Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба мақомот аён, аз чашми халқ ниҳон – Ҳисоби дороии мансабдорон


Мансабдорон ва ҳар нафаре, ки довталаби курсӣ дар ниҳодҳои давлатист, бар асоси қонуни ислоҳшудаи "Мубориза бо коррупсия", бояд ба таври ҳатмӣ дар бораи дороиҳои худ ва манбаъҳои даромад бидуни пинҳонкорӣ гузориш диҳанд. Эъломияи онҳо ҳангоми қабул ба кор санади муҳим хоҳад буд.

Як мансабдор ба хотири пинҳон доштани манобеи даромадаш аз номи зану фарзанд ва хешутабор истифода мекунад. Ин масъала борҳо собит шудааст

Мунтақидон чӣ мегӯянд?

Муаллифони тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни мубориза бо фасоди молӣ эъломияи даромади мансадорони давлатиро қадами муҳим барои ҷилавгирӣ аз коррупсия номиданд. Аммо ба назари мунтақидон, набуди шаффофият ва аз чашми ҷомеа пинҳон мондани эъломияи дороии мақомот наметавонад дар мубориза бо фасод муассир бошад.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни "Мубориза бо коррупсия"-ро баррасӣ намуда, бо ҷамъи оро онро ба тасвиб расонд. Тағйироти аслӣ марбут ба бандҳои 35 ва 65 буд, ки таҳияи эъломияи дороиҳо ва даромади кормандони давлатиро дар бар мегирад. Ҳамакнун агар маълум шуд, ки мансабдорони давлатӣ маълумотеро аз мақомот пинҳон кардаанд, аз вазифа маҳрум хоҳанд шуд.

Бахше аз стратегияи мубориза бо фасод

Ҷумъа Давлат
Ҷумъа Давлат

Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми октябр дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи коррупсияро муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ки мансабдорон муваззаф ҳастанд, на фақат ба Кумитаи андоз, балки ба раҳбарияти худ низ дар бораи дороиҳояшон гузориш диҳанд.

Анвар Тағоймуродов, вакили Маҷлиси Намояндагон, ки аз ин санад ҷонибдорӣ кард, гуфт, тағйирот бахше аз стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 то 2030 мебошад.

Кӣ медонад, ки рост аст ё дурӯғ?

Аммо на Оҷонсии зидди коррупсия ва на мақомоти дигар эъломияи дороиҳои мансабдорони давлатиро фош намекунанд. Ва маълум нест, ки назорат аз шаффофияту дурустии ин гузоришҳо чӣ гуна сурат мегирад.

Бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, дар ин ҳолат шарти аслии шаффофияти кори мақомот пурра иҷро намешавад ва дурустии кори мақомдорро танҳо раҳбари ӯ арзёбӣ мекунад. Дар ин ҳолат, боз ҳам доираи масъулият ва ҷавобгарӣ маҳдуд ва роҳро барои ҳамон коррупсия боз мекунад.

"Дороии зану фарзандонро ҳам нависанд"

Алиакбар Абдуллоев, раиси як созмони ғайридавлатии мубориза бо коррупсия мегӯяд, суоли аслие, ки беҷавоб мемонад, ин механизми иҷрои талаботи эъломияи давлаталабони мансабҳои давлатӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, хатари инки мансабдорон метавонанд бо истифода аз "роҳҳои сиёҳи молӣ" аз пешниҳоди гузориши мукаммал худдорӣ кунанд, боқӣ мемонад.

Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев

Абдуллоев мегӯяд, яке аз механизмҳое, ки созмони ӯ дар назар дорад, ин аст, ки вақте як мансабдор дороии худро пешинҳод мекунад, бояд дороии зану фарзандон ва хешовандони наздикро ҳам пешкаш кунад. "Ҳоло мебинем, як мансабдор ба хотири пинҳон доштани манобеи даромадаш аз номи зану фарзанд ва хешутабор истифода мекунад ва дороии худро ба исми онҳо сабт менамояд. Ин масъала борҳо собит шудааст. Аз ин рӯ, мақомоте ба мисли Оҷонсии зидди коррупсия ва Палатаи ҳисоб ва Бонки миллиро зарур аст, ки дурустии эъломияи дороии мансабдоронро санҷанд. Чунин таҷриба дар кишварҳои дигар дида мешавад", - афзуд ӯ.

Зимнан, дар вақти баррасии ин тарҳи муҳим на аз ҷониби намояндаҳои давлатӣ ва на аз тарафи вакилон масъалаи механизми иҷрои ин тарҳ ба таври мушаххас зикр нашуд.

"Касе борке ҳам тафтиш накардааст"

Маълумот дар бораи дороии мансабдорони тоҷик ба истиснои ҳолатҳои алоҳида ошкор намешавад ва шахсони одӣ намедонанд, кадом мансабдор дар кишвар чӣ қадар сарват дорад. Ҳол онки дар кишварҳои ғарбӣ ва баъзе аз кишварҳои Шӯравии собиқ чунин маълумот боз мебошанд.

Масъулин мегӯянд, муқаррароти нав ба қонуни зидди фасод бо ҳадафи иҷрои тавсияҳои FATF ва иҷрои Стратегияи муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Аммо бархе кормандони идораҳои давлатӣ мегӯянд, пур кардани эъломия дар аксар ҳолат ба хотири “галочка” сурат мегирад. Як ҳамсуҳбати мо, ки дар ҳукумати ноҳия кор мекунад, гуфт, “ҳамасола аз андоз як “бланка” оварда медиҳанд, ки пур кунед. Ҳар кас ба инсофи худаш вобаста аст, ки чӣ қадар менависад. Касе боре ҳам тафтиш накардааст, ки маълумоти дарҷшуда дуруст аст ё не”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дороиҳои мансабдорони тоҷик давоми се соли охир зери заррабин қарор гирифтааст. Ин кор пас аз он шуруъ шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният дар соли 2015 аз дороиҳои ҳангуфти мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ ба тундӣ интиқод кард. Раиси ҷумҳур дар ин ҷаласа хитоб ба кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, як бор ба гузаштаи худ назар кунанд, ки дар куҷо буданд ва ба куҷо расиданд.

XS
SM
MD
LG