Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳли ҳунар ва тиҷорати Суғд ба Самарқанд рафтанд


Регистони Самарқанд.
Регистони Самарқанд.

Даҳҳо соҳибкору ҳунарманд ва раҳбарони ширкату идораҳои вилояти Суғд ба Самарқанд рафтаанд. Рӯзи 21-уми апрел дар онҷо намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Суғд баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин намоишгоҳи дурӯза ситораҳои ҳунари Суғду Самарқанд консерти муштарак баргузор хоҳанд кард. Ин намоишгоҳ ва ҳамоиши соҳибкорон бо даъвати ҷониби Самарқанд сурат мегирад.

Дастаи футболи "Хуҷанд" низ дар ин сафар ҳамроҳ буда, имрӯз, 20-уми апрел соати 17:00 бо дастаи футболи "Динамо-и Самарқанд бозии дӯстона анҷом хоҳад дод.

Дилбар Алимова, як масъул дар Палатаи савдо ва саноати Суғд, рӯзи 20-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки як ҳайати бузурги соҳибкорону ҳунармандон ва раҳбарону намояндагони корхонаву ширкатҳои Суғд дирӯз ба Самарқанд рафта, барои иштирок дар ин намоишгоҳ омодагӣ доранд.

Ӯ афзуд, раҳбарони ҳудуди 50 корхонаву ширкатҳо, беш аз 100 нафар молҳои тавлидотии худро дар Самарқанд ба намоиш мегузоранд. Ба қавли ӯ, қисмати умдаи ин корхонаву ширкатҳо ба бахши саноати сабук тааллуқ доранд. "Ин корхонаву ширкатҳо дар бахшҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, коркарди нахи пахта, ширу гӯшт, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва мавриди ниёзи мардум фаъолият доранд",-афзуд ӯ.

Ин намоишгоҳ бо даъвати ҷониби Самарқанд роҳандозӣ мешавад. Муовини раиси вилояти Самарқанд зимни иштирок дар ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Панҷакент мизбонҳоро ба вилояти худ даъват карда буд.

Ҳамчунин, 15-уми апрел дар ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳри Гулистон соҳибкорони шаҳри Самарқанди Узбекистон гуфтанд, ки дар Самарқанд низ ҳамин моҳ чунин ҳамоишеро бо иштироки соҳиборони Суғд доир хоҳанд кард.

Зафар Қобилов, муовини раиси бахши Палатаи савдо ва саноати Узбекистон дар Самарқанд, афзуд, бо машварат бо ҳамтоёни суғдиаш ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои бештари ҳамкориҳо бо ҳамдигар чунин ҳамоише доир кунанд. Бино ба маълумоти расмӣ, дар ин ҳамоиш ҳудуди 40 корхонаву ширкатҳои Суғду кишварҳои дигар, аз ҷумла Узбекистон бо ҳамдигар шартнома ва ёддоштҳои ҳамкорӣ имзо карданд.

Дар сафари Самарқанд соҳибкорону намояндагони ширкату корхонаҳоро ҳудуди 50 нафар аҳли фарҳаг, овозхонҳову раққосаҳо низ ҳамроҳӣ доранд. Аз раёсати фарҳанги вилояти Суғд ба Радои Озодӣ гуфтанд, ки Афзалшоҳи Шодӣ низ ба консерт даъват шуда ва дастаҳои “Маҳастӣ”, "Чаманоро" ,"Гулноз" имшаб базми консертиро дар Самарқанд гарм хоҳанд кард.

Ҳамчунин баъди қабули расмӣ, консери муштараки ҳунарварони Суғду Самарқанд низ дар назар гирифта шудааст. Дастаи футболи "Хуҷанд" низ дар ин сафар ҳамроҳ буда, имрӯз 20 апрел соати 17:00 бо дастаи футболи "Динамо-и Самарқанд бозии дӯстона анҷом хоҳад дод.

Ҳамчунин моҳҳои наздик сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ва дар зимни ин сафар баргузории намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар пойтахти Узбакистон дар назар аст.

XS
SM
MD
LG