Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даричаи бози мансаб барои фарзандони мақомдорон


"Соли ҷавонон" дар Тоҷикистон, барои як идда ҷавонон -- фарзандони мансабдорони кунуниву собиқ ба идораву корхонаҳои давлатӣ роҳ кушод. Аммо дида мешавад, ки даричаи мансаб ба рӯи фарзандони раисону мансабдорони ҳозиру собиқ бештар боз аст, то ба рӯи писари ба истилоҳ муаллиму деҳқон.

Агар ба курсиҳои раддаи миёнаи вазорату кумита ва идораҳои давлатии Тоҷикистон назар кунем, чеҳра ва фамилияҳои ошно зиёд ба назар мерасанд. Аксари инҳо фарзандони мансабдорони собиқанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, давлат дар ишғоли вазифаҳо барои кулли ҷавонон бояд имконияти баробарро фароҳам биёварад. Чунки дар ғайри сурат адолати иҷтимоӣ халдор шуда, ба истилоҳ лифтҳои иҷтимоӣ аз кор мемонанд ва ҷавонони соҳибистеъдод тарки кишвар мекунанд.

Дар мавриди мансабгирии фарзандони мансабдорони баландпоя, ки исмашон дар ҷомае матраҳ ба мисли Маҳмадсаид Убайдуллоев, Абдуфаттоҳи Ғоиб, Абдумаҷид Достиев, Шералӣ Гулов, расонаҳо гузориш дода буданд. Аммо ин феҳраст бо ин номҳо хотима намёбад.

Барои мисол, пас аз мансаби раиси Суди олӣ канор рафтани Нусратулло Абдуллоев, имсол писараш Файзулло Абдуллоев, раиси Суди олии иқтисодии вилояти Суғд таъин шуд. Фарзанди Исмонқул Билолов, роҳбари собиқи Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ҳам аз мансаб бенасиб намояндааст. Фарҳод Билолов писари ӯ роҳбари Депортаменти муносибатҳои байналмиллалии Бонки миллиро бар ӯҳда дорад.

Фарзандони мансабдорон дар "Талко"

Ширкати давлатии "Талко", ки дар қиёс бо дигар идораҳои давлатӣ маоши баландтаре ба ходимони курсинишнаш медиҳад, як макони дӯстдоштаи фарзандани мансабдорони собиқ аст. Дар ин идора писарони Абдуҷаббор Раҳмонзода, собиқ вазири маориф ва ҳоло ёрдамчии президент ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи умури хориҷӣ барои худ ҷойи кор ёфта буданд

Коршиносон интихоби коргарон аз ҳисоби фарзандони мансабдорони баландпояро як сиёсати ҳисобшудаи мудирони “Талко” медонанд, ки аз ин роҳ беҳтару тезтар хостаҳои худро дар айвонҳои баланди ҳукуматӣ бароварда месозад.

Меъёри интихоб кадом бошад?

Азамат Султонов сиёсатшиноси тоҷик.
Азамат Султонов сиёсатшиноси тоҷик.

Азамат Султонов сиёсатшиноси тоҷик, ки айни замон муқими шаҳри Лондон аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми март гуфт, фарзондони мансабдорон ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва дар ишғоли вазифаву мансабҳоро доранд. Ӯ гуфт, дар кадом оила ба дунё омадани шахс набояд критерияи интихоби кадрҳо бошад. Балки донишу маҳорат ва истеъдоди шахсӣ маҳаки асосии интихоби кадрҳо қарор бигирад.

Аммо ҳамсӯҳбатони мо аз шумори онҳое, ки дар озмуни интихоби кадрҳо дар идораҳои давлатӣ ширкат доштанд, мегӯянд, бидуни восита ва ёру ошно роҳ ёфтан ба мансабҳои давлатӣ ғайримкон аст.

Маълумоти олӣ, ду сол таҷрибаи корӣ ва ҳаминак ду солӣ бекорӣ...

