Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз марг. Пайванди аъзои бадани як мард ҷанҷол барангехт. ВИДЕО


Пайванди аъзои бадани Серикболсин Кошербои 23-сола, сокини вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, баъди маргаш ба як бемори дигар баҳси доғеро дар ин минтақа барпо кард. Пизишкон гуфтанд, ин амали онҳо дар доираи қонуне анҷом шуд, ки соли 2009 қабул гардидааст. Бар асоси ин қонун, агар бемор пеш аз марг узвҳои бадани худро барои пайвандсозӣ васият накарда бошад, пизишкон ҳақ доранд, бо истифода аз меъёри “эҳтимоли ризоият” узви ӯро истифода баранд.

Аммо наздикони ин ҷавон аз амали пизишкон ба хашм омада, ҳафтаи гузашта ба додгоҳ шикоят карданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Елҷон Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон, гуфт, “шояд дар он лаҳза миёни пайвандон ва пизишкон якдигарнофаҳмӣ шудааст. Ба ҳар сурат, агар шахс дар ҳолати вазнин бошад, табибон ин амалро пинҳонӣ иҷро намекунанд. Хулосаи пизишкон дар консилум, ки иборат аз чандин мутахассис аст, бароварда мешавад ва пайвандон ҳамеша дар ҷараёни он хоҳанд буд.”

Елҷон Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон (дар байн)
Елҷон Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон (дар байн)

Қазияи Оқтеппа мавзӯи васияти аъзои баданро дар Қазоқистон доғ кардааст. Сокинон аз он нигаронанд, ки бо истифода аз “розигии хомӯшона” бозори сиёҳи тиҷорати аъзои бадан метавонад рушд кунад.

Юрий Пя, ҷарроҳи қалб, ки солҳои тӯлонӣ дар хориҷа кор кардааст, мегӯяд, бояд ҷомеа ин вазъро дарк ва қабул кунад. Ӯ таҷрибаи Туркияро дар самти ба расмиятдарории васияти аъзои бадан мисол овард ва гуфт, “вақте барои шумо шаҳодатномаи ронандагӣ медиҳанд, дар тарафи дигараш навишта шудааст, ки дар сурати марги мағзӣ ман ин ва ё он аъзоямро васият мекунам. Ин ҳаққи шумо аст, ки навиштаҷотро пур мекунед, ё не. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед.”

Дониёр Абдулов, як сокини Қазоқистон аз наздикони нафаре, ки барои пайвандсозии дил барои ӯ иҷозат додаанд, сипосгузор аст. Ӯ кӣ будани онҳо ва дар куҷо зиндагӣ карданашонро намедонад, вале бо нишони миннатдорӣ аз пайдо кардани ҳаёти дубора миёни дӯстону шиносҳояш васият кардани аъзои баданро таблиғ менамояд.

Юрий Пя
Юрий Пя

Ӯ гуфт, “масъалаи донор шуданро пеш аз ҳама бо хонаводаам матраҳ мекунам. Масалан, ба модарам ва дигарон ҳам гуфтам, ки агар мабодо бо ӯ иттифоқе биафтад, аъзои баданро барои наҷоти нафари дигар диҳед.”

Дар муддати 8 соли истифода аз “эҳтимолияти розигӣ” барои пайвандсозии узвҳо, мақомоти тандурустӣ лозим надонистанд, ки миёни ҷомеа корҳои оммавии фаҳмондадиҳиро анҷом бидиҳанд. Дар натиҷа, вакилон ҳоло дар бораи ворид кардани ислоҳот ба ин қонун андеша доранд.

Бахтиҷон Абдураҳим, вакили порлумони Қазоқистон гуфт, “бидуни ризоияти пайвандон – гирифтани аъзои бадани шахси фавтида чандон дуруст нест. Дар ин замина маҳдудиятҳои муайяни мазҳабӣ ва ахлоқӣ вуҷуд доранд. Моро зарур аст, ки ин меъёри қонунро ислоҳ кунем.”

Бекболат Тлеухан, яке дигар аз вакилони порлумон гуфт, аз нигоҳи ӯ ҳамчун шаҳрванд бидуни ризоият гирифтани аъзои бадан қобили қабул нест. “Ҳама медонанд, ки аъзои баданро мешавад фурӯхт. Эҳтимол ҳолатҳое низ пайдо шаванд, ки ба хотири даромад, бемори зиндаро мурда эълон кунанд”, - афзуд ӯ.

Аммо ба бовари ҷарроҳи қалб Юрий Пя, бекор кардани ин меъёр рушди пайвандсозии узвҳоро дар Қазоқистон бозмедорад. Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустии Қазоқистон муътақид аст, ки роҳандозии низоми бимаи ҳатмӣ дар кишвараш метавонад сӯитафоҳум миёни пизишкон ва донори эҳтимолиро аз байн барад.

Ҷарроҳии бомуваффақияти пайвандсозии ҷигар дар кӯдак
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

Ҳар як шаҳрванд ҳангоми дар ҳаёт будан метавонад бигӯяд, ки намехоҳад аъзои баданашро ҳамчун донор истифода шавад. Аммо ин тамсими худро дар куҷо метавонад ба расмият дарорад, маълум нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта дар Қазоқистон хариду фурӯши ғайриқонунии аъзои бадан сабт шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2007 қонун “Дар бораи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-ро қабул кард, ки бар асоси он дар сурати ризоияти наздикони нафари дар ҳоли марг узвҳои ӯ барои табобати беморони дигар истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG