Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро "мӯҳри махфӣ" дар парвандаҳо афзудааст?


Ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, ки афзоиши “мӯҳри махфӣ” дар парвандаҳо ва муҳокимаи пӯшидаи додгоҳӣ дар аксар ҳолат нокофӣ будани далелҳои зидди муттаҳамон ва пинҳон доштани ҷараёни баррасиҳоро аз дурбини журналистон нишон медиҳад.

  • Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ба истиснои сирри давлатию ҳарбӣ, сирри хонаводагӣ ва ҷинсӣ, дар ҳолатҳои дигар тафтишот ва ё мурофиаи додгоҳӣ бояд ошкор ва бидуни муҳри махфӣ баргузор шавад.
Дар баъзе ҳолат додрасҳо метарсанд, ки дар ҷараёни мурофиа камбуд нашавад. Барои ҳамин, аз рӯи эҳтиёт муҳокимаҳоро ба таври пӯшида мегузаронанд

“Номи қурбониҳо бояд фош нашавад”

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноӣ, танҳо баррасии пӯшидаи парвандаҳое иҷозат шудааст, ки баррасии ошкори он боиси фош шудани сирри давлатӣ мегардад.

Қонунҳои кишвар, инчунин, дар мавридҳое ба мисли мурофиаи афроди то 16-сола ва танфурӯшиву таҷовуз ба номус парвандаро махфӣ мекунад, то ҳуввияти қурбониҳо фош нашавад. Илова ба ин, дар сурати зарурати таъмини амнияти иштирокдорони мурофиа, шоҳидон ё хешовандони наздики онҳо, мурофиа метавонад ба таври пӯшида сурат гирад.

Дар ҳолатҳои дигар, тавре дар моддаи 19-и Кодекси мурофиавии ҷиноӣ омадааст, “дар додгоҳ бояд ба таври ошкор муҳокима карда шавад”.

Чаро парвандаҳоро махфӣ мекунанд?

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, додрасҳо ва муффатишон ҳақ надоранд, ки мақоми парвандаро аз рӯи хостҳои худ муайян кунанд. Вакили мудофеъ Абубакр Қулматов рӯзи 27-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба ҷуз чанд категорияи ҳуқуқие, ки дар Кодекси мурофиавии ҷиноӣ зикр шудааст, пӯшида баргузор кардани мурофиа амали ғайриқонунӣ дониста мешавад”.

Ӯ мегӯяд, бархе аз додрасҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз расонаӣ шудани ҷараёни мурофиа ваё тафтишот, махсусан дар ҳолатҳое, ки айбдоршаванда шиканҷаву латту кӯб шуда бошад, ба парванда мӯҳри махфӣ мезананд. “Дар чунин ҳолат журналистҳо ҳақ доранд, ки ба идораҳои болоӣ шикоят бурда ва иҷозаи вуруд ба толорро пайдо кунанд”, - афзуд ӯ.

“Метарсанд, ки камбуд нашавад”

Азизмуҳаммади Холмуҳаммад
Азизмуҳаммади Холмуҳаммад

Азизмуҳаммади Холмуҳаммад, вакили Маҷлиси намояндагон ва додраси собиқи Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, парвандае, ки сирри давлатӣ надорад ва иштирокдорони мурофиа ҳам ба ошкор будани он эътироз надоранд, бояд ба таври боз баргузор шавад. “Медонед, дар баъзе ҳолатҳо додрасҳо метарсанд, ки камбуде дар мурофиа сар назанад. Ваё норасоие пеш наояд. Онҳо бисёр вақт барои эҳтиёт пӯшида мегузаронанд”, - гуфт ин додраси пешини Додгоҳи олӣ.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯйхати парвандаҳоеро, ки додгоҳҳо ба таври пинҳонӣ муҳокима мекунанд, ошкор накардааст. Вале ҳуқуқдонҳо мегӯянд, дар муқоиса ба чанд соли пеш мизони парвандаҳое, ки муҳри махфӣ доранд ва инчунин муҳокимаҳои паси дарҳои баста бештар шудааст.

Ҳилолбӣ Назарова, як вакили мудофеъ, мегӯяд, баъзан худи айбдоршаванда ё ҷабрдидаҳо мехоҳанд, ки муҳокимаашон пӯшида сурат гирад. Дар он ҳолат, ба гуфтаи ӯ, додрас мурофиаро паси дарҳои баста мегузаронад ва аз ҳузури наздикону хабарнигорон ҷилавгирӣ мекунад.

“Бо забонхат забони вакилро мебанданд”

Вале, ба қавли ҳуқуқдонҳо, парвандае, ки марбут ба қазияҳои қаллобӣ ваё ҷиноятҳои иқтисодиву авбошист, ба ҳеҷ сурат набояд пӯшида сурат гирад. Онҳо бовар доранд, ки дар Тоҷикистон баъзе мурофиаи чеҳраҳои шинохта ва бонуфуз ба таври “фармоишӣ” пӯшида сурат мегирад.

Таҷрибаи дигаре, ки солҳои охир дар додгоҳҳои Тоҷикистон истифода мешавад, ин бастани даҳони вакилони мудофеъ бо забонхат аст. Аввал муфаттиш ва баъд додгустар аз вакили мудофеъ забонхат мегиранд, ки ҷузъиёти парвандаро ба касе нагӯяд.

Миёнаҳои моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи пурсару садои раиси ширкати “Умед 88” Раҷабалӣ Одинаевро, ки бо ҷурмҳои иқтисодӣ 24 сол зиндонӣ шуд, ба таври пӯшида анҷом дод. Дар ҷараёни таҳқиқи парванда вакилони мудофеъ ва наздикони Раҷабалӣ Одинаев аз хабарнигорон канораҷӯӣ мекарданд.

Раҷабалӣ Одинаев
Раҷабалӣ Одинаев

Қабл аз ин, парвандаи соҳибкори шинохта Зайд Саидов низ муҳри махфӣ гирифта ва ба таври пӯшида баргузор шуд. Саидов низ ба ҷурмҳои иқтисодӣ муҳокима мешуд.

Муҳокимаи кормандони Оҷонсӣ чаро пӯшида буд?

Парвандаи дигар, ки метавонист намунаи хуби муборизаи давлат бо коррупсия арзёбӣ шавад – парвандаи беш аз 10 корманди Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон – таҳти муҳри махфӣ ва ба таври пӯшида ҷараён гирифт. Ин дар ҳоле буд, ки онҳо асосан ба ришвахорӣ муттаҳам мешуданд.

Бо ин ҳол, ҳуқуқдонҳо бо назардошти чандон шаффоф набудани ҳолатҳои истифодаи мӯҳри махфӣ дар парвандаҳо вамурофиаҳои пӯшида мегӯянд, банди 273-и Кодекси ҷиноии мурофиавӣ, яъне “муҳокимаи ошкорои судӣ” бояд бозбинӣ шавад. “Бояд ҳолатҳои истифодаи мӯҳри махфӣ ва муҳокимаҳои паси дарҳои баста дақиқ карда шаванд”, - хулоса карданд он

XS
SM
MD
LG