Зиндагии зебо - бо маоши ночиз. Аксаран ҳаёти мансабдоронро дар ҷомеаи Тоҷикистон чунин тасаввур мекунанд ва новобаста ба ин ки маоши миёнаи хидматчиёни давлатӣ каме болотар аз 150 доллар аст, бисёриҳо орзу доранд, хидматчии давлатӣ бошанд. Чаро?
Яке миёни садҳо хоҳишманд
Аксари онҳо талош мекунанд, ки дар мақомоти гуногуни давлатӣ соҳиби мансаб шаванд. Ин навъе аз аҷобатҳост, ки як ҳирфа бо маоши бисёр ночиз ва дараҷаи болои масъулият ин қадар ҷаззоб аст.
Эраҷ муҳоҷири ҷавон аз Тоҷикистон аст, ки чаҳор сол боз дар Маскав кор мекунад. Ӯ ният дорад, ки ба яке аз мактабҳои олии Русия ворид шуда, мутахассиси риштаи гумрук шавад.
"Тобистони имсол вақте ба кишвар рафтам, бархе аз дӯстонам дар соҳаи гумрук, вазорати нақлиёт ва мақомоти андоз ҷойи кор пайдо кардаанд ва зиндагиашон хуб шудааст. Аллакай соҳиби мошин шудаанд. Бархеҳо хонаашонро таъмир кардаанд ва қисме ҳам ният доштанд, ки хонаи нав бисозанд. Аммо ман, ки солҳо заҳмати таксирониро мекашам, чунин боқӣ мондаам", - бо нигаронӣ гуфт муҳоҷири ҷавон рӯзи 12-уми январ.
Бар асоси маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор ҷойи кор барои хидматчиёни давлатӣ вуҷуд дорад. Дар бештар аз 19 ҳазор ҷойи он нафарони мушаххас машғули кор ҳастанд.
Дастгоҳи давлат роҳе барои сарватманд шудан?
Агар аҳолии Тоҷикистон беш аз 9 миллион нафар бошад, пас, бар сари 464 шаҳрванд як мансабдор рост меояд. Бо вуҷуди ин, коршиносон мегӯянд, маҳдуд будани шумораи ҷойи кор талоши ҷавононро кам намекунад.
Блогнавис ва фаъоли иҷтимоӣ Рустам Гулов рӯзи 12-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳангоми кор бо ҷавонон бовар ҳосил кардам, ки аксари онҳо талош мекунанд, дар мақомоти гуногуни давлатӣ соҳиби мансаб шаванд. Ин навъе аз аҷобатҳост, ки як ҳирфа ё мақом бо маоши бисёр ночиз ва дараҷаи болои масъулият ин қадар ҷаззоб аст."
Ба назари Гулов чунин талоши ҷавонон на барои он аст, ки чӣ қадар маош мегиранд ва ё дар куҷо кор мекунанд, балки ба он хотир аст, ки чӣ гуна метавонанд аз имкону ваколати доштаашон барои сарвантманд шудан истифода кунанд.
Суолҳои ошкоро ва посухҳои номушаххас
Зиндагии рифоҳи мансабдорони тоҷик, хусусан мансабдорони қишри болоӣ ва миёна зуҳуроти тоза нест ва борҳо мавзӯи интиқодҳои шадид дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ будааст.
Моҳи сентябри соли гузашта, ҳатто хадамоти матбуоти Кумитаи андози Тоҷикистон пас аз он ки расонаҳо мавзӯи бо маоши кам соҳиби мошинҳои гаронарзиши хориҷӣ будани кормандони ин ниҳодро матраҳ карданд, ҳаҷми маоши кормандонашро интишор кард. Он замон тибқи маълумоти пешниҳодии ин ниҳод ҳаҷми маоши баландтарин бидуни собиқаи хидмати давлатӣ аз раҳбари дастгоҳи марказии кумита буд, ки 1983 сомонӣ ё 210 долларро дар бар мегирифт.
Раиси ин ниҳод Нусратулло Давлатзода ҳамчунин гуфта буд, ки мошинҳои кормандонашон нав нестанд ва арзиши гарон надоранд ва дар атрофи Кумита, ба гуфти ӯ, бештар мошинҳои корафтодаҳо гузошта шудаанд.
