Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” бо “Динамо” дар Самарқанд бозии дӯстона мекунад


Дастаи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, бо тими Про-лигаи Узбекистон - «Динамо»-и Самарқанд - бозии дӯстона барпо мекунад. Дар ин бора Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии тими “Хуҷанд”, субҳи имрӯз, 17-уми апрел, ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд, ки бозии дӯстона дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд баргузор мешавад. Ба қавли ӯ, ин бозии дӯстона рӯзи ҷумъа, 20-уми апрел, дар варзишгоҳи “Динамо”-и шаҳри Самарқанд соати 17:00 оғоз меёбад. Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрел озими Узбекистон мешавад.

«Динамо»-и Самарқанд, ки соли 1960 таъсис ёфтааст, дар замони шӯравӣ дар лигаи дуюми чемпионати СССР бозӣ мекард, дар даврони истиқлолияти Узбекистон “Динамо” ширкаткунандаи доимии мусобиқаи Лигаи олии футболи ин кишвар буд (ба ҷуз солҳои 1994, 1998, 2016). Аз соли 2018 Лигаи олӣ Суперлига ва Лигаи аввал Про-лигаи Узбекистон номида мешавад.

Дар мавсими соли гузашта «Динамо» дар Лигаи олии Узбекистон ҳунарнамоӣ мекард, вале аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи 12-умро гирифт ва ба лигаи аввал гузашт. “Динамо” аз мавсими имсола дар Про-лигаи Узбекистон, ки аз рӯи дараҷа ва моҳияти худ дувумин лигаи ин кишвар ба шумор меравад, бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки дастовардҳои бузурги “Динамо” дар замони истиқлолият финалист ва ҷоизадори нуқраи Ҷоми Узбекистон дар мавсими 1999 /2000, инчунин ҷойи чаҳорум дар мавсими соли 2000-ум дар мусобиқаи Лигаи олии ин кишвар мебошад.

Дарвоқеъ, дар ҳайати дастаи «Динамо» шогирдони футболи тоҷик, бозигарони маъруф, монанди Муҳсин Муҳаммадиев, Раҳматулло Фузайлов ва Шӯҳрат Ҷабборов бозӣ кардаанд. Инчунин, собиқ бозигарони машҳури дастаи “Помир”-и Душанбе Ҳаким Фузайлов (солҳои 2000-2002), Азамат Абдураҳимов (2008-2010), Сергей Арслонов (2010) ва Эдгар Гесс (соли 2017) сармураббиёни “Динамо” буданд.

Ёдовар мешавем, “Хуҷанд” дар бозии марказии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки 14-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид, аз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 0:1мағлуб шуд. Голи ягонаро Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 77-ум ба самар расонд.

Зимнан, ин аввалин бохти “Хуҷанд” дар мусобиқаи имсола мебошад. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ «Истиқлол» бо 12 имтиёз аз 4 бозӣ дар мақоми аввал қарор дорад. «Хуҷанд» , ки як бозӣ бештар кардааст, бо 10 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хуҷанд» бинобар бозии дӯстонаи футболбозони шаҳри Хуҷанд бо “Динамо”-и Самарқанд аз 21-уми апрел ба муҳлати дертар гузаронида мешавад.

XS
SM
MD
LG