Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Пайванди аъзои бадани эрониҳо ба хориҷиён манъ аст”


Марги як духтари дувоздаҳсолаи афғон дар Эрон, ки ба далели сурат нагирифтани амалиёти пайванди ҷигар аз дунё гузаштааст, мавзӯи пайванди аъзои бадан дар ин кишварро доғ кард.

Ҳасан Қозизодаи Ҳошимӣ, вазири тандурустии Эрон, баъди ин ҳодиса ба хабаргузории “Форс” гуфтааст, бар асоси қонун пайванди аъзои бадани эрониён ба хориҷиҳо “барои ҳифзи ҳурмати сокинони ин кишвар” мамнуъ аст.

Ба қавли Ҳошимӣ, ҳудуди якуним сол пеш Шӯрои олии Ҷумҳурии Исломӣ қонуни марбут ба пайванди аъзои баданро тасвиб кард, ки бар асоси он пайванди андоми эрониён ба шаҳрвандони хориҷӣ мамнуъ аст. Ӯ дар идома бо дифоъ аз ин қонун онро барои ҳифзи ҳурмати эрониҳо лозим донистааст. Вай афзудааст, “хеле зишт аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ иҷоза дошта бошанд, барои пайванди узв ба Эрон биёянд ва андоми эрониҳои эҳтиёҷмандро бихаранд.”

Ба қавли вазири тандурустии Эрон, ин қонун ҷуз чанд кишвар дар ҳамаи ҷои дунё вуҷуд дорад ва давлатҳо маъмулан иҷозаи пайванди шаҳрвандони худ ба атбои хориҷиро намедиҳанд. Ба гуфтаи ин мақоми Ҷумҳурии Исломӣ, қонун танҳо дар мавридҳои изтирорӣ ба вазир иҷоза додааст, ки дар иҷрои он истисно қоил шавад.

Бино ба гузоришҳо, ин қонун дар маҷмуъ ҳамагуна амалиёти пайванди хориҷиҳо дар ҳудуди Эронро ғайриқонунӣ донистааст, ҳарчанд арфоди наздикашон низ розӣ ҳастанд ҷузъе аз бадани худро ба ӯ бидиҳанд. Ин кор дар пайи афзоиши бозори сиёҳи фурӯши аъзои бадан дар Эрон сурат гирифтааст.

Ҳарчанд аз тасвиби қонуни марбут ба пайванди аъзои бадан дар Эрон беш аз як сол мегузарад, вазири беҳдошт дар вокуниш ба гузоришҳои зидду нақиз маҷбур шуд онро шарҳ диҳад. Марги духтари дувоздаҳсолаи афғон Латифа Раҳмонӣ ҳафтаи гузашта дар бемористони “Намозӣ”-и Шероз даргузашт. Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон рӯзи ҷумъаи гузашта аз қавли падари Латифа Раҳмонӣ навишт, ки худдории пизишкон дар Шероз аз анҷоми амали пайванди узв боис ба марги Латифа шудааст.

Латифа Раҳмонӣ ба иллати мушкили ҷигар дар бемористони “Намозӣ”-и Шероз бистарӣ шуда ва бояд аз падараш узв дарёфт мекард. Аммо, ба гуфтаи падари ин духтари афғон, пизишкон ба далели ғайримуҷоз будани Латифа ва хонаводааш аз ин амали ҷарроҳӣ даст кашидаанд.

Дар ҳоле ки хабаргузории “Форс” ва “Тасним” гузоришҳои мушобеҳе аз вазъияти ин духтари афғон ва иллати марги вай мунташир карда буданд, вебсайти “Саломат-онлайн” дар гузорише иллати марги ин духтари афғонро “адами омодагии ҳарду нафар”, яъне падару духтар барои анҷоми ҷарроҳӣ донистааст. Ин вебсайт навиштааст, “ин бемор дар шароити номусоиде барои пайванд қарор дошт ва имкони пайванд аз ҷасад низ барои ӯ вуҷуд надошт”.

Ин нуктае аст, ки вазири тандурустии Эрон низ рӯзи сешанбе ёдовар шуда ва гуфтааст, бемор ба ҳеҷ ваҷҳ ба хотири набуди узв фавт накардааст ва қарор буд, ки падари вай бахше аз ҷигари худро барои Латифа бидиҳад, ки “мутаассифона, замони кофӣ вуҷуд надошт ва кӯдак фавт кард”.

XS
SM
MD
LG