Шервони Умриддин, як ҷавони 27-солаи тоҷик мегӯяд, бо маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ, ду сол боз наметавонад, дар идораҳои давлатӣ соҳиби ҷойи коре шавад. Ду соли охири Шервон бештар пайи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ва ширкат дар озмунҳои ишғоли мансабҳои холӣ сипарӣ шуд. Мегӯяд, ҳарчанд барои ишғоли вазифа дар идораҳои давлатӣ расман озмун баргузор мешавад, аммо дар асли афроде ба кор роҳ меёбанд, ки ба ибораи ӯ, "пушту паноҳ" ва ё "тағо"-е доранд.

Шервони Умриддин дар ин муддат дар ду озмуни ҷойҳои холии кор дар ҳукумати шаҳри Душанбе ширкат карда ноком гаштааст. Ӯ гуфт, дар ду соли охир ду маротиба ба озмуни ишғоли мансабҳои холӣ ҳуҷҷат супурд ва барои гирдоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ низ маблағаш сарф шуд, аммо ҳар ду маротиба ҳам муваффақ нашуд.

Шервони Умриддин.
Шервони Умриддин.

Шервони Умриддин мегӯяд, озмунҳои қабули кор ба идораҳои давлатӣ ҳоло тариқи як имтиҳони тестӣ сурат мегиранд, вале шаффофу одилона нестанд. "Дар як толор ҳамаи мо довталабони корро нишонданд. Бояд ба 25 савол посух бигӯяд. Вале ман шоҳид шудам, ки шахсоне, ки умуман тугмаи компютерро зер накарданд ва ба мазмуни саволҳо сарфаҳм намерафтанд, дар ниҳоят холи баланд гирифта, барандаи озмун ва соҳиби ҷои кор шуданд, аммо ман нагузаштам",-афзуд Шервони Умриддин.

Ду соли такопӯ ва нокомӣ Шервонро то ҳадде навмед кардааст ва мегӯяд ҳоло бештар дар пайи ҷустуҷӯи кор дар хориҷ аз кишвар аст. Ягона таскини дили Шервон ҳоло ин аст, ки ҳар рӯз дар кӯчаву хиёбон даҳҳо ҳамсол ва ҳамтақдиронашро во мехӯрад. "Чандин нафар аз дӯстонамро медонам, ки дар хориҷа таҳсил карда омдаанд ва ба кор пазируфта намешаванд",- мегӯяд Шервони Умриддин.

Мероси замони шӯравӣ

Азамат Султонов мегӯяд, кор дар идораҳои давлатӣ маоши чандон баланде надорад ва аз ин рӯ барои ҷавонони соҳибистеъдод ҳоло чандон ҷолиб нест. Ӯ афзуд: “Бинобар ин, фарзандон аз оилаи мансабдорони собиқ ва ё кунунӣ бештар дар идораҳои давлатӣ ба кор медароянд, чунки онҳо аз ҷиҳати молиявӣ таъминанд. Ҷавонони соҳибистеъдод, ҳоло ё дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Тҷоикистон ва ё дар хориҷ аз он имконияти кор карданро меҷӯянд."

Султонов мегӯяд, доштани ёру ошно барои роҳ ёфтан ба идораҳои давлатӣ дар даврони шӯравӣ низ муҳим буд ва ин падидаро Тоҷикистон ба мерос гирифт.

Аммо ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, давлат дар ишғоли вазифаҳо барои кулли ҷавонон бояд имконияти баробарро фароҳам биёварад. Чунки дар ғайри сурат адолати иҷтимоӣ халдор шуда ба истилоҳ лифтҳои иҷтимоӣ аз кор мемонанд ва ҷавонони соҳибистеъдод тарки кишвар мекунанд.

Султонов мегӯяд, як роҳи ҷалби ҷавонони соҳибистеъод ва ба вуҷуд овардани рақобати солим дар ишғоли мансабҳо, ки бархе аз давлатҳо таҷриба карданд, ин коҳиш додани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва аз ҳисоби маоши сарфашудаи онҳо баланд бурдани маоши боқимондаҳо аст.

XS
SM
MD
LG