Пас аз як соли баррасии парвандаи раҳбарони пешини ширкати "Манзили дастрас", Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми феврал ҳукми худро эълон кард. Бино бар он Нурулло Наимов, раиси пешини ин ширкат ба 21 сол ва панҷ тан аз ҳамроҳони ӯ мутаносибан аз 8 то 16-солии зиндон маҳкум шуданд. Муштариёни "Манзили дастрас" пас аз эълони ҳукм аз он нигаронӣ карданд, ки сарнавишти маблағҳои онҳо чӣ мешавад ва оё онро бозпас гирифта метавонанд ё на.
Бар пояи ҳукме, ки аз сӯи додраси парванда Асомиддин Бобохонзода қироат шуд, Рустам Раҷабов 16 сол, Хуҷамқул Расулов 10 сол, Маҳина Раҷабова ва Хуршед Хоҷаев 9-солӣ ва Сахидод Алиев барои 8 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Дар мурофиаи пешина намояндаи додситонӣ барои Нуруллоҳ Наимов 22 сол ва барои ҳамроҳони ӯ Рустам Раҷабов 18 сол, Маҳина Раҷабова, Хуҷамқул Расулов, Хуршед Хоҷаев ва Сахидод Алиев 10-солӣ зиндон талаб карда буд.
Боздошти Наимов ва ҳамроҳонаш бар асоси шикояти муштариёни тарҳи "Манзили дастрас" сурат гирифта, баррасии ин парванда аз як сол беш ба ин тараф идома дошт. Парвандаи онҳо дар оғоз аз ҷониби додситонии пойтахт ва сипас аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ ва ба Додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол шуд.
Додраси парванда ҳангоми эълони ҳукм гуфт, ки ба ҷуз Нурулло Наимов ва Хуҷамқул Расулов, нисбати чаҳор нафари дигар қонуни афв татбиқ шуда, аз се як ҳиссаи ҳукмашон кам карда шудааст. Оқои Бобохонзода ҳамчунин гуфт, маблағи ҷабрдидаҳо аз маҳкумшудаҳо тариқи Хадамоти иҷро, пас гирифта мешавад. Ба гуфтаи додрас, амволи Нурулло Наимов дар ҳабс буда, ба фоидаи давлат мусодира мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Наздикони бархе аз маҳкумшудагон ва вакилони онҳо ҳозир нашуданд дар робита ба ин ҳукми додгоҳ сӯҳбат кунанд. Абдулҳафиз Қароқулов, адвокати Нурулло Наимов дар як сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло тасмим нагирифтаанд, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд ва ин масъаларо пас аз машварат бо зерҳимояаш дақиқ хоҳад кард.
Эълони ҳукм вокунишҳои зиёди муштариёнро дар пай дошт. Бархе аз муштариён, ки дар мурофиаи рӯзи 13-уми феврал иштирок доштанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, чун тақдири маблағҳои онҳо норӯшан боқӣ мемонад. Бархеи дигар умедворӣ карданд, ки бар асоси қарори додгоҳ, маблағҳояшон аз маҳкумшудаҳо рӯёнида мешавад.
Гулнисо Алиева, яке аз ҷабрдидаҳои "Манзили дастрас" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хеле мехост қазия ба фоидаи онҳо ҳал шавад, вале қарори додгоҳ баръакси хостаҳои онҳост. "Тамоми ҷо шикоят бурдем, гуфтем, ки ба фоида мо ҳал шавад, ин ҷо ба додгоҳ омадем, гуфтанд, амволи маҳкумшудаҳо ба фоидаи давлат мусодира мешавад, намедонем тақдири маблағҳои мо чӣ мешавад".
Мавлуда, яке аз ҷабрдидаҳои дигар мегӯяд, ба сарварони пешини "Манзили дастрас" 125 000 сомонӣ дода буд, то соҳиби хона шавад, вале то ҳанӯз на аз хона хабаре аст ва на аз маблағ.
Аммо додраси парванда гуфт, дар ҳукм манфиати ҷабрдидаҳо ба назар гирифта шудааст ва дар доираи қонун масъалаи бозгардони маблағи онҳо аз ҳисоби маҳкумшудаҳо, сурат мегирад.
Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 оғоз шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани тарҳи "Манзили дастрас" мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар умум кормандони будҷавӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.
Нархи як метри квадратӣ аз хонаҳои ин ширкат аз 1981 то 4501 сомонӣ вобаста ба ошёнаҳо буд, ки назар ба сохтмонҳои нав дар Душанбе арзонтар аст. Саҳми аввалияи он 50 дарсади арзиши умумии хонаро ташкил дода, маблағи боқимонда моҳ ба моҳ тақсим мешуд. Харидорон моҳе як бор онро ба суратҳисоби бонкии корхонаи "Манзили дастрас" мегузаронданд.
Аммо соли 2017 ин ширкат муфлис ва баъдан раҳбари он ҳамроҳ бо чанд тани дигар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд. Танҳо бо гузашти шаш сол ва иваз шудани раҳбари он, молики нави ширкат рӯзи 27-уми декабри соли гузашта ин тарҳи нотамомро пурра ба анҷом расонид ва дар ҳузури шаҳрдори Душанбе ба соҳибонашон супорид. Аммо бо ин мушкили гурӯҳе аз муштариён, ки дар даст санадҳои норушан ва гуфта мешавад, қалбакӣ доранд, ҳалношуда боқӣ монд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!