Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои футболи Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкорӣ мекунанд


Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, 12-уми апрел бо Умед Аҳмадҷонов, президенти Кумитаи олимпии Узбекистон ва ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи ин кишвар, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин мулоқот масоили ҳамкориҳо байни созмонҳои футболи ҳарду кишвар баррасӣ шуд.

Рустами Эмомалӣ ва Умед Аҳмадҷонов дар бораи гузаронидани бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби мухталифи Тоҷикистону Узбекистон, инчунин ҳамкориҳо байни созмонҳои футболи ҳарду кишвар дар чунин соҳаҳо, монанди футболи занона, футболи наврасон, футболи оммавӣ, маркетинг, тиби варзишӣ, таъминоти илмӣ-техникӣ, маориф, доварӣ ва ғайра ба мувофиқа расиданд.

Дар анҷоми мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Умед Аҳмадҷонов ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ ва вимпелҳо тақдим карданд.

Дар доираи сафари худ Умед Аҳмадҷонов, инчунин бо мақомоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқот намуд. Ӯ, ки ҳамчунин президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошад, бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-ро миёни бошгоҳҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Олой»-и Қирғизистон, ки шаби чоршанбеи 11-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ба поён расид, тамошо кард.

XS
SM
MD
LG