Мусъад ва Сафия ним сол пеш дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз як модар ва дар як рӯз ба дунё омаданд. Аммо Сафия дар хона ва Мусъад дар ҳоҷатхона таваллуд шуд. Ба қиссаи таваллуди Мусъад кам касон бовар мекунанд. Маҳмуд, сокини ноҳияи Ёвон ва падари хонавода, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти ним сол ҳанӯз бо тарс он лаҳзаҳоро ба ёд меорад.
Бо сабаби набудани маблағ дар хона таваллуд кардам. Барои таваллуд модарам ба ман ёрӣ кард. Мехостам бо ин паёмам ба духтурон муроҷиат карда гӯям, ки ба одамони камбағал ҳам кумак кунанд, рӯйи пулро нигоҳ накунанд
Ӯ гуфт, “дар хона будам, ки духтарам садо кард. Ӯ гуфт, ки биё. Вақте давида рафтам, кӯдак дар дохили ҳоҷатхона буд. Фавран бо табар чӯби ҳоҷатхонаро шикаста, кӯдакро гирифтам. Боло кардам, ки садо баровард.”
Падар ду соат барои наҷоти кӯдакаш талош мекунад ва баъди берун кашидани Мусъад ба “Ёрии таъҷилӣ” занг мезанад. То расидани пизишкон кӯдаки дувум Сафия ҳам дар хона таваллуд мешавад. “Ёрии таъҷилӣ омад, кӯдаконро ба беморхона бурдем. Вақте ба онҷо рафтем, пизишконро пурсидем, ки дар кадом вазъанд. Гуфтанд, ки саломаташон хуб аст. Шукри Худо, ҳоло ҳам хубанд”, - гуфт Маҳмуд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Таввалуди ин дугоник дар хона, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳодисаи аввалину ягона нест. Ба гуфтаи пизишкон, ҳарчанд солҳои охир мизони зоиш дар хона коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳодисаҳои зоймон дар хона ҷой дорад. Дар тӯли 7 моҳи соли равон дар ноҳияи Ёвон наздик ба чаҳор ҳазор тифл ба дунё омадаст. Аз ин ҳисоб 40 нафар дар шароити хона таваллуд шудаанд.
Пизишкони ноҳия мегӯянд, аксари вақт аз таваллуди хонагӣ дар ҳоле огоҳ мешаванд, ки занонро бо бемориҳои гуногун ба шифохона интиқол медиҳанд.
Табибон мегӯянд, надонистани паёмадҳои таваллуд, дур будани роҳ ба бемористони марказӣ сабаби таваллуди занон дар хона аст. Гурӯҳе ҳам аз сабаби камбизоатӣ наметавонанд, ки дар беморхона таваллуд кунанд. Дилафрӯз чанд моҳ қабл соҳиби фарзанд шуд. Шавҳараш дар муҳоҷират дар Русия аст ва ӯ ҳангоми таваллуд дастнигар буд.
“Ба сабаби набудани маблағ дар хона таваллуд кардам. Барои таваллуд модарам ба ман ёрӣ кард. Мехостам бо ин паёмам ба духтурон муроҷиат карда гӯям, ки ба одамони камбағал ҳам кумак кунанд, рӯйи пулро нигоҳ накунанд”, - афзуд ӯ.
Аммо занони кӯҳансол ба ин боваранд, ки зоймон дар хона ҳам чандон хатарнок нест. Манзура, сокини ноҳияи Ёвон гуфт, “ман ҳамаи кӯдакҳоямро дар хона таваллуд кардам. Танҳо охиринаш дар таваллудхона ба дунё омад. Кӯдаки аввалро дар зоишгоҳ ба дунё оварда, дувум севумашро дар хона таваллуд кунад, беҳтар аст.”
Аммо бисёриҳо мегӯянд, ки таваллуд бояд ҳатман дар шифохона сурат бигирад. Маҳина, як сокини ноҳияи Ёвон гуфт, “бемористон хуб аст. Худое накарда ягон ҳолати вазнин пеш ояд, пизишкон дар ҳамонҷо ҳастанд ва ёрӣ мекунанд. Дар хона таваллуд кардан хатар дорад.”
Дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали 2017 беш аз 42 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст. Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, муроҷиат ба шифохонаҳо ва таваллуд дар зойишгоҳ имкон додааст, ки аз маргу мири бештари кӯдакон дар Хатлон ҷилавгирӣ шавад.
Аммо чандин сарнавишт мисли Мусъад далели он аст, ки ҳанӯз ҳам таваллуди хонагӣ роиҷ аст ва баъзе аз хонаводаҳо барои харҷ накардан дар бемористон, ҷони худу навзодонро дар хатар мегузоранд.