Бо ин ҳама, мавзӯи ба истилоҳ “зиндагии люкс”-и мансабдорон миёни сокинон ҳамеша мавриди баҳс қарор дорад. Агар бархеҳо алоқаманди донистани даромадҳои ҳангуфти хидматчиёни давлатӣ бошанд, дигарон орзу доранд, ки соҳиби ин гуна вазъ шаванд ва агар ҳоло барояшон муяссар намешавад, ҳадди ақал дар оянда битавонанд ба ин сатҳ бирасанд.
Муваффақятҳои хидмати давлатӣ
Коршиноси тоҷик Анвар Сафарзода бо ин фикр, ки хидмати давлатӣ дар Тоҷикистон яке аз риштаҳои серхаридори ҷойи кор барои ҷавонон аст розӣ аст ва чанд омили онро ҳам номбар кард:
- “Нахуст – низом. Агар тавонистӣ вориди низом шавӣ, ба иттилооти гуногун дастрасӣ пайдо мекунӣ ва ҳамчунин равобити корие низ ба даст меоварӣ, ки метавонӣ масъалаҳои зиёдеро ҳал кунӣ. Омили дувум – устуворӣ. Хидматчии давлатӣ, ки шудӣ кафолат ҳаст, соҳиби як ҷойи кор бо маоши на он қадар баланд, вале устуворе мебошӣ. Омили сеюм, дар Тоҷикистон одатан хонаводаҳо калонанд ва агар як узви хонавода хидматчии давлатӣ бошад, амалан барои таъмини хонаводааш кор мекунад. Бо маълумоти лозим таъмин аст ва ба марказҳои қабули қарор дастрасӣ дорад.”
Муваффақиятҳои хидматчии давлатиро ҳамчунин сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло низ ном мебарад: "Ба василаи дастгоҳи идорӣ рӯйи пойи худ истод шудан роҳи баде нест. Дар ин ҷо одам кори бонизом, навиштани санадҳоро ёд мегирад, низоми қабули қарорҳоро аз худ мекунад. Ва дар оянда дар дигар ҷойи кор ӯ медонад, ки ба кадом роҳ мешавад масоилро ҳал кард ва чӣ гуна тасмимгирӣ намуд. Аз ин рӯ, касе, ки дар дастгоҳи давлатӣ кор кардааст, барои ҳар гуна ширкати хориҷӣ як кадри боарзиш ба шумор меравад."
Баҳогузориҳои гуногуни муассири кори мансабдорон
Дар ҳамин ҳол, бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 марти соли 2018 шумораи хидматчиёни давлатӣ дар ҳукуматҳои ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо набояд аз 8 ҳазору 143 нафар бештар бошад. Шумораи онҳо барои маъмурияти ҳар вилоят ва шаҳру ноҳия мушаххас карда шудааст. Ҳамин тавр, шумораи хидматчиёни давлати дар вилояти Бадахашон на бештар аз 162 нафар ва минтақаҳои бузурге чун Суғду Хатлон мутаносибан аз 470 ва 511 нафар бештар набошанд. Дар Душанбе ва ноҳияҳои он ин шумора набояд аз 175 нафар боло бошад. Ин танҳо шумораи хидматчиёни мақомоти маҳаллӣ аст ва кормандони вазоратҳо ва ниҳоду раёсатҳои онҳо дар минтақаҳо ба он ворид нестанд.
Коршиносон эътироф мекунанд, ки шумораи дастгоҳи идорӣ дар маҷмуъ мутаносибан ба шумораи аҳолӣ аст, вале дар мавриди муассир будани кори онҳо баҳогузории гуногун вуҷуд дорад. “Агар муассир будани кори мансабдорони тоҷикро бар асоси рушди иқтисоди кишвар ва эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти давлатӣ баҳогузорӣ кунем, намешавад гуфт, ки кори инҳо хуб роҳандозӣ шудаву муассир аст”, - мегӯяд Рустам Гулов.
Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло ба ин масоил назари дигар дорад ва мутмаин аст, ки кишвар дар шароити суботи сиёсӣ қарор дорад ва метавонад равобити хубе бо ҳамсояҳо дар минтақа ва қудратҳои ҷаҳоние мисли Амрикову Русия ва Чин дошта бошад. “Ин аз кори мансабдорене, ки ба фаъолияти фикрӣ машғуланд, низ вобаста мебошад”, - шарҳ дод сиёсатшинос.
Раддабандиҳои ҷаҳонӣ
Агар самарбахшии фаъолияти дастгоҳи идориро бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ баҳо диҳем, баъид аст, ки арзёбиҳо мусбат бошанд. Тибқи раддабандии Transparency International дар соли 2017 Тоҷикистон миёни 180 кишвари ҷаҳон мақоми 161-умро дорад ва дар муқоиса бо соли пештара 10 зина пойин рафтааст.
Моҳи ноябри соли 2018 кишвар вориди 30-гонаи кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон шуд ва бо Ҷумҳурии демократии Конго дар як сатҳ қарор дошт.
Садақа василаи наҷоти ҷону тан
Дар пасманзари вориди раддабандиҳои фасод шудан, дар кишвар корҳои хайру садақа аз тарафи мансабдорон, ки тибқи қонун ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро надоранд, ба ҳукми анъана даромадааст. Соли 2018 як қатор мансабдорони баланпояи тоҷик аз ҳисоби худ даҳҳо иншоот дар қаламрави кишвар бунёд намуданд.
Ба унвони мисол мешавад аз як маркази тиббии муосир, ки Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ дар деҳаи Дошмандии вилояти Хатлон, боғи нави ба номи Алишер Навоӣ дар Душанбе, ки тибқи маълумоти “Азия-плюс” аз сӯйи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон, бозсозии “Кӯли ҷавонон” аз сӯйи саварзири кишвар Қоҳир Расулзода бунёд шудаанд, ном бурд. Дар яке аз мусоҳибаҳояш ба Радиои Озодӣ сухангӯйи президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода гуфта буд, “ба мансабдорони тоҷик тавсия дода шудааст, ки аз ҳисоби худ роҳҳо, мактабу беморхонаҳоро вобаста ба имконоташон дар зодгоҳҳояшон таъмир кунанд”.
Аз нигоҳи ахлоқӣ, чунин иқдомот, қатъан боиси эҷоди хушбинӣ дар миёни теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз мардум мешавад. Дар ҳамин ҳол, миёни шаҳрвандон борҳо дар мавриди сарчашмаи ин гуна саховатмандиҳо суол пайдо шудааст.
Тавре коршиноси тоҷик Анвар Сафарзода мегӯяд, чунин саховатмандиҳо суолҳои бисёре эҷод мекунад, вале ҳукумат ба ин натиҷа расидааст, ки ин як иқдоми зарурист. “Фикр мекунам, президент бо назардошти ин ки тамоми даромади мансабдоронро пайгирӣ кардан мушкил аст, тавонист чунин як ташаббусеро роҳандозӣ кунад. Тавонист, ки тавассути чунин паёмҳои иҷтимоӣ онҳоро ба харҷи дороиҳояшон ба нафъи шаҳру навоҳӣ ҳавасманд кунад. Аммо дар ҳамин масъала ҳам кор ба содагӣ нест, зеро ҳамаи ин кор ба таври пӯшида сурат мегирад ва маълумоте дар бораи ин ки ин мансабдор чӣ гуна ва бо кадом роҳ миллионҳо долларо ба даст овардааст ва сармоягузорӣ кард, вуҷуд надорад”,-мегӯяд коршинос.
Дар ҳоле ки саховатмандӣ ва ҷавонмардии мансабдорони тоҷик зеҳни ҷавононро машғул медорад ва онҳоро маҷбур мекунад, ки дар фикри кор дар давлат бошанд, коршиносон пешниҳод мекунад, масъалаи эъломияи дороӣ ва даромади мансабдорон дар сатҳи қонунгузорӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Агар комилан ҳам нашавад, қисман маълум гардад, ки хидматчиёни давлатӣ ва наздикони онҳо чӣ моликияте доранд ва ба ҳамин тартиб эътимод миёни ҷомеа ва ҳукумат каме ҳам бошад таъмин гардад.