Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - макони барои таваллуд хатарнок?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар гузориши Save the Children Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ хатарноктарин макон барои таваллуд муаррифӣ мешавад.

Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои барои таваллуд муносиб дар байни 176 кишвар дар мақоми 124-ум омадааст. Созмони Save the Children барои бори 14-ум гузориши ҷаҳонии модарон таҳти унвони “Зинда мондан дар рӯзи аввал”-ро нашр кард. Бино бар ин гузориш, ҳар сол беш аз 1 миллион кӯдак дар ҳамон рӯзи аввали таваллудашон мемиранд, ки ин рӯзи аввали ҳаёти кӯдаконро ба хатарноктарин рӯзи зиндагӣ табдил медиҳад. Ин гузориш вазъи сиҳҳати модарону кӯдакон ва ҳолати иқтисодии 176 кишварро дар бар мегирад. Ин таҳқиқот имсол барои бори аввал Шохиси риски рӯзи таваллудро низ фаро мегирад, ки шонси зинда мондани кӯдак дар рӯзи зода шуданашро барои ҳар кишвар ҳисоб мекунад.

Бино бар ин гузориш, Финландия бюеҳтарин макони дунё барои таваллуд ва кишвари африқоии Ҷумҳурии демократии Конго бадтарин макон номбар шудаанд.

Гузориш мегӯяд, аз се ду ҳиссаи марги атфол дар рӯзи таваллудашон( 673 000 маврид аз 1 миллион мавриди маргумир дар соли 2011) танҳо дар 10 кишвар иттифоқ уфтодааст. Дар ин даҳгона кишварҳои пурҷамъияте, чун Чину Индонезия, шомил мешаванд, вале Афғонистону Конго, Эфиопияву Покистон ва Танзанияро фоизи нисбатан баланди маргумири кӯдакон дар рӯзи аввали дида ба ҷаҳон кушодани онҳо ба ин рӯйхат ворид кардааст.

Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи Save the Children дар мақоми 124-ум қарор дорад, ки пойинтарин мақом дар миёни кишварҳои пасошӯравист. Русия, барои мисол, дар ин ҷадвал дар мақоми 59, Қазоқистон дар зинаи 65, Туркманистон дар ҷои 99 ва Қирғизистону Узбакистон дар зинаҳои 104 ва 105 ҷой гирифтаанд.

Гузориш мегӯяд, дар Тоҷикистон аз 1000 тифле ки ба дунё меоянд, 9 кӯдак дар рӯзи аввали зиндагиашон ба дунё падруд мегӯянд. Тоҷикистон аз нигоҳи шохиси риски рӯзи таваллуд низ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ пойинтар аз ҳама қарор дорад. Ин шохис дар Узбакистону Қазоқистон 5 мавриди марги кӯдак аз байни 1000 навзод дар рӯзи таваллуд, дар Қирғизистон 7 ва дар Туркманистон 8 мавридро ташкил медиҳад.

Гузориш мегӯяд, Тоҷикистон, ҳамин тавр, аз нигоҳи маргу мири кӯдакон дар як моҳи аввали баъди таваллуд низ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ, ба истилоҳ, “аз поён якум” будааст. Гузориш мегӯяд, аз ҳар 1000 кӯдаке, ки дар Тоҷикистон ба дунё меоянд, 25 танаш дар моҳи аввал вафот мекунанд. Ин рақам дар Туркманистон 22, дар Қирғизистон 16, дар Узбакистон 15, дар Қазоқистон 14 мавриди марги атфол дар як моҳи аввали зиндагиашонро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG