дар нисбати раҳбари он 5 моҳ сипарӣ мешавад ва бархе муштариёни ширкат ба Радиои Озодӣ аз бетаваҷҷӯҳии мақомоти додгоҳиву судиҷрочиён барои рӯёнидани маблағҳояшон борҳо шикоят намудаанд.
Моҳи феврали имсол Нурулло Наимов, раиси пешини “Манзили Дастрас” ба 21 сол ва панҷ тан аз ҳамроҳони ӯ мутаносибан аз 8 то 16-солии зиндон маҳкум шуданд. То ҳол даҳҳо тан аз муштариёни ин ширкат барои соҳиби хона шудан ва ё бозгардонидани маблағҳои худ талош доранд.
Сӯҳбат дар бораи ситонидани беш аз 42 миллиони “Умед 88”
Дар нишасти хабарии имрӯза раҳбарияти Хадамоти иҷро гуфт, аз ҷониби иҷрочиёни Хадамот барои барқарор намудани зарари моддӣ аз ҳисоби Раҷабалӣ Одинаев, молики ширкати “Умед 88” ба нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 42 миллион сомонӣ ситонида шудааст: “Беш аз 114 миллион сомонии дигар боқӣ мондааст ва барои рӯёнидани ин миқдор маблағ тамоми чораҳо дида мешавад”.
Раҷабалӣ Одинаев моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки Вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд.
Коршинос бархӯрди Хадамоти иҷроро яксон намедонад
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бархурди Хадамоти иҷро дар самти таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ нисбати ҳамаи парвандаҳо яксон набуда, дар фаъолияти ин идора духурагиҳо дида мешавад. Ӯ рӯзи 17-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин хадамот бо ҳадафи таъмини одилонаи иҷрои қарорҳои додгоҳӣ ташкил ёфтааст.
“Усули дугона дар кори он вуҷуд дорад. Зоҳиран вонамуд мекунанд, ки корашонро дуруст анҷом медиҳанд, вале мо зиёд мушоҳида кардем, ки бесалоҳияти дар фаъолияташон зоҳир мешавад. Мақомотҳои назоратӣ, аз ҷумла додситонӣ бояд кори онҳоро назорат кунад, ки аз рӯи виҷдон фаъолият баранд”,-гуфт ӯ.
Ин ҳуқуқшинос таъкид мекунад, ки дар мисоли парвандаи молики “Умед-88” ва раиси пешини “Манзили дастрас” таваҷҷӯҳи бештар ба манфиати сокинони оддӣ дода нашудааст: “Дар қазияи “Умед-88”, ки президент нигаронӣ карда буд, пул баргардонида шуд. Дар парвандаи “Манзили дастрас” манфиати шаҳрвандони оддӣ аст ва бояд аввлавиятро ба ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон диҳанд”.
Чунин иддаоро масъулони Хадамоти иҷро рад намуда, мегӯянд, муносибати онҳо дар робита ба таъмини иҷрои ҳамагуна қарорҳои додгоҳӣ мувофиқи қонун одилона мебошад. Рӯзи 17-уми июл як намояндаи ин Хадамот, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе парвандаҳои печидаро таъмини иҷроишашон кори осон нест ва вақтро талаб мекунад.
Ҳарчанд таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ яке аз вазифаҳои асосии Хадамоти иҷро ба ҳисоб меравад, вале бо таъсиси ин ниҳод ҳанӯз ҳам чун гузашта нигарониҳо аз адолати додгоҳӣ ва шеваи иҷроиши қарорҳои додгоҳӣ аз забони сокинон садо медиҳад.