Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шӯҳрат Қудратов охири моҳи август озод мешавад"


Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби состсиал-демократии Тоҷикистон иддао дорад, ки Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои зиндонӣ бояд як соли пеш озод мешуд. Аммо мақомот мегӯянд, ки мӯҳлати адои ҷазои Шӯҳрат Қудратов рӯзи 26-уми августи имсол ба анҷом мерасад.

Ба гуфтаи мақомот, бар асоси қонун Шӯҳрат Қудратов 26-уми августи соли ҷорӣ мӯҳлати адои ҷазояшро ба поён мебарад. Аз ин рӯ вай худи ҳамин рӯз аз зиндон раҳо хоҳад шуд. Мақомот ин ҳарфро бидуни сӯҳбат дар микрофон баён карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамсари Шуҳрат Қудратов низ аз номи Додситонии кулл ва вазорати адлияи Тоҷикистон нома гирифтааст, ки бар асоси он, ин вакили дифои зиндонӣ ба таърихи 26 август озод мешавад.

Шӯҳрат Қудратов соли 2014 бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кард, вале баъдан Додгоҳи олӣ ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Аммо Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд, Шӯҳрат Қудратов бояд охири соли 2016 ва ё авоили соли 2017 бояд озод мешуд. Раҳматулло Зоиров гуфт, "ҳукми аввалаи додгоҳ дар нисбати Шӯҳрат 9 соли зиндон буд ва баъдан амнистия татбиқ шуд ва ба 4 сол фароварданд.

"Ба ин далел, мақомот тибқи 4 сола амал карда истодааст. Ҳол он, ки бояд бори дигар амнистия нисбати Шӯҳрат татбиқ мешуд. Ба ин далел, мақомот иддао доранд, ки Шӯҳрат 26-уми августи соли 2018 озод мешавад. Ҳол он, ки ӯ бояд охири соли 2016 ва ё аввали соли 207 аз зиндон мебаромад",-афзуд раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. Ҳамин тавр Раҳматулло Зоиров иддао дорад, ки мақомот татбиқ шудани амнистия ё қонуни афви соли 2017 нисбати Шӯҳрат Қудратовро ба назар нагирифтанд ва ё нодида гирифтанд.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охирин нишасти хабарии ин ниҳод дар мавриди татбиқ нашудани қонуни афв нисбати Шӯҳрат Қудратов гуфт, қонунгузории кишвар тартиби татбиқ ё иҷрои қонуни афвро муайян кардааст ва дар худи қонуни афв ва умуман кадом қонуни афве, ки аз ҷониби порлумон қабул ва аз ҷониби раиси ҷумҳур имзо мегардад, дар он тартиби қонун ё сохтору мақомоте, ки масъули он аст, мушаххас нишон дода мешаванд.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар идома гуфт, маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрум аз озодӣ қарор доранд, яъне ба ҷазои аз озодӣ маҳрум шудаанд, татбиқи қонуни афв аз ҷониби муасисаҳои ислоҳӣ сурат мегирад. Аммо масъулони муассисаҳои ислоҳӣ дар ин робита изҳори назаре намекунанд.

Дар ҳамин ҳол Раҳматулло Зоиров унвонии Додситонии кулл ва Вазорати адлия дар мавриди бидуни таъхир ва фавран озод кардани Шӯҳрат Қудратов нома фиристодааст. Вай мегӯяд, ба зудӣ ин номаҳоро дар саҳифаи “Фейсбук”-аш нашр хоҳад кард, то мардум аз ваҷҳу шарҳаш дар робита ба сарнавишти Шӯҳрат огоҳ шаванд.

Раҳбарияти Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки Шӯҳрат Қудратов дар қатори дигар афроди зиндонӣ дар чорчӯби қонунҳои кишвар ва дар доираи мӯҳлати адои ҷазо озод хоҳад шуд.

Мақомот Шӯҳрат Қудратов, вакили саршиноси тоҷикро соли 2014 бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 ӯро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард, вале баъдан Додгоҳи олӣ ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдоронаш мегӯянд, ки Шӯҳрат Қудратовро, ки бо лаҳни тунде аз амалкардҳои ҳукумат интиқод мекард, барои дигарандешиаш ба зиндон андохтаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва аз ҷумла Порлумони Аврупо ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Шӯҳрат Қудратовро аз зиндон озод кунад.

XS
SM
MD
LG