Дар ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳри Гулистон соҳибкорони шаҳри Самарқанди Узбекистон гуфтанд, ки дар Самарақанд низ ҳамин моҳ чунин ҳамоишеро ва бо иштироки соҳиборони Суғд доир хоҳанд кард.
Ин ҳамоиш барои афзоиши содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон соли сеюм аст, ки доир мегардад. Қаблан дар он соҳибкорони тоҷику рус ва қазоқу қирғиз ширкат мекарданд. Имсол бори аввал соҳибкорони Узбекистон низ ширкат намуданд. Зафар Қобилов, муовини раиси бахши палатаи савдо ва саноати Узбекистон дар Самарқанд, гуфт, аз ин минтақа 20 соҳибкор ва умдатан фермерҳо ва аз корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ба нияти бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни суғдии худ омадаанд.
“Соҳибкорони мо ният доранд, дар самти тавлидоти маҳсулот ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Дар Самарқанд низ парвариши меваю сабзавот ва содироти он рушд рушд дорад ва мо метавонем дар коркарди он ҳамкорӣ ба роҳ монем. Масалан, ба ман қуттиҳои картоние, ки барои содири меваю сабзавот ин ҷо месозанд, хуш омад. Мо метавонем мисли ин молҳоро якҷоя истеҳсол кунем ва ба бозори беруна барорем” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Зафар Қобилов афзуд, бо машварат бо ҳамтоёни суғдиаш тасмим гирифтанд, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои бештар дар Самарқанд низ моҳ чунин ҳамоише доир кунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, дар шимоли Тоҷикистон сол то сол ҷамъоварии меваю сабзавот зиёд мешавад ва кишоварзон роҳу бозорҳои нав барои содиротро ҷустуҷӯ доранд. Кишварҳои аслии харидори меваву сабзавоти Тоҷикистон – Русияву Қазоқистон боқӣ мондаанд, вале солҳои охир соҳибкорони тоҷик ба кишварҳои шарқ ва Аврупову Амрико низ меваи хушк содир мекунанд.
Ҷаноби Аҳмадзода гуфт, дар поёни ҳамоиши соли гузашта 30 шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати содироти меваю сабзавот умдатан бо соҳибкорону ширкатҳои Русияву Қазоқистон баста шуд ва умедвор аст, имсол бештар мешавад.
Дар ҷустӯҷуи бозорҳои нав
Бар асоси омори расмӣ, соли гузашта дар Суғд ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ ё наздики 80 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардаанд ва ба маблағи 45 миллион доллар ба хориҷ содир шудааст.
Ба гуфтаи ширкатдорони ҳамоиши тиҷоратӣ дар Гулистон, содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба мушкилот рӯ ба рӯ аст, аз ҷумла ба нархи гарони интиқол, таҳияи саривақтии санадҳои ҳамлу нақл ва сифат ва мушкилоти дигар.
Беҳтар аст як харидоре биёбем, ки қабули бору нигаҳдорӣ ва пардохти пули онро кафолат бидиҳад.
Абдураҳим Тоҳиров, раҳбари як хоҷагии деҳқонӣ аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аст, ки як гектар гармхонаи меваҳои ситрусӣ, лимон, апелсин ва мандарин дорад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба умеди ёфтани харидор ба ҳамоиш омадааст.
“Ин бисёр имкони хуб аст, ки бо соҳибкорони рус, қазоқ ё қирғиз шартнома бандем. Чунки бе шартнома бурдани меваи тар риск дорад ва беҳтар аст як харидоре биёбем, ки қабули бору нигаҳдорӣ ва пардохти пули онро кафолат бидиҳад” – мегӯяд ӯ.
Талоши Русия барои нигаҳ доштани бозор
Дар ҳамоиши соли гузашта соҳибкорони рус гуфтанд, ки солҳои охир содироти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба Русия рӯ ба коҳиш дорад. Чунки меваю сабзавоти Тоҷикистон тавассути кишвари сеюм – Қирғизистон ва ба хотири бидуни пардохти боҷи гумрукӣ содир намудан чун моли он кишвар ба Русия бурда мешавад. Соҳибкорони рус ба ин роҳ меваю сабзавоти Тоҷикистонро ба кишварҳои дигар низ мебаранд, вале аз ин бештар соҳибкорони қирғиз ва рус суд мебинанд.
Аз ин нигоҳ, Русия, тавре ба назар мерасад, бозори меваю сабзавоти тару тоза ва нахи пахтаи Тоҷикистонро аз даст доданӣ нест ва талош дорад нақши миёнҷии асосиро бозӣ кунад ва суд бардорад. Сол то сол соҳибкорони рус ба интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистон ба кишвари худ алоқамандии бештар нишон медиҳанд.
Михаил Кораблин – намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар ҳамоиши Гулистон (Қайроқуми собиқ) гуфт, соли гузашта дар ҳамоиш ҳудуди 150 соҳибкор ширкат доштанд, имсол шумораи иштирокдорон 50 нафар афзудааст.