Ҷамолиддин Хомӯшов, сардори бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 11-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ин масъала муддати чанде дар Шӯрои уламо мавриди баррасӣ қарор дошт ва намояндагони бахши фатво ба ин натиҷа расиданд, ки аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ, фурӯхтани аъзои бадан ва ё ба нафари дигар додани аъзои бадан ва ё қочоқи он, ҷоиз нест.
Ҷаноби Хомӯшов гуфт: «Инсонро аз нигоҳи шариат фурӯхтан ҳаром аст. Аз ин рӯ ягон узви онро низ фурӯхтан ҳаром шумурда шуда аст. Аммо вақте агар як шахсияти барои ҷомеа зарур бошаду вай зарурат ба ягон узвро дошта бошад, шахс метавонад узвашро ба вай туҳфа кунад. Агар ин тавр набошад, фурӯхтан, ҳатто ҳадя кардани узви бадан ба каси дигар аз нигоҳи мазҳаби Ҳанафӣ ҷоиз нест.»
Ҷаноби Хомӯшов афзуд, ки ин масъала зарфиятҳои хос дорад, агар дар сурате, ки нафаре мехоҳад, масалан, як гурдаи худро ба нафари бемор ҳадя кунад ва саломатии соҳиби гурда зери хатар наравад, дар он сурат мумкин аст ва дар ҳолатҳои дигар ин амалро мазҳаби Ҳанафи ғайришаръӣ ва гуноҳи азим медонад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамасола беш аз 100 сокини кишвар ба ивазнамудани гурда эҳтиёҷ пайдо мекунад, лекин аз ин шумора танҳо 20 дар сад имкони дар хориҷ рафта бо қимати аз 20 то 40 ҳазор доллар иваз кардани гурдаи худро дорад.
Ашуралӣ Достиев, раҳбари маркази милливу илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, дар Тоҷикистон қонун дар мавриди иваз кардани узви бадан аз нафари дигар қабул карда шудааст: «Дар ин маврид Ҷаноби олӣ қонун имзо кардагӣ ҳастанд. Лекин мо бояд ҷамъиятро барои фаҳму дарк кардани моҳияти ин қонун бояд омода созем.»
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи трансплантатсияи узвҳо ва ё бофтаҳои инсон» ҳанӯз соли 2007 қабул шудааст, аммо мувофиқи он узви бадани хешро ба нафари дигар танҳо афроди ба ҳам пайванди хешовандӣ ва ё генетикӣ дошта метавонанд бидиҳад. Ин қонун ҳамчунин пайванд кардани узвҳои бадани ҷасади беҷонро ба нафари дигар иҷоза медиҳад, банде, ки бо он низ рӯҳониёни тоҷик мухолифат доранд.
Қонуни мазкур мамнӯъ ва ё ҷоиз будани хариду фурӯши узвҳои баданро муқарар накардааст, аммо танҳо насби узви хешовандонро ба якдигар иҷоза додааст. Он ҳам ба шарте, ки эътои узви бадан ба саломатии шахси донор зарари марговар надошта бошад. Ҳамон гуна, ки масъулони Шӯрои уламои Тоҷикистон низ ба ин зарурат таъкид мекунанд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Тоҷикистон дар мавриди иваз кардани узвҳои бадан ба хотири ниёзмандиҳои мардумро зарур мешуморад. Дар Тоҷикистон дар Маркази миллии пайвандсозӣ, борҳо амалиёти иваз намудани гурда анҷом дода шудааст, вале беморон гурдаҳоро аз пайвандонашон дарёфт кардаанд.
Аммо Тоҷикистон як кишвари дунявист ва бар пояи қонунҳои ҷории кишвар қочоқи узвҳои бадани инсон мамнуъ аст. Вале ҳоло то куҷо фатвои Шӯрои уламо метавонад муассир бошад ва мардумро аз фурӯхтани аъзои бадан ва ё додани он ба нафари дигар ва ё ба шахси бемор боз дорад, дар маҳофили Тоҷикистон баҳси зиёдеро барангехтааст.
Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳлилии «Шарқ» дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" дар ин робита аст, «ин ки Шӯрои уламо чунин фатво содир карда аст, эҳтимол бар асоси ягон аҳкоми шариат ва муқаррароти мазҳаб сурат гирифтааст. Вале дар кишвари мо, ки дунявӣ аст, ин фатво танҳо хислати машваратӣ дошта метавонад. Аммо вақте, ки духтурон ба як нафар гӯянд, ки ягона роҳи наҷоташ насби узви дигар аст, албатта ин фатво пеши роҳи ӯро намегирад.»
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Олимов афзуд бо ин ки Шӯрои уламо як ниҳоди ҷамъиятист, аммо кормандонаш аз будҷаи давлат маош мегиранд. Аз ин рӯ ба таъкиди вай, ин ҳолат мухолифи қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки мувофиқи он «дин аз давлат ҷудо» эълон карда шудааст.