Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Гулноза баъди таваллуди кӯдакаш дар рӯи барф


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раёсати тандурустии Суғд мегӯяд, ки таваллудҳои хонагӣ яке аз омилҳои умдаи маргу мири модарону кӯдакон мебошад. Ин дар ҳолест, ки як зани ҳомила аз ноҳияи Ашт дар саҳни ҳавлиаш рӯи барф таваллуд кард ва баъди як рӯз дар бемористон ҷон бохт.

Гулноза, зане аз деҳаи Гулшани ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт, ки моҳу рӯзи таваллуди кӯдакаш сар омада буд, нимашаби 28-уми январ, дар саҳни ҳавлии барфпӯш бача таваллуд кард. Ӯ рӯзи дигар тифли навзодро бе модар кард ва аз дунё даргузашт. Марги ин зани ҷавон масъалаи таваллудҳои хонагиро, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон бештар мушоҳида мешаванд, дубора ба хати аввал баровард.

Раёсати тандурустии вилояти Суғд сабаби аслии вафоти Гулноза Муфтоева, зани 32-солаи сокини деҳаи Гулшани ноҳияи Аштро дар хона таваллуд кардани вай меноманд. Гулрабо Собирова, масъули маркази саломатӣ дар ин маҳал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наздикони Гулноза вайро ба сари болини ин зан субҳ даъват кардаанд: ”Наздикони Гулноза маро саҳар ба хонаи хушдоманаш даъват карданд, аммо нагуфтанд, ки вай дар берун, паси хона, рӯи барф таваллуд кардааст. Хушдомани Гулноза маро зорӣ карданд, ки келинашонро ба бемористон набарем. Ман ба гапи он кас аҳамият надода, ба беморхонаи маркази ноҳия бурдам. Худи Гулноза ҳам мегуфт, ки ба таваллудхона рафтан намехоҳад, чунки он ҷо хуб нигоҳубин намекунанд.”

Вале як ҳамсояи Гулноза ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте ин зан баъд аз таваллуд кӯдак дар даст ва дар ҳолати шок ба назди хушдоманаш медарояд, забонаш лол мешавад ва то дами маргаш забонаш аз сухан гуфтан боз мемонад. Вай, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки шаби сарду пурбарфи 28-уми январ Гулнозаро дарди зоймон гирифт ва шавҳараш вайро пиёда на ба бемористон, балки ба хонаи модараш, хушдомани Гулноза мебарад. Зан дар ҳамон ҷо, дар рӯи ҳавлӣ таваллуд кард: “Он шаб ҳаво хеле хунук, барф буд. Гулноза саҳарӣ дар паси хонаи хушдоманаш таваллуд мекунаду навзодаш дар бағал хона медарояд. Вай дар ҳолати шок будааст, шаб дар беморхона вафот кард.”

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам, писари навзоди Гулноза Муфтоева бо вазни 3 килову 700 грамм ба дунё омада, ҳоло сиҳатиаш хуб аст ва вайро барои парасторӣ модаркалони падариаш гирифтааст.

Ба гуфтаи Гулрабо Собирова, ду арӯси дигари ин хонавода ҳам пештар дар хона таваллуд карда будаанд. Вай гуфт, хушдомани Гулноза аз камшумор занони тоҷик аст, ки барои таваллудхона рафтани арӯсонашон монеъ мешаванд. Вай мегӯянд, Гулноза бори охир аввалҳои моҳи январ ба маркази саломатии маҳали зисташ муроҷиат карда буд ва аслан ҳомиладории ин занро худи табибон рафта ва сабт карда буданд. Дар ҳоле, ки зани ҳомила бояд моҳе ду бор аз санҷиши тиббӣ гузарад.

Ин чаҳорумин мавриди таваллуди Гулнозаи ҷавонмарг будааст. Вай нахуст Фотимаву Зуҳро таваллуд карда, вале дугоникҳо пас аз ба дунё омадан, вафот кардаанд. Аммо ду кӯдаки дигар аз таваллуди дувум ва савум, писар ва духтари 6 ва 3 сола, ҳоло солиму тандурустанд.

Бо шавҳар ё хушдомани ин модари ғӯрамарг, ки баъди фавти Гулноза дар зери маломати табибону наздикон зери фишори равонӣ мондаанд, сӯҳбат кардан ба мо муяссар нашуд. Вале ҳамсояҳои Гулноза мегӯянд, ки рӯзгори онҳо то дараҷае бад набуд, ки барои табобат пул надошта бошанд: “Шавҳараш аз Русия баргашта буд, наход ки барои табобати ҳамсари ҳомилааш, ки камхунӣ доштааст, пулашро дареғ дошта бошад. Ба назарам, шавҳару хушдоман ба вай бепарвоӣ кардаанд. Худи раҳматӣ ҳам як зани ором ва содаву хушбовар буд ва аз хати кашидаи шавҳару хушдоманаш як ваҷаб берун намебаромад.”

Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дар як соли охир дар вилояти Суғд ҳудуди 70 ҳазор занон кӯдак таваллуд карда, мисли Гулноза Муфтоева беш аз 900 зан дар хонаҳои худ соҳиби фарзанд шудаанд, ки дар бархе маворид ба ҷони модарону кӯдакон хатар доштааст.

Индира Акмалхоҷаева, аз масъули хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бештари маворид, бад шудани сиҳати модар ё кӯдак аз бепарвоии зани ҳомилаву атрофиёни вай сар мезанад :

“Аз ҳама бадаш ин, ки баъзе сокинон, занони мо вақте ба табибон муроҷиат мекунанд, ки беморӣ авҷ мегирад. Аммо пеш аз беморӣ ё барои пешгирӣ кардани он вақти ҳомиладорӣ, ба табибон муроҷиат намекунанд. Ҳол он ки агар саривақт ба беморхона мерафтанд, табобат арзону осон, бе хавфу хатар ба саломатии онҳо, сурат мегирифт.”

Бархе занони суғдӣ сабаби аз хидмати табибон ва таваллудхонаҳо дилмонда шудани занони ҳомиларо дар вуҷуди ришваю фасод дар беморхонаву таваллудхонаҳо медонанд:

“Ҳамин ки аз дари таваллудхона даромадед, чек ба дастатон медиҳанд, ки чандсад сомонӣ пули таваллудро ба касса супоред. Аммо бо ин ҳам аз пул додан барои доруву дармону докаву ... халос намешавед. Агар надодед, нағз нигоҳ намекунанд.”

“Дуруст, ҳеҷ кор накарда, аввал пул мепурсанд. Ҳамон пули дар дастатон бударо нигоҳ карда, шуморо нигоҳубин мекунанд. Зани бепулу камбағалро аз таваллудхона бароварда пеш накунанд ҳам, дуруст нигоҳ намекунанд.”

Моҳира Раҳимзода, коршиноси маҳаллӣ дар умури занон мегӯяд, умдатан занони дастнигар ва бе ихтисосу бекори тоҷик наметавонанд барои ҳифзи саломатии худ замони ҳомиладорӣ талош кунанд. Вай мегӯяд, агар онҳо ҷое кор мекарданду соҳиби тахассус мебуданд, метавонистанд, ки давраи ҳомиладории худро дақиқ ҳисоб кунанд ва аз пайи табобати худ ва ба дунё овардани тифли солим бошанд.

XS
SM
MD
LG