Дар ҳоле, ки мақомоти давлатӣ вуҷуди зӯроварии хонаводагӣ нисбат ба кӯдакон ва ё поймол шудани ҳуқуқи онҳоро рад мекунанд, масъулони ин созмони ҷамъиятӣ иддао доранд, ки кӯдакону наврасон аз қишрҳои бештар аз ҳама осебпазири ҷомеа мебошанд.
Шоҳсанам Қарабоева, корманди иҷтимоии созмони «Ғамхорӣ», мегӯяд: «Фақат бо духтаракони аз 10 то 18-сола, ки мавриди хушунату беҳуқуқӣ қарор гирифтаанд, кор кардем, се нафарашон ба интернат равон карда шуданд ва бо боқимондаашон дар хонаҳо фаъолият бурдем. Мутаассифона, кӯдакон дар оилаҳо низ гирифтори зӯроварӣ гардида, аз беҳуқуқиашон ҷабр мебинанд. Масалан, агар ба маркази мо 1191 нафар зани ҷабрдида муроҷиат карда бошад, ҳар яке аз онҳо ақаллан як фарзанди ноболиғ доштанд, яъне, боз ҳам ҳуқуқу манфиатҳои ҳамин кӯдакон нодида гирифта шудааст ва онҳо ба ҳифозат ниёз доранд».
Аммо, вақте ки аз Умарҷон Сафоев, корманди масъули бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, пурсидам, ки тайи як соли охир чанд мавриди нақзи ҳуқуқи кӯдакон ба қайд гирифта шудааст ва ба хотири ҷилавгирӣ аз поймолшавии ҳуқуқи онҳо (ба ҷуз корҳои фаҳмондадиҳӣ) чӣ тадбирҳои мушаххасе анҷом дода мешаванд, вай гуфт, ки дар посух ба ин савол оҷизӣ мекашад.
Ба гуфтаи коршиносон, иҷборан ба шавҳар додани духтарони ноболиғ як далели бебаҳси поймолшавии ҳуқуқи онҳост, ки дар бештари маврид аз ҷониби волидайн нақз мешавад. Мақомоти милитсия танҳо дар як соли охир 12 модарро дар вилояти Хатлон бо иттиҳоми ба шавҳар додани духтарони ноболиғашон ба муҷозот кашидаанд.
Саодат (исми мустаор), ҷавонзани 18-сола аз ноҳияи Қумсангир, аз ҷумлаи ҳамин гуна духтарони ҷабрдида аст, ки ду сол қабл, ҳини 16-солагиаш, бо шиносномаи қалбакӣ, иҷборан ба шавҳар дода шудааст. Ҳоло ӯ бо тифли рӯйи дасташ дар чорсӯи зиндагӣ музтар мондааст: "Розӣ набудам барои шавҳар кардан, аммо фикри маро касе напурсид.Бароварда ба ҷавоне, ки писанди волидонам шуда буд, ба шавҳар доданд. Ақаллан, аввал насанҷиданд, ки чӣ гуна оила аст, маҷбур доданд маро. Нозукиҳои зиндагиро сарфаҳм намерафтам, кӯдак будам. Бо дугонаҳоям дар кӯча бозӣ мекардам, ки пайвандонам маро ба хона хонда, пироҳани зебо пӯшониданд ва ба хонаи шавҳар бурданд. Бидуни кадом омодагии хос ба рӯзгордорӣ, ба зиндагӣ дар оилаи нав. Ҳоло ду сол мешавад, ки оиладорам, фарзанд дорам, аммо хушдоманам 10 бор шуд маро аз хонааш меронад. Мегӯяд, ки ту омода нестӣ ба зиндагӣ, корҳои хонаро хуб анҷом намедиҳӣ, бирав аз хона, то ки ман арӯси нав биёрам..."
Азбаски қонунгузории Тоҷикистон ба шаҳрвандон танҳо дар сурати расидан ба 18-солагӣ ҳуқуқи издивоҷ карданро медиҳад, дар деҳоти кишвар мавридҳое ҳам ба назар мерасанд, ки волидон барои духтарони ноболиғи худ шиносномаи тақаллубӣ гирифта, дар он синну соли духтарро болиғ нишон медиҳанд, то ки мақомоти расмӣ никоҳи ӯро ба қайд гиранд.
Малоҳат Усмонова, равоншиноси маркази буҳронии занони шаҳри Қӯрғонтеппа, аз сарнавишти духтари дигари ноболиғе қисса кард, ки бо шиносномаи тақаллубӣ иҷборан ба шавҳар дода шуду мавриди азият қарор гирифт: "Ин духтарак сағира буд, дар тарбияи бибияш, дар хонаи иҷора ва шароити начандон хуби иҷтимоӣ ба воя расидааст.Барояш хостгорӣ омадаанд ва тарафи қудо (хушдоманшаванда дар мақомоти судӣ кор мекардааст) маслиҳат додааст, ки шиносномаи нав гирифта, синну соли духтарро болиғ нишон диҳед, то ки ӯро келин кунем. Ҳоло бошад, ин духтаракро, ки ду дафъа бо амри хушдоманаш исқоти ҳамл кардааст, барои «камбудиҳояш дар анҷом додани корҳои хона» аз хона пеш кардаанд. Хушдоманаш таҳдид кардааст, ки агар ба ҷое шикоят барӣ, тую бибиатро барои шиносномаи қалбакӣ сохтанатон ба ҷавобгарӣ мекашам, даъво накун".
Тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, «ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби волидайн ва ё ашхосе, ки духтар таҳти васояти онҳост, манъ буда, бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол, ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ ҷазо дода мешавад».
Аммо чаро волидон ин талаботи қонунро ба инобат намегиранд ва талош мекунанд, ки духтарони ба синни балоғат нарасидаву ба ҳаёти мустақилона омоданабудаи худро ба шавҳар диҳанд?
Туҳфа Аҳмадова, коршиноси масоили гендерӣ, дар ин иртибот мегӯяд: «Мутаассифона, хеле ҷавон ва гоҳе ноболиғ ба шавҳар додани духтарон ба ҳукми анъана даромадааст. Агар ба духтари ноболиғ хостгор омад, падару модараш ифтихор мекунанд, аммо андеша намекунанд, ки духтарашон ба зиндагии мустақилона ҳанӯз омода нест, бояд таҳсил кунад, омӯзад. Падару модареро медонам, ки духтарашонро аз синфи 9-ум гирифта, ба шавҳар доданд. Гӯё ки вай нонхӯри зиёдатӣ бошад».
Пири рӯзгордида Сафаралӣ Файзалиев, ки 91 сол дорад, низ ба ҳамин ақида аст, ки шумораи бисёр ками издивоҷҳои барвақтӣ то ба охир пойдор мемонад: «Замони ҷавонии мо ҳам агар духтарро барвақт ба шавҳар медоданду давлат инро мефаҳмид, волидонашро ҷазо медод. Сатҳи баланди маргу мири кӯдакону модарон ҳам шояд ба ҳамин сабаб буд, ки духтарон барвақт шавҳар мекарданд. Барои ҳамин, беҳтараш баъд аз 18-солагӣ издивоҷ кунанд, то ки саломатиашонро ҳифз кунанд. Баъзе духтарони ҳозира агар ҷисман омодаи издивоҷ бошанд, тарбияи гирифтаашон барои бунёди оила кофӣ нест, эрка, беақл ҳастанд. Барои ҳамин, набояд саросема шаванд".
Муносибати бераҳмона бо кӯдакон, иҷборан ба шавҳар додани духтарони ноболиғ проблемаи паҳншуда дар Тоҷикистон буда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Ба иддаои коршиносон, поймолкунии ҳуқуқи ноболиғон ва истифодаи зӯроварию фишори равонӣ боиси бад гардидани вазъи умумии саломатии онҳо ва коҳиши рушди зеҳнию маънавияшон гардида, пайомадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт.