Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти Мусъади 8-моҳа, ки дар ҳоҷатхона афтода буд. ВИДЕО


Мусъад фақат 8 моҳ умр дид.
Мусъад фақат 8 моҳ умр дид.

Як тифли навзоди тоҷик, ки дар ноҳияи Ёвон дар ҳоҷатхона таввалуд шуд, ба сабаби беморӣ фавтидааст. Мусъади 8-моҳа ба иддаои волидонаш чанд рӯз таби баланд дошт ва рӯзи 23-уми сентябр дар хона даргузаштааст.

Маҳмуд Раҷабов, падари Мусъад рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фикр мекунад, фарзандаш бар асари ӯ таъсири ваксинае, ки дар 6-моҳагӣ гирифта буд, фавтидааст. "Ман бояд, ки ин субҳ аризаамро ба прокуратура месупоридам, аммо наздиконам намегузоранд. Онҳо мегӯянд, ки тақдир будааст ва ӯро бо ин кор зинда карда наметавонем. Аммо ман аз чанд нафари дигар фаҳмидам, ки ин ҳодисаи ягона нест ва аз эмгузаронӣ як кӯдакӣ дигар ҳам чанд рӯз қабл фавтидаст. Бояд онҳо муҷозот шаванд" – гуфт ӯ.

Аммо Асламбек Камолов, духтури беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон мегӯяд, Мусъадро падараш бо дарунравии шадид ба назди онҳо овард ва бо вуҷуди тавсияи табибон барои дар шифохона муолиҷа кардан, фарзандашро бурд ва субҳи дигар ҷасадашро овард.

Ӯро бо бемории дарунрав назди мо оварданд. Ман ба падараш фаҳмонидам, ки инҷо монданаш хуб аст, аммо вай нахост.

Асламбек Камолов гуфт, сабаби марги кӯдак ваксина наметавонист бошад, зеро ӯ ба наздикӣ ваксина нагирифтааст. "Мо дар кӯдак нишонаҳои эмгузарониро надида будем, зеро агар чунин мешуд, ҷойи сӯзандору варам мекард. Ӯро бо бемории дарунрав назди мо оварданд. Ман ба падараш фаҳмонидам, ки инҷо монданаш хуб аст, аммо вай нахост. Рақамҳои телефонамро навишта рафт ва гуфт агар ҳолаш бад шавад, занг мезанад" - гуфт Камолов.

Мусъад ва Самия яке аз фарзандони дугоники Фотима Ҳалимова ва Маҳмуд Раҷабов, рӯзи 24-уми феврал дар хона таваллуд шудааст. Ба сабаби ноогоҳии модар аз онки дугоник доштааст, Мусъад дар ҳоҷатхона таваллуд шуда ва дар дохили он афтидааст. Падараш баъди ду соат талош ӯро аз дохили ҳоҷатхона берун овардааст ва инкишофи ӯ ба гуфтаи табибон мӯътадил буд.

Видеои таваллуд дар ҳоҷатхонаро инҷо бубинед:

Таваллуд дар ҳоҷатхона
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон баъди нашри ин гузориш бо ирсоли номае ба Радиои Озодӣ аз инъикоси ин ҳодиса изҳори сипос кард.
Дар номаи вазорат аз рӯзи 29 август, гуфта шуда буд, ки мутахассисон гузориши “Таваллуд дар ҳоҷатхона” аз таърихи 14 августи имсолро санҷида ва аз саломатии модару кӯдаконаш огоҳ шудаанд.

Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, беэъиноӣ ба ҷараёни обистанӣ сабаби таваллуди Фотима Ҳалимова дар ҳоҷатхона будааст. Ба навиштаи вазорат, бо вуҷуди даъвати зани ҳомила ба Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии макони зисташ дар ноҳияи Ёвон, зан ба марказ ҳозир нашуда ва муоинаҳои заруриро нагузаштааст.

Вазорат мегӯяд, зан натавонистааст аломатҳои давраи аввали валодат ва дардҳои зоишро дарк кунад ва ба ҳамин хотир, дар шароити хонаву дур аз назорати тиббӣ кӯдаконро ба дунё овардааст. Вазорат навишт, ки баъди таваллуд Фотима Ҳалимоваро ба шӯъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бурда ва ба ӯ тамоми кӯмакҳои тиббии зарурио расонидаанд ва кӯдакон ҳам эм карда шуданд.

Таввалуд дар хона дар Тоҷикистон, ки хатари зиёде ҳамроҳ дорад, кам нест. Дар тӯли 7 моҳи имсол фақат дар ноҳияи Ёвон чаҳор ҳазор тифл ба дунё омадааст ва 40 нафари онҳо дар хона ба дунё омадаанд. Аз назари маргу мири кӯдакони то 5-сола ҳам Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал аст.

XS
SM
MD
LG