Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои оффшорӣ муваззаф шуданд моликони худро ошкор кунанд


Ширкату корхонаҳо, аз ҷумла ширкатҳои оффшор дар Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки моликон ва ё манфиатбардорони худро ошкор кунанд.

Баробари ба иҷро даромадани тағйирот ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" аз 7-уми январ ширкату корхонаҳо дар Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки ҳангоми сабти ном дар мақомоти андоз молик-бенефитсиар ва ё манфиатгири ниҳоии худро ошкор кунанд.

IRS, ки роҳи мошингарди марказу шимол дар ихтиёраш аст, ҳамчун ширкати оффшорӣ ном бурда мешавад.
IRS, ки роҳи мошингарди марказу шимол дар ихтиёраш аст, ҳамчун ширкати оффшорӣ ном бурда мешавад.

То кунун моликони аксар ширкату корхонаҳо дар Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, номи худро пушти ширкатҳои оффшорӣ ва ё исми одамони дигар (подставной), пинҳон кунанд. Бинобар ин, дар Тоҷикистон матбуоту ҷомеа ва дар баъзе мавридҳо худи мақомот низ намедонанд молики аслии ин ва ё он ширкат кӣ аст.

Мавзӯи кӣ будани молики аслии ширкат соли 2009 дар Тоҷикистон доғ гашта буд. Замоне ки вакилони Маҷлиси намояндагон созишномаи консеcсионӣ миёни давлат ва ширкати офшории "IRS" - Инновейтив роуд соллюшнз-ро баррасӣ мекарданд, мавзӯи кӣ будани моликони ин ширкат, ки ягона роҳи мошингарди байни марказу шимол дар ихтиёраш дода мешуд, рӯ зад.

Аммо мақомот ба вакилон номи соҳибони ширкатро, ки дар асл дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия сабтином шудааст, ошкор накарданд.
То кунун ҳадсу гумонзанӣ дар мавриди ба кӣ тааллуқ доштани ин ширкат, ки масъули нигоҳубин ва пулчинӣ аз роҳи Душанбе-Чаноқ аст, идома дорад, вале молики аслии ин ширкат, ки аз ин роҳ даромади ҳангуфте мегирад, то ба ҳол аз чашми ҷомеа пинҳон боқӣ мемонад.

"Қонун ба ширкатҳое дахл дорад, ки ҳоло сабти ном мешаванд"

Мэлс Меликов, масъули бахши ҳуқуқи Кумитаи андози Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тартиботи нави қонун ба ширкатҳое дахл хоҳанд гирифт, ки акнун таъсис ёфтаанд. Ӯ гуфт, "тавре медонед, қонун қувваи баръакс надорад. Яъне он ширкатҳое, ки тибқи қонунҳои пешин ба қайд гирифта шудаанд, боқӣ мемонанд. Ин танҳо ба ширкатҳое дахл дорад, ки акнун ба қайд гирифта мешаванд".

Тибқи иловаи моддаи 11-и қонуни мазкур, ҳамакнун ширкатҳо ӯҳдадоранд ба мақомот дар бораи молики воқеии он маълумот пешниҳод кунанд, бидуни он ширкат дар мақомоти андоз сабти ном намешавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ин тағйирот низ ба куллӣ наметавонад моликони аслии ширкатҳоро фош кунад. Чун дар Тоҷикистон бисёре аз афроди сарватманд ва наздик ба ҳукумат ширкатҳоро расман ба номи хешу ақрабо ва ё ҳатто ёру ошноҳояшон бо маслиҳати пешакӣ сабти ном мекунанд.

Чаро ширкатҳо бо номи моликони воқеӣ сабт намешаванд?

Михаил Петрушков, роҳбари Маркази рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон.
Михаил Петрушков, роҳбари Маркази рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон.

Михаил Петрушков, роҳбари Маркази рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, агар як нафар ба касе дигар машварат карда, ширкатро ба номи ӯ сабт кунад, ошкор кардани он хеле душвор аст: "Бинобар ин, масъалаи молики воқеии ширкат кист, ҳанӯз мубрам боқӣ мемонад. Натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари ҷаҳон, ҳатто Амрико. Дар он ҷо разведкаи молиявӣ ба ошкор кардани моликони воқеии ширкатҳо машғул аст".

Ба гуфтаи Петрушков, як омили дигаре, ки ширкатҳо дар Тоҷикистон ба номи моликони воқеиашон сабт намешаванд, маҳдудият дар қонунҳост. Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон ҳанӯз муқаррароти "Қонун дар бораи шароити кори муштарак..." аз соли 1998 амал мекунад, ки намегузорад як шахс дар як вақт молики ду ва ё бештар аз он ширкат бошад.

"Ин қонун ба он хотир қабул шуда буд, ки як нафар дар минтақаҳои гуногун чанд ширкат ба номи худ сабт карда, аз пардохти андоз фирор накунад. Аммо ҳоло вазъият дигар шуд. Ҳамаи маълумот дар як махзани электронӣ ҷойгир аст ва дилхоҳ нозири андоз аз компютери кориаш метавонад тафтиш кунад, ки ба номи ин одам ширкати дигаре сабти ном шудааст ё не", - шарҳ дод ӯ.

Петрушков мегӯяд, замони тағйири қонун расидааст, чун ҳоло агар нафаре мехоҳад бизнесашро бо номи худ сабти ном кунад, қонун ӯро маҳдуд мекунад ва барои бештар шудани ширкат бо номи одамони тақаллубӣ замина ба вуҷуд меорад.

"Пинҳон будани моликони ширкатҳо боиси коррупсия мешавад"

Екатерина Рижанка, як масъули созмони Шаффофияти Байналмиллал – Transperency International рӯзи 9-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маълуму ошкор будани моликии воқеии ширкатҳо хеле муҳим аст, дар ғайри сурат ин барои сар задани коррупсия боис мешавад.

Екатерина Рижанка, як масъули созмони Шаффофияти Байналмиллал.
Екатерина Рижанка, як масъули созмони Шаффофияти Байналмиллал.

"Дар ҳар куҷое, ки шаффофият набошад, онҷо барои коррупсия замина ба вуҷуд меояд. Масалан, вақте намедонем, ки молики ширкат кист, вале ширкат дар тендерҳои давлатӣ ғолиб меояд, шубҳабаранез аст. Чун ин ширкат метавонад дар асл моли мансабдорони алоҳидае бошад, ки дар гузарондани тендер масъуланд ва албатта ба ширкати худ дар он бартарӣ медиҳанд".

Як роҳи маъмулии дигари пинҳон мондани исми воқеии моликон ин ширкатҳои оффшорӣ аст. Рижанка мегӯяд, садҳо санад дар доираи "Авроқи Панама" ошкор шуд, ки чи гуна мансабдорони сатҳи баланд ва аз ҷумла аз Тоҷикистон бо истифода аз оффшор пулҳои худро ғайриқонунӣ ба берун мебаранд ва "ё аз чашми ҷомеа пинҳон медоранд. Бо истифода аз мақоми худ барои ширкати худ роҳи бизнесро васеъ мекунанд".

Нигоҳи ҷомеа ба ширкатҳои оффшорӣ

Муносибат ба ширкатҳои оффшорӣ дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ маъмулан манфӣ шакл гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҳам аксар бар ин назаранд, ки моликони ширкатҳои оффшорӣ ба ин тариқ пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаашонро аз кишвар берун мекашанд.

Раиси қаблии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.
Раиси қаблии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.

Аммо раиси қаблии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар яке аз нишастҳои матбуотияш гуфта буд, "пулҳое, ки аз Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор гузошта шудаанд, на ҳатман ба маъноест, ки онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд".

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди ширкатҳои оффшорӣ, моликони аслӣ ва маблағҳои аз Тоҷикистон ба ин қабил минтақаҳо ирсолшударо аз матбуот пинҳон медоранд, охири соли 2013 маркази таҳқиқотии Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар рақам зада буд.

Дар Тоҷикистон чанд сарватманд аст?

Дар Тоҷикистон сарватмандон кӯшиш мекунанд, ки аз чашми ҷомеа пинҳон монанд. Дар соли 2008 матбуоти тоҷик аз ҷумла нашрияи "Факты и комментарии" рӯйхати 100 фади доро ва нерӯманди Тоҷикистонро нашр карда буд.

Минтақаҳои оффшорӣ дар Панама.
Минтақаҳои оффшорӣ дар Панама.

Аммо 10 сол инҷониб матбуот аз бурдани номи доротарин афроди Тоҷикистон бинобар набуди маълумот худдорӣ меварзад. Танҳо ин маълум аст, ки доротарин афроди Тоҷикистонро шахсони наздик ба хонаводаи рақами як ва афроди наздик ба ҳукумат ташкил медиҳанд.

Вожаи "Оффшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" - манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд.

Бузургтарин манотиқи оффшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Британия, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи оффшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кӯмак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.

XS
SM
MD
LG