Соли 2018 барои ҷомеаи илмии Тоҷикистон соли хиҷолатоваре буд, ки парда аз рӯи даҳҳо рисолаҳои "дуздӣ" бардошт ва як воқеиятро кашф кард, ки дар Тоҷикистон ҳар кас метавонистааст олим шавад, агар барои ин ҳавсала ва, албатта, пул дошта бошад.
Рӯбардор кардани кори якдигар ба тараққиёти илм зарба мезанад. Вақте як олим ихтирое кард ва мо фақат дар гирди ихтирои ӯ мегардем, кашфиёти нав намекунем
Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, ки то ҳол асардуздиии "олимон"-ро дар қаламрави Русия ва баъзе кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фош карда буд, соли 2018 ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро, ки баъзеҳо мақомдори давлатӣ низ буданд, ифшо намуд. Ин фошкориҳо ба мавзӯи дӯстдоштаи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд ва моҳҳо дар фазои маҷозӣ чарх зад.
"Маро кардӣ ба зери по, диссернет…"
Вуҷуди даҳҳо олими тақаллубӣ, ки бо дуздии порчаҳо ва баъзан даҳҳо саҳифаи асарҳои олимони Русия рисола ҳимоя карда ва унвон гирифтаанд, бисёр корбарони интернетро, ки аз оддитарин пешрафти ҳамватанонашон ба ваҷд меоянд, хеле хашмгин кард. Баъзеҳо алами худро ба шакли шеър холӣ карданд:
"Қадамҳо мондаӣ ноҷо, диссернет,
Маро кардӣ ба зери по, диссернет…
Намебахшам, намебахшам, гуноҳат,
Мани шӯридаи шайдо, диссернет."
Баъзе мақомдорон, таври маъмул ин фошкориро "дасисаи душманони Тоҷикистон" ва идомаи бадном кардани кишвар дар арсаи байналмилалӣ номиданд.
Дар муддати тақрибан як сол пойгоҳи "Диссернет" ному рисолаҳои на камтар аз 30 олими тоҷикро нашр кард, ки ба гуфтаи кормандони пойгоҳ дар рисолаҳои илмии онҳо "дуздӣ" аз кори донишмандони дигар мушоҳида мешавад. Дар байни онҳо номи мансабдорони тоҷик, аз ҷумла Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазир, Шоҳин Саидов, писари Нуриддин Саид, вазири маориф ва дотсенти яке аз кафедраҳои ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ҳаст.
Чанд нафари дигар, ки гӯё зимни таҳқиқ худро азоб надода, кори дигаронро рӯбардор кардаанд, дар донишгоҳҳои олӣ дарс медиҳанд. Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд, вале теъдоде ҳам гуфтанд, дар ҳаққи онҳо бӯҳтон задаанд.
Гӯсфандпарварӣ ба ҷои хукпарварӣ
Аммо онҳое, ки барои "Диссернет" кор мекунанд, хулосаҳои раднопазир доранд ва аз ҷумла дар бораи кори Нарзулло Амиров, раиси собиқи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзӣ, ки соли 2014 дар мавзӯи чорвопарварӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Нозирони "Диссернет" собит кардаанд, ки муҳаққиқ рисолаи як донишманди русро нусхабардорӣ карда, калимаҳои "Русия"-ро ба Тоҷикистон ва хукпарвариро ба гӯсфандпарварӣ иваз кардааст.
Шоҳин Саидов, писари вазири тоҷикро ба он муттаҳам кардаанд, ки дар рисолааш "қонунгузориҳои ҷиноӣ ва гумрукии Русияро ба қонунгузории Тоҷикистон" иваз намудааст. Баъди ин, Назрулло Амиров ва чанд донишманди дигари тоҷикро аз унвонҳои илмиашон, ки Комиссияи олии атестатсионии Русия дода буд, маҳрум карданд.
"Мақолаҳои солҳои 60-умро тағйир медиҳем"
Оймаҳмад Раҳмонов, донишманди улуми табиатшиносӣ, ки дар Лаҳистон унвони профессорро гирифтааст, мегӯяд, воқеан асардуздӣ дар байни довталабони унвони илмӣ зиёд аст ва ончӣ ки "Диссернет" менависад, асос дорад.
Ӯ рӯзи 25-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз мулоқоташ дар Тоҷикистонро мисол овард: "Аз яке пурсидам, ки шумо чӣ гуна мақолаҳои илмӣ омода мекунед. Гуфт, мо мақолаҳои солҳои 50-ум ё 60-умро мегирем, номи муаллифашро дигар мекунем, матнашро камтар иваз карда ва чоп мекунем. Гуфтам, чӣ хел, ҳеҷ кас намехонад, гуфт, не ҳеҷ кас намехонад, одамон ин чизро намедонанд. Бо ҳамин роҳ асардуздӣ сар мешавад."
Мо ҳам пойгоҳи антиплагиат дорем, вале фақат рисолаҳоеро тафтиш карда метавонем, ки ба забони русӣ иншо шудаанд
Ба қавли донишманди тоҷик, асосан онҳое ба асардуздӣ машғуланд, ки фақат бо назардошти манфиати хусусӣ мехоҳанд, унвоне дошта бошанд ва ё ба мақоме бирасанд. "Асоси асардуздӣ ин аст, ки мардум намехоҳанд, барои илм кор кунанд, фақат мехоҳанд, дараҷаҳои илмӣ дошта бошанд", - мегӯяд ӯ.
