Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳигирие, ки бо куштор анҷомид. Марзбонҳо дар курсии айбдоршавандаҳо


Дар додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд муҳокимаи парвандаи ду сарбози қисми марзбонӣ дар Конибодом, ки дар куштори моҳигирон гумонбар мешаванд, шурӯъ шуд. Дар натиҷаи тирпарронӣ рӯзи 7 январ дар наздикии минтақаи бо Узбекистон ҳаммарзи Конибодом ду моҳигир ба ҳалокат расиданд.

Дар курсии айбдорӣ сарбозони қисми ҳарбии марзбонии 0215, мустақар дар Конибодом - Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев нишастаанд. Додгоҳи ҳарбӣ алайҳи онҳо мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ –

Вакили мудофеъ ва моҳигирони ҷон ба саломатбурда мегӯянд, сарбозон ба онҳо дидаву дониста, бидуни огаҳӣ ва ба ҳаво оташ кушодан аз пас тир холӣ карданд, дар ҳоле ки онҳо дар пайи суҳбат бо сарбозони марзбон роҳи худро савори “Жигули” пеш гирифта буданд

"одамкушӣ бо истифода аз аслиҳаи оташфишон ва суиистеъмол аз мақоми хидматӣ" парванда боз кардааст.

Марги моҳигирҳо

Ҳодиса рӯзи 7 январ рух дод. Он рӯз 5 сокини ҷамоати Кулканди ноҳияи Исфара, ба шумули як навраси 16-соларо, ки савори автомобили “Жигули” буданд, дар мавзеи наздимарзии ҷамоати Ортиқови ноҳияи Конибодом ду сарбози посбон нигаҳ доштанд. Ба қавли додгоҳ, дар пайи баҳс сари он ки дар он мавзеъ моҳигирӣ мамнуъ аст, яке аз сарбозон, эҳтимолан Ҷонибек Ирсалиев ба автомобили дар ҳоли ҳаракати моҳигирон ду тир холӣ кард. Яке аз моҳигирон – Абубакр Бобоеви 31 сола аз сар тир хӯрд ва бо захми сангин дар беморхона ба ҳалокат расид. Қодирхон Умонхоҷаеви 44-сола, нафари дуюми тиррасида рӯзи 21 феврал баъд аз ду ҳафта муолича дар бемористон ҷон дод.

Мутриба Охонова, ҳамсари Қодирхон Усмонхоҷаев мегӯяд, баъд аз фавти шавҳараш бори рӯзгори худу 4 фарзандашон бар дӯши ӯ афтод. Вай гуфт: “Писарам Аҳадхон, ки донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Душанбе буд, баъди ин ҳодиса дигар натавонист дар дарсҳояш иштирок кунад ва ӯро хориҷ карданд”.

Марзбонӣ: Сарбозон аз рӯи муқаррарот амал карданд

Рӯззи 23 январ нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар иртибот ба ин ҳодиса изҳороти расмӣ дода сабаби тирпарронии сарбози посбон ба автомобили моҳигиронро шарҳ дод. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ронандаи “Жигули” ба сабабҳои номаълум мошинро ба зудӣ аз маҳал ронд ва ҳангоми ҳаракати тунди мошин пойи яке аз марзбонон осеб дид.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси муқаррароти марзбонӣ, низомиён дар оғоз ба ҳаво тир кушоданд, аммо ронанда ба ҳушдорҳои онҳо итоат накард ва марзбонон маҷбур шуданд, ки ба тарафи мошин ду маротиба тир холӣ кунанд. Бар пояи ин изҳорот, дар натиҷа ду нафар аз афроде, ки дар мошин ҳузур доштанд, захмӣ шуда, яке аз онҳо -- Абубакр Бобоев рӯзи 17-уми январ дар бемористон даргузашт. Дар ҳамин изҳорот нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боз шудани парванда аз ҷониби Додситонии низомии гарнизони Суғд ва оғози тафтишоти ин ҳодиса хабар дода буданд.

Дар парванда исми 5 моҳигир, ба шумули ду нафари ба ҳалокатрасида ба ҳайси ҷабрдида зикр мешавад. Аз ҳуқуқи онҳо ва ду сарбоз се вакили дифоъ ҳимоят мекунанд.

Моҳигирҳо: дидаву дониста тир кушоданд

Вакили мудофеъ ва моҳигирони ҷон ба саломатбурда мегӯянд, сарбозон ба онҳо дидаву дониста, бидуни огаҳӣ ва ба ҳаво оташ кушодан аз пас тир холӣ карданд, дар ҳоле ки онҳо дар пайи суҳбат бо сарбозони марзбон роҳи худро савори “Жигули” пеш гирифта буданд. Дар ҳоле ки қонунҳои Тоҷикистон бо истифода аз аслиҳа ва техникаи ҷангӣ оташ кушодан ба суи занон ва ноболиғонро мамнӯъ медонад ва дар автомобили моҳигирон як навраси 16-сола низ менишаст.

Дар мурофиаи додгоҳӣ Ҷонибек Ирсалиев эътироф кардааст, ки аз мусалсалаш ба оинаи автомобил 2 тир холӣ кардаанд. Вале қасд надошт, ки касеро ба ҳалокат расонад. Мақсадаш боздоштани автомобил буд, ки ба амри онҳо итоат накард ва роҳашро идома дод. Ӯ гуфтааст, надонист дар дохили автомобил як ноболиғ низ нишастааст.

Мавзеи Патари ноҳияи Конибодом
Мавзеи Патари ноҳияи Конибодом

​Ин сарбоз зимни суханронӣ дар толори додгоҳ аз ҳодисаи рухдода изҳори таассуф карда, аз пайвандони сокинони ба ҳалокат расида бахшиш хостааст. Хусрав Меликов, сардори дастаи посбонӣ дар толори мурофиа амри оташкушоӣ додан ба Ирсалиевро рад карда, иштирокаш дар ин ҳодисаи тирпаррониро бар дӯш нагирифтааст. Мурофиаи додгоҳии ин парванда рӯзи ояндаи 10 апрел идома меёбад.

XS
SM
MD
LG