Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргу мири кӯдакони тоҷик камтар ва қоматашон баландтар шудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, таҳқиқоти нав нишон додааст, ки маргумири кӯдакон дар саросари Тоҷикистон дар чанд соли гузашта кам шудааст. Таҳқиқи тиббӣ-демографие, ки соли 2017 ба анҷом расид, маълум кардааст, ки дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 1000 навзод ва кӯдакони то 5-сола 33 нафарашон мефавтанд ва ин рақам баёнгари тамоюли коҳиши маргумири кӯдакон дар кишвар аст.

То 5 соли пеш ва то соли 2012 дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 1000 кӯдак, 43 нафари онҳо то 5-солагӣ нарасида, бар асари беморӣ, ё иллати дигаре мефавтиданд. Бо назардошти ҳамин омор, Тоҷикистон то имсол аз назари фавти кӯдакон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор дошт.

Ҳадаф аз ин таҳқиқот маълум кардани нишондиҳандаҳои асосии сиҳатии мардум дар Тоҷикистон ва таҳияи барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар барои дарозмуддат аст.

Оҷонсии омори Тоҷикистон, ки таҳқиқро бо мусоидати чанд муассисаи байналмилалӣ анҷом додааст, мегӯяд, сабабҳои коҳиши маргумир, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва сиҳатии занону кӯдакон аст. Омили дигар дастрасии беҳтар ба хадамоти тиббӣ, назорат ва сабти номи қатъиву муоинаи муназзами занони ҳомила будааст.

Оҷонсӣ бо нашри хабаре дар ин бора навиштааст, "ба аксари занҳо ҳангоми таваллуд ёрӣ расонида мешавад. Наваду панҷ дар сади таввалуд бо кӯмак ва зери назорати табибони баландихтисос сурат мегирад. Тақрибан 90 дар занони ҳомила дар шифохона таваллуд мекунанд. Аз ду се ҳиссаи занони тоҷик дар ҷараёни ҳомиладорӣ кӯмакҳои лозимаро мегиранд".

Ин нишондодҳо дар соли 2012 поинтар будаанд ва масалан дар он сол фақат 77 дар сади занон барои таваллуд ба шифохона мерафтаанд, 23 дар сад хона кӯдак ба дунё меовардаанд, ки кори хатарноке ба шумор меравад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бо вуҷуди рӯ ба шифохонаҳо овардани бисёре аз занону духтарони ҳомила дар Тоҷикистон ҳоло ҳам 12 дар сади онҳо дар хона ва бе назорати табиб таваллуд мекардаанд.

Тағзияи беҳтар ва ё истеъмоли муносиби ғизо дар байни кӯдакон аз омилҳои муҳими дигаре будааст, ки маргу мир дар байни онҳоро кам кардааст. Истеъоли ғизои дуруст мусоидат кардааст, ки кӯдакони бештари мардум дар Тоҷикистон "мутобиқ ба синну солашон сабзида ва қомати баландтар" дошта бошанд.

Агар то 5 соли пеш 26 дар сади кӯдакони Тоҷикистон ба сабаби истеъмоли ғизои нокофӣ дуруст рушд наёфта ва қади кӯтоҳ доштаанд, дар соли 2017 шумораи онҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Яъне ҳоло 18 дар сади кӯдакони то 5-сола дар Тоҷикистон ба сабаби истеъмоли ғизои нокофӣ ва ё нодуруст дуруст инкишоф намеёбанд ва қадашон назар ба меъёр кӯтоҳ аст. Аз назари меъёрҳои байналмилалӣ ин рақам ҳам бисёр баланд аст.

Оҷонси омори Тоҷикистон эътироф кардааст, ки бо вуҷуди пешрафт дар нишондодҳои коҳиши маргу мир ва ҳам беҳ шудани сиҳатии занону кӯдакон мушкилоти зиёде боқӣ мондааст, ки бояд ҳал шавад.

Масалан, аз миёни ҳар 10 кӯдаки аз 6-моҳа то 5-сола ва чаҳор нафари онҳо ва ё дар умум 42 дар сади кӯдакони ҳамин синну сол дар Тоҷикистон бемории анемия ва ё камхунӣ доранд, ки имкон намедиҳад, тифл дуруст инкишоф ёбад.

Бештар аз 40 дар сади духтарони аз 15-сола боло ва занони то 49-сола ҳам айни бемориро доранд, ки боиси коҳилӣ ва хастагии зуд мешавад. Тадқиқоти тиббии демографиро Тоҷикистонро Оҷонсии омор дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ ва мусоидати молии USAID, Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико, UNICEF -Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ва чанд муассисаи байналмилалии дигар анҷом додаанд.

Ҳадаф аз ин таҳқиқот маълум кардани нишондиҳандаҳои асосии сиҳатии мардум дар Тоҷикистон ва таҳияи барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар барои дарозмуддат аст.

XS
SM
MD
LG