"Мансабдорон барои дифои рисола кай вақт доранд?"
Дар воқеъ, бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам баъд аз фошкориҳои "Диссернет" навиштанд, "мансабдорони серкори тоҷик он қадар вақти зиёд доштаанд, ки нишаста таҳқиқ карда саду дусад саҳифа рисола навиштаанд."
Донишманди тоҷик, ки баъд аз солҳои тулонӣ ва таҳқиқи зиёд унвони професорро соҳиб шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, асардуздӣ ҳеҷ фарқе аз дуздии воқеӣ надорад ва ҳадафи аслии олим бояд ҳалли мушкиле бошад, на манфиати хусусӣ ва дарёфти унвони илмиву расидан ба мақоми болотар.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз фошкориҳои “Диссернет” талаботи дарёфти номзадиро бисёр сахт карданд ва иҷоза намедиҳанд, то афроди тасодуфӣ ба арсаи илм роҳ ёбанд ва эътибори илму олимони тоҷикро паст кунанд. Абдуҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, рӯзи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ онҳо баъд аз гузоришҳо дар бораи мавҷудияти асардуздӣ дар рисолаву таҳқиқоти донишмандони тоҷик ин масъаларо баррасӣ карданд ва барои роҳ надодан ба он чораҳо низ андешиданд.
"Мо ҳам пойгоҳи антиплагиат дорем"
"Мо инро хеле таҳлил кардем. Рости гап, баъзан диссертатсияҳоро рӯйнавис мекунанд ва сарчашмаро нишон намедиҳанд, ки ин боис ба нигаронӣ аст ва мо ҳеҷ гоҳ инро тарафдорӣ намекунем. Ба хотири онки дар Тоҷикистон ин кор сурат нагирад, мо ҳам пойгоҳи антиплагиат дорем, вале фақат рисолаҳоеро тафтиш карда метавонем, ки ба забони русӣ иншо шудаанд", - гуфт Абдуҳаким Розиқзода.
Нахустин чора бояд маҳрум кардани асардуздон аз унвонҳояшон бошад. Дигар чораи зарурӣ тақвият ва густариш додани Шӯрои аттестатсионии миллӣ
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, аъзои комиссия имсол рисолаи тиббии як нафарро ба ҳимоят роҳ надодаанд, зеро қоидаҳои пешниҳоди таҳқиқро риоят накардааст ва "натиҷаҳои антиплагиаташ ҳам бисёр поин будааст".
Аз соли 2016 ва аз замони ба кор оғоз кардани Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дар шӯроҳои илмӣ, ба гуфтаи Абдуҳаким Розиқзода, 140 нафар рисола ҳимоя кард. Донишманди тоҷик гуфт, дар ин муддат барои риоя накардани қоидаҳои ҳимоят ва саҳлангорӣ дар кор як Шӯрои илмиро бастаанд ва кори якеро муттавақиф кардаанд.
Тоҷикистон фақат ду сол пеш Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дод ва раиси он Абдуҳаким Розиқзода мегӯяд, бо вуҷуди камбудҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ин гуна хатоҳои ҷиддӣ роҳ дода нашавад.
"Тағйироти лозимро интизор шудан нашояд"
Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик, ки дар Олмон рисолаи илмиашро ҳимоят кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди фошкориҳои “Диссернет”, интизор надорад, вазъи мавҷудаи илми тоҷик тағйири ҷиддӣ бубинад. Ӯ мегӯяд, то замоне ки ҳукумати Тоҷикистон муносибати худро ба илму маорифи кишвар ба таври куллӣ иваз накунад, тағйироти лозимро интизор шудан нашояд.
Ӯ дар мукотибае бо Радиои Озодӣ навишт: “Имкон дорад миқёс ва дараҷаи асардуздӣ тағйир ёбад ва роҳҳои нави азхудкунии таълифоти дигарон пайдо шаванд. Аз як тараф, унвонҷӯён ва шахсону гурӯҳҳое, ки барои онҳо корҳои илмӣ менависанд ва ё таҳрир мекунанд, мекӯшанд "Диссернет" онҳоро фош накунад. Аз тарафи дигар, эҳтимол ВАК-и Русия, ки рисолаҳои илмии олимони тоҷикро тасдиқ мекунад, талаботи шадидтар ҷорӣ кунад, то аз ин роҳ асардуздӣ камтар шавад."
Ба андешаи донишманди тоҷик, мақомоти Тоҷикистон бояд нисбат ба онҳое, ки дар воқеъ зимни таълиф “асардуздӣ” кардаанд, чораҳои сахт биандешад, то ба дигарон дарси ибрат шавад.
Чора чист?
“Нахустин чора бояд маҳрум кардани асардуздон аз унвонҳояшон бошад. Дигар чораи зарурӣ тақвият ва густариш додани Шӯрои аттестатсионии миллӣ ҳамчун яке аз шартҳои асосии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад", - шарҳ дод ӯ.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, асардуздӣ ва ё плагиат барои илму пажӯҳиш ва дар умум пешрафти Тоҷикистон хатар дорад. “Оқибати бисёр бад дорад, рӯбардор кардани кори якдигар ба тараққиёти илм зарбаи калон мезанад. Илм тараққӣ намекунад. Вақте як олим ихтирое кард ва мо фақат дар гирди ихтирои ӯ мегардем, кашфиёти нав намекунем, ихтирое намекунем”, мегӯяд Оймаҳмад Раҳмонов.