Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо сомонии Умед-88-ро ба нерӯгоҳи Роғун додаанд


Хадамоти иҷро мегӯяд, аллакай аз фурӯши амволи ба фурӯшгузоштаи ширкати "Умед-88", ба ҳисоби нерӯгоҳи "Роғун" бештар аз 52 миллион сомонӣ ворид кард.Ҳамчунин аз амволи ин ширкат 22 миллион сомонӣ ба ҳисоби "Амонатбонк" ҳамчун зарари расонида шуда, пардохт гаштааст. Илёс Идрисзода, раиси Хадамоти иҷро рӯзи 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло қарзи ин ширкат дар назди будҷа бештар аз 118 миллион сомонӣ боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи раиси Хадамоти иҷро, нархи амволи боқимонда 121 миллион сомонӣ мебошад. "Тамоми амвол вобаста ба нархе, ки додгоҳ муқаррар кард, фурӯхта шудааст",-афзуд вай.

​Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед-88", моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Дар аввал мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки Вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд. Сипас ба парвандаи ӯ "дуздии моликияти давлатӣ" ва "исрофкорӣ" ҳам зам шуд.

Ширкати "Умед-88" аз соли 2006 дар бозори сӯхти Тоҷикистон ворид шуд ва ба гуфтаи раҳбараш, беш аз 2 миллиард сомонӣ ба будҷаи давлат андоз супурдааст. Ин ширкат то замони қатъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо "Газпром"-и Русия ва ширкати хусусии "Фароз" дар рақобат қарор дошт.

Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳо дар